Главная / Илм / ДУБИНӣ

ДУБИНӣ

diplopiyaДУБИНӣ, диплопия, нуқси чашм, ки дар мавриди он бинобар майл кардани тири босираи яке аз чашмҳо ашё ба назар дуто менамояд. Сабабҳои Д. гуногун мебошанд, мас., осеби мушакҳои чашм, халал ёфтани бо асаб таъмин гаштани онҳо, бемориҳои сатҳи устухон ё ҷавфи чашм (боиси ҷой иваз кардани ғӯзаи чашм мешаванд) ва ғ. Д. баъзан дар натиҷаи осеби танаи мағзи сар, ки бар асари заҳролудӣ, сирояти микробҳо ва омос пайдо мешавад, ба вуҷуд меояд. Барои муолиҷаи Д. сабаби онро рафъ намудан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …