Главная / Гуногун / Дуои исми аъзам

Дуои исми аъзам

Ҳазрати Асмоа бинти Язид (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ, (с) иршод фармуданд: «Исми аъзам дар ин ду оят аст:
«Ва Илоҳукум Илоҳув-Воҳидун, ло илоҳа илло Ҳува-р- Раҳмону-р-Раҳим».[1]
Ва ояти нахустини сураи Оли Имрон: «Алиф лом мим, Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л- Қайюм».[2]

Видео -аудио


*           *             *          *            *

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Мо бо Расулуллоҳ (с) дар як ҳалқа нишаста будем ва як шахс намоз мехонд, вақте ки аз рукуъу суҷуд ва ташаҳҳуд фориғ шуд, дар дуо чунин гуфт:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма инни асъалука би анна Лака-л-ҳамду, ло илоҳа илло Анта Бадеъу-с-самовоти ва-л-арзи, ё За-л-ҷалоли ва-л-икроми, с Ҳайю, ё Қайюм.[3]

Тарҷума: Эй Аллоҳ, ман аз Ту ба воситаи ҳамду ситоиши Ту саволе мекунам, ба ҷуз Ту маъбуде нест, бидун аз номуна осмонҳову заминро офаридаӣ, эй Молики азамату ҷалол ва инъому эҳсон, эй ҳамеша Зиндаву Қоим, Нигаҳдорандаи ҳама.

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ин шахс бо исми аъзами Худои таоло дуо кард. Ҳар гоҳ ба воситаи он дуо талаб карда шавад, Худои таоло он дуоро қабул мефармояд ва ҳар гоҳ савол карда шавад, Худои таоло ато мефармояд».[4]

*           *             *          *            *

Ҳазрати Саъд ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Оё ман ба шумоён исми аъзами Худои таолоро нишон надиҳам, ки ҳар гоҳ ба василаи он дуо карда шавад, қабул мефармояд ва агар савол карда шавад, ато мефармояд? Он дуоест, ки ба василаи он Юнус (а) Худои таолоро дар се торикӣ садо зад.

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ло илоҳа илло Анта Субҳонака иннӣ кунту мина-з-золимин».[5]

Тарҷума: Бор Илоҳо, ыуз Ту дигар маъбуде нест. Ту Поку муцаддас ҳастӣ, ман аз ситамгорон ҳастам.

Шахсе аз Расулуллоҳ (с) пурсид, ки:

  • Эй Расулаллоҳ (с), оё ин дуо ва фазилати он махсуси Юнус (а) аст, ё барои умуми аҳли имон?

Он Ҳазрат (с) иршод фармуданд:

  • Оё шумо иршоди мубораки Худои таолоро нашунидед, ки: «Ва наҷҷайноҳу мина-л-ғамми ва казолика нунҷи-л-муъминин».[6]

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ҳар мусалмоне ин дуоро дар беморӣ чиҳил бор бихонад, агар дар ин беморӣ вафот кунад, ба ӯ савоби шаҳид мерасад ва агар аз ин беморӣ шифо ҳосил кард, пас, ҳамроҳ бо шифо ёфтан ҳамаи гуноҳони ӯ омурзида хоҳад шуд».[7]

[1] Сураи Бақара, ояти 163.

[2] Ин ҳадисро Имом Тирмизй ривоят кардааст.

[3] Мустадрики Ҳоким.

[4]«Ал-аҳодису-л-мунтахаб».

[5] Сураи Анбиё, ояти 87.

[6] Ва ӯро аз ғам наҷот додем ва аҳли имонро низ ҳамин гуна наҷот медиҳем.

[7] “Ал-аҳодису-л-мунтахаб”.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

farishta

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба …