ГАЛАЗОЛИН, як навъ дору. Ба гурӯҳи ҳосилаҳои имидазолин мансуб аст. Ҳангоми истифодаи мавзеӣ боиси танг шудани рагҳои хун, гаштани варам ва сурхии луобпардаҳои ҳалқубини мешавад. Г. роҳи биниро кушода, фаъолияти найи евстахиевро барқарор месозад. Таъсири дору баъди 5 – 10 дақ. оғоз ва 5 – 6 соат идома меёбад. Г.-ро дар мавриди ринити шадид, синусит, евстахиит, отити миёна кор мефармоянд. Онро рӯзе аз 3 маротиба зиёд истифода бурдан ҷоиз нест. Даври муолиҷа 3 – 5 рӯзро дарбар мегирад. Г.-ро дар шакли чакра ва гел истеҳсол менамоянд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …