Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ ЛУОБ

ҒАДУДҲОИ ЛУОБ

gadudhoi-luobҒАДУДҲОИ ЛУОБ, ғадудҳое, ки луоби махсус хориҷ мекунанд. Луоб луобпардаҳоро аз хушкидан нигоҳ медорад, аз таъсироти физикӣ ва химиявӣ ҳифз мекунад. Усораи Ғ. л. дорои мутсин, ферментҳои ҳозима, моддаҳои муҳофиз ва баъзе моддаҳои табиаташон гормонӣ мебошад; он метавонад зарраҳои чангу микроорганизмҳоро ҷаббида гирад. Вобаста ба сохт ва намуд Ғ. л. якҳуҷайра ва серҳуҷайра мешаванд. Ғ. л.-и якҳуҷайра дар қабати эпителия ҷой гирифта, аз ҳуҷайраҳои ҷомшакл таркиб ёфтаанд. Ғ. л.-и серҳуҷайра дар бофтаҳои пайвандӣ дар зери эпителия маскан доранд; маҳсули онҳо ба тавассути маҷро ихроҷ мешавад. Баста шудани маҷрои Ғ. л. метавонад боиси инкишофи кистаи таваққуфӣ гардад. Ниг. низ Ғадудҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …