ДИСПАНСЕР (Dispensarium; аз франс. dispensaire – таксим мекунам), дармонгох, муассисаи махсуси тибби, ки ба гурухи муайяни ахоли ё беморон ёрии табобатию чилавгиранда мерасонад. Д.-хои зидди беморихои сил, беморихои пусту узвхои таносул, омосшиноси (онкологи), рухию асаб, кардиологи ва г. мавчуданд. Д.-хое низ хастанд, ки шахсони бо варзиши чисмони ва спорт машгулро муоина мекунанд.
Вазифаи Д. аз ошкор намудан, ба кайд гирифтан, табобат ва муоина кардани беморони гирифтори амрози дахлдор ё хайати муайяни одамони солим, омузиш ва бехтар намудани шароити мехнату зиндагии онхо, маорифи санитари, инчунин дарёфти тадбирхо барои мубориза бо беморихое, ки мавриди тахкики хамон Д.-анд, иборат аст. Д.-хои гуногун дар баробари максадхои умуми чихатхои хос хам доранд. Чунончи, Д.-и зидди сил муоинаи мунтазами флюорографии ахолиро ташкил мекунад (ниг. Флюорография), шахсони бо беморони сил алока доштаро ба кайд мегирад; Д.-и беморихои рухию асаби экспертизаи психиатри мегузаронад; Д.-и пизишкии варзиши назорати духтуриро ба амал мебарорад.
Д. аз кабинетхои кабули амбулатори, лабораторияхои ташхиси клиники ва дигар лабораторияхои махсус, кабинетхои ташкилию методи иборат аст. Бисёр Д.-хо статсионар доранд.
Дар Д.-и зидди сил утокхои зерин дар назар дошта мешаванд: муоличави, педиатри, оториноларингологи, рентген, сили устухон, пневмоторакс, физиотерапевти, лабораторияи ташхиси, тазрикгох. Дар назди Д.- хои калон санатория-профилакторияхо низ фаъолият мекунанд.
Д.-и омосшиноси доир ба тахассусхои гуногун утокхои алохида, мас., утокхои ташхисоти рентгени, рентгеншифои, бандинагузори, чаррохи (барои гирифтани биопсия), лабораторияхо ва г. дорад.
Дар Д.-хои амрози пуст ва зухрави дар баробари утокхои кабули маризон, хамчунин утокхои рентгеншифои ва микологи, лабораторияхои ташхисоти ва серологи мавчуд мебошанд.
Дар Д.-хо барои хар наф. маризе, ки ба кайди диспансери гирифта шудааст, варакахои махсус тартиб дода, дар онхо тамоми маълумоти заруриро дарч мекунанд.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …