Главная / Илм / ГАЗНАИ САГАК

ГАЗНАИ САГАК

gaznai-sagakГАЗНАИ САГАК (Leonurus turkestanicus), пустирник, гиёхест бисёрсола. Аз 70 то 200 см кад мекашад. Пояи сершох, барги мудаввар ё байзашакли чокдор, гули гулобии паст дорад; июл – сент. гул мекунад. Дар минтакахои бешазори пахнбарг, арчазор, алафзори нимсаванна, дашт, шибогзор ва г. меруяд. Дар вохаи д. Сир, Зарафшон, Хисору Дарвоз ва Точикистони Шарки (дар баландии 1100 – 3500 м аз с.б.) вомехурад.
Бо максади табобат факат навдахои гулдори растаниро мегундоранд (дарозиашон 30 – 40 см); дар чои соя ва шамолрас хушкондан лозим. Онро метавон то 3 сол нигох дошт.
Табибони халки Г. с.-ро барои муоличаи бисёр беморихо тавсия медиханд. Чой ё накеъи баргу пояи он хангоми заъфи системаи асаб, галаёни хун, чунун, саръ (эпилепсия), беморихои меъдаву руда, амрози занона ва чун воситаи хобовар, рафъи илтихоб, араковар, исхоловар истифода мегардад. Бо ин максад 1 чумча баргу пояи майда резакардаи онро дар як истакон оби чушомада 20 дакика нигох медоранд; баъд онро полида, хар руз 2 маротиба пеш аз хурок як чумча истеъмол менамоянд.
Дорухое, ки аз алафи Г. с. тахия карда шудаанд, дар бисёр мамлакатхо истифода мегарданд. Табибони румини бо онхо саръ, бемории Базедов ва амрози дилу рагхоро муолича мекунанд. Он дар Англия барои табобати гашён (истерия), невралгия, заъфи дил ва дамкутохи кор фармуда мешавад. Духтурони чумхурии мо накеъи Г. с. (2 кошукча алафи он дар як истакон об)-ро чун давои таскинбахш хангоми ангезишпазирии асабхо, невроз, бемории гипертония таъин мекунанд; онро рузе 3 маротиба яккошуки ошомидан лозим аст. Чойи алаф ва решаи Г. с. давои хуби оромсозандаи асабхост.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …