Главная / Илм / ДИАБЕТИ ҚАНДӣ

ДИАБЕТИ ҚАНДӣ

diabetes-mellitusДИАБЕТИ ҚАНДӣ (Diabetes mellitus), касалии қанд, қандпешобӣ, бемории ғадудҳои дохилӣ, ки ҳангоми он аз сабаби дар организм нарасидани гормони ғадуди зери меъда – инсулин мубодилаи моддаҳо халал меёбад. Тибқи маълумоти омории Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ миқдори беморони гирифтори Д. қ. дар тамоми кураи замин 159 млн. нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар байни кӯдакон ба 15 млн. наф. расидааст.
Дар ҷумҳурии мо тақр. 0,2 – 0, 3% аҳолӣ ба ин беморӣ гирифтор аст. Бинобар ин, Д. қ.-ро муаммои аср низ меноманд, зеро он баъди бемориҳои дилу рагҳо ва саратон дар ҷои сеюм меистад. Ҳар 10 – 15 сол миқдори ин беморӣ ду маротиба зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон Д. қ. нафақат мушкилоти тиб, балки мушкилоти иҷтимоӣ низ гаштааст.
Д. қ. навъи I (инсулинӣ: ҳуҷайраҳои махсус онро кам ҳосил мекунанд) ва навъи II (ғайриинсулинӣ: дар сурати суст шудани фаъолияти инсулин, афзудани таҷзияи он, зиёд гаштани талаботи бофтаҳо ба инсулин ва ғ. рух менамояд) мешавад.
Дар пайдоиши Д. қ. ирсият мавқеи муҳим дорад. Пурхӯрӣ, ҳамчунин аз ҳад зиёд истеъмол кардани ангиштоби зудҳазм низ боиси инкишофи Д. қ. мешавад. Қанди хун ангезандаи асосии ҳуҷайраҳое мебошад, ки инсулинро синтез мекунанд. Доимӣ баланд будани миқдори қанди хун (дар аснои пурхурӣ) боиси суст шудани фаъолияти ҳуҷайраҳои мазкур мегардад. Баъзан иллатҳои гуногуни ғадуди зери меъда (ниг. Панкреатит) низ метавонанд сабаби Д. қ. шаванд. Д. қ. баъди ҳолатҳои сахти асабиву рӯҳӣ ва бемориҳои сироятӣ низ инкишоф меёбад. Бинобар норасоии инсулин ҷигар ва мушакҳо қобилияти ба гликоген табдил додани қандро аз даст медиҳанд. Аз ин сабаб бофтаҳо қандро таҷзия (оксид) намекунанд ва онро ҳамчун манбаи энергия истифода намебаранд. Дар натиҷа миқдори қанд дар таркиби хун афзуда (гипергликемия), ихроҷи он тавассути пешоб зиёд мешавад (гликозурия). Беморон зуд-зуд ташна мемонанд, бисёр пешоб (дар як шаборӯз то 6 л ва зиёдтар) мекунанд. Вазни хоси пешоб аз сабаби қанд доштан зиёд аст. Маризон аз хориши пӯст (хусусан пӯсти атрофи мақъад) азият мекашанд. Яке аз аломатҳои хоси Д. қ. пайдоиши бемориҳои римноки пӯст аст; фаъолияти узвҳои таносул низ халал меёбад. Дар натиҷаи табобати нодуруст аҳволи бемор вазнин шуда, аз сабаби иллат ёфтани асабҳои канорӣ дарди дасту пой авҷ мегирад. Ихтилоли босира (бинобар тағйироти хунрагҳои шабакияи чашм) ва осеби бофтаҳои гурда оризаҳои ногувору вазнини Д. қ. мебошанд. Д. қ. ба инкишофи атеросклероз мусоидат мекунад.
Дар сурати пурра табобат накардани беморӣ ихтилоли мубодилаи моддаҳо авҷ гирифта, дар хун маҳсули равғани оксиднашуда, яъне пайвастҳои кетонӣ ҷамъ мешаванд (онҳо боиси заҳролудии организм мегарданд). Бемор тадриҷан камиштиҳо ва бемадор гашта, мудом ташна мемонад, пӯсту луобпардаҳо хушк ва миқдори пешоб зиёд мешавад, аъзои бадан мехорад. Эҳтимол дилбеҳузурӣ ва қай низ рух намоянд; аз даҳон бӯи атсетон меояд. Беҳолию хоболудӣ ба беҳушӣ мубаддал гашта, оқибат оризаи вазнинтарини Д. қ. – кома (иғмо)-и диабетӣ сар мезанад. Дар сурати бад шудани аҳволи бемор бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард. Духтур беморро зери назорати доимӣ гирифта, табобат мекунад. Ашхоси ба тозагӣ беморшударо барои муоинаи муфассал ва интихоби тарзи табобат дар беморхона мехобонанд. Парҳез, тазриқи инсулин ва доруҳое, ки миқдори қандро кам мекунанд, воситаҳои асосии табобат мебошанд. Мақсади муолиҷа мӯътадил гардондани ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организм, кам кардани миқдори қанди хун ва пешоб аст.
Дар аснои интихоби воситаи муолиҷа духтур навъи беморӣ, вазнинии ҷараён ва боди ногувори онро ба назар мегирад. Чунончи, зимни Д. қ.-и ирсӣ, ки ба он аксар ҷавонон гирифтор мешаванд, организм инсулинро мутлақо кам ҳосил мекунад. Дар чунин ҳолатҳо бо мақсади ҷуброни норасоии он ба организм инсулин мефиристанд. Ҳангоми Д. қ. одамони солхӯрдаи фарбеҳ барои пурра кардани миқдори инсулини организм бояд парҳез ва аз доруҳои қандфарор истифода намоянд.
Парҳези беморони диабети қандӣ. Дар вақти табобати ҳама навъҳои Д. қ. парҳез зарур аст. Парҳез ҳангоми Д. қ.-и навъи I ва II аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳангоми тавсияи парҳез ба беморони Д. қ.-и навъи I ба калорияи ғизо диққат медиҳанд (яъне истеъмоли қариб тамоми ғизоҳо раво аст). Ба беморони Д. қ.-и навъи II, ки бисёр вақт онҳо одамони фарбеҳ мебошанд, ғизоҳои камкалория тавсия карда мешавад. Бемор бояд дарк кунад, ки кадом ғизо ва бо кадом суръат миқдори қанди хунро баланд менамояд.
Таркиби ғизо аз сафеда, чарбҳо, карбогидратҳо, моддаҳои минералӣ ва витаминҳо иборат аст.
Сафедаҳо ҳамчун масолеҳи сохтмон барои бунёди ҳуҷайраҳои организм хизмат мекунанд. Онҳо аз аминокислотаҳо иборат мебошанд. Сафедаҳои ғизо ба организм ворид гашта, барои таҳияи ҳуҷайраҳои мушак, пӯст, узвҳои дохилӣ, хун ва ғ. истифода мешаванд. Сафедаҳои ҳайвонӣ хусусан дар таркиби тухм, маводи ширӣ, гӯшт, моҳӣ бисёранд. Сафедаҳои наботӣ дар таркиби растаниҳои лубиёӣ, наск, нахӯд, мош, ҷуворимакка ва занбӯруғҳо вуҷуд доранд.
Чарбҳо (липидҳо) ба ҷисм неру мебахшанд, онҳо манбаи гормонҳо ва витаминҳо мебошанд. 1 г чарб 9 ккал неру дорад. Ғизоҳои дорои чарбуи ҳайвонӣ ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд: ғизоҳое, ки чарби аён доранд (равған, маргарин, чарбу); ғизоҳое, ки чарби ноаён доранд (гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ); ғизоҳое, ки равғани наботии аён доранд (равғани пахта, офтобпараст, ҷуворимакка, зайтун ва ғ.); ғизоҳое, ки равғани наботии ноаён доранд (донаи офтобпараст, чормағз, бодом, писта). Барои беморони Д. қ. хоса истеъмоли равғани растанӣ муфид аст (холестерини кам дорад).
Карбогидратҳо сарчашмаи нерӯ мебошанд (1 г қанд 4 ккал нерӯ дорад). Онҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: оддӣ (моносахаридҳо ва дисахаридҳо), мас., глюкоза, фруктоза, сахароза, лактоза ва малтоза; мураккаб (полисахаридҳо), мас., крахмал, гликоген ва клетчатка. Глюкоза дар таркиби ангур, шарбати ангур ва асал вуҷуд дорад. Фруктоза дар таркиби себ, афлесун, шафтолу, тарбуз, инчунин меваҳои хушк, шарбатҳо, асал ва нӯшокиҳо мавҷуд аст. Сахароза дар шакли холис ҳамчун қанд (шакар) ва дар таркиби маҳсулоти қаннодӣ, орд, шарбатҳо ва мураббоҳои гуногун ҷой дорад. Крахмал ба ғайр аз ҳолати холис, ҳамчунин дар таркиби маҳсулоти ордӣ, макаронӣ ва картошка мавҷуд аст. Гликоген дар ҷигар ҳосил мешавад. Клетчатка дар ҳуҷайраҳои растанӣ, маҳсулоти ғаллагӣ, меваҳо ва сабзавот дучор меояд.
Барои беморони Д. қ. маводи хӯрокиро ба се қисм тақсим мекунанд: 1) ғизоҳое, ки онҳоро метавон тановул намуд, вале қабл аз ин онҳоро барои назорати миқдор ба воҳиди нон (ВН) баргардондан лозим аст; 2) ғизоҳое, ки ба воҳиди нон гардондани онҳо шарт нест (мувофиқи хоҳиш метавон тановул намуд); 3) ғизоҳое, ки дар мавриди зарурат истеъмол мешаванд (мас., дар ҳолати паст шудани миқдори қанди хун).
Воҳиди нон барои арзёбии миқдори карбогидратҳо истифода мешавад; як ВН ба 12 г қанд ё 25 г нон баробар аст.
Ба гурӯҳи шириниҳо қанд, асал, шарбатҳои гуногун, мураббо, компот, маҳсулоти қаннодӣ (торт, кулчақанд, печени, яхмос, ҳамаи намуди конфетҳо), ангур, харбуза ва ғ. дохил мешаванд. Шириниҳо қанди хунро зуд баланд мекунанд. Бинобар ин истеъмоли онҳо барои беморони Д. қ. зарар дорад.
Ба маводи ордӣ ва ярма дар навбати аввал нони сиёҳ мансуб аст. Зеро нони сафед зуд ҳазм шуда, қанди хунро баланд мекунад. Агар буханкаи нони сиёҳ тақр. ба ғафсии 1 см бурида ва ба ду ҳисса тақсим карда шавад, тақр. 25 г-ро ташкил медиҳад. Ҳамин бурида 1 ВН аст. Ба ин гурӯҳ ярмаҳои марҷумак, биринҷ, гандум, ҷав дохил мешаванд, ки истеъмоли онҳо барои беморон равост.
Мева аз ҷумлаи ғизоҳои маъмул буда, қанди он тез ҷаббида мешавад. Агар меваро мувофиқи ВН ҳисоб бикунем, пас истеъмоли он ҷоиз аст. Ҳангоми Д. қ. истеъмоли ангур, анҷир, харбуза, банан, ананас, хурмо, мавиз ва ғӯлинг хеле маҳдуд карда мешавад. Беморон бояд ба қадри зарурӣ себ, нок, ситрусиҳо, тарбуз, зардолу, шафтолу, олу, анор, олуболу, гелос, қулфинай, қот, зирк, ангат истеъмол намоянд. Шарбати меваҳоро фақат барои бартараф сохтани гипогликемия истифода мебаранд.
Карбогидратҳо хусусан дар таркиби картошка бисёр мебошанд. Барои ҳамин, миқдори онҳоро ба ВН гардонида, сипас истеъмол кардан лозим аст. Як дона картошкаи андозааш миёна ба 1 ВН баробар мебошад. Ба беморони Д. қ. истеъмоли тамоми намудҳои карам, сабзӣ, шалғам, шалғамча, помидор, бодиринг, каду, боимҷон, лаблабу, пиёзи кабуд ва бехпиёз, торон, кабудӣ (шибит, гашниҷ), занбӯруғҳо ва ғ. ҷоиз аст.
Маҳсулоти ширӣ (шир, саршир, ҷурғот ва ғ.) низ аз рӯи ВН ҳисоб карда мешавад (1 истакон=1 ВН). Қаймоқ, творог, равғани маска ва панир миқдори қандро зиёд намекунанд.
Маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ дар ҳолати бирён ё дампаз қандро баланд намесозанд. Ба ҳасиб ва ҳасибчаҳо крахмал, ба қиммакабоб нону картошка, ба тухмбирён (омлет) орд ҳамроҳ карда мешавад. Бинобар ин аз истеъмоли онҳо бояд худдорӣ кард.

Миқдори маводе, ки ба 1 ВН баробар аст
(истеъмоли ҳамин миқдори мавод ба беморон равост)

Шириниҳо
Шакар 1 қошуқ
Қанд 2,5 пора (12 г)
Асал 1 қошуқ
Квас 1 истакон (200 мл)
Лимонад ¾ истакон (70 мл)
Шарбати себ камтар аз 1/3 истакон (70 мл)
Шарбати ангур ½ истакон (100 мл)

Маводи ордӣ, ярма ва маҳсулоти гӯштӣ бо иловаи нон ва крахмал

Нон, кулча 1 бурида (12 г)
Крахмал 1 қошуқ
Орд 1 қошуқ
Хамири нопухтаи варақӣ 35 г
Самбусаи гӯштӣ 25 г
Нони хушк 20 г
Печении парҳезӣ 3 дона
Нони қоқи кӯфта 1 қошуқ (15 г)
Чалпаки тунук (блини) 1 донаи калон
Чалпаки ғафс (алади) 1 донаи миёна
Тушбераи мевагӣ 2 дона
Тушбераи гӯштӣ 4 дона
Ярма (аз ғаллаи дилхоҳ) 2 қошуқ
Оши бурида, оши туппа (макаронҳо) 1,5 қошуқ
Гӯшти қимма (котлетҳо) 1 донаи миёна
Ҳасиби обпаз, ҳасибча 150 – 200 г

Меваю буттамева

Себ 1 донаи миёна (100 г)
Нок 1 донаи миёна (90 г)
Банан ½ дона (90 г)
Афлесун 1 донаи миёна (170 г)
Мандарин 3 донаи майда (170 г)
Тарбуз 400 г бо пӯсташ
Харбуза 300 г бо пӯсташ
Зардолу 3 донаи миёна (110 г)
Олу 4 донаи миёна (100 г)
Олуи сурх 3 донаи миёна (80 г)
Ананас 90 г бо пӯсташ
Анор 1 донаи калон (200 г)
Хурмо 1 донаи миёна (80 г)
Манго 80 г
Киви 150 г
Олуча, гелос 15 донаи калон (100 г)
Ғӯлинг, олуи хушк, мавиз 20 г
Буттамеваҳо (қулфинай,
тути заминӣ, марминҷон,
қот, тамашк) 1 пиёла (150 г)

Сабзавот

Картошка 1 донаи миёна
Кӯфтаи картошкагӣ 1,5 қошуқ
Картошкабирён 2 қошуқ (12 буридача)
Картошкабирёни хушк (чипси) 25 г
Лӯбиё 5 қошуқ
Ҷуворимакка ½ сарак
Мушунг 110 г (7 қошуқ)
Сабзавоти дигар (карам, лаблабу,
сабзӣ, турб, шалғам, шалғамча, помидор,
бодиринг, каду, пиёз, чукрӣ, кабудӣ) Ба ҳисоб гирифта намешавад
Соя, равғани растанӣ Ба ҳисоб гирифта намешавад
Чормағз, донаи офтобпараст (мағзи
вазнаш на кам аз 59 г) Ба ҳисоб гирифта намешавад

Маводи ширӣ

Шир, ҷурғот, саршири равғаннокиаш гуногун 1 истакон
Кулчаи панирӣ 1 донаи миёна
Яхмос 65 г

Нӯшокиҳо

Шарбати афлесун ½ истакон (100 г)
Пивои парҳезӣ 1 истакон (200 г)
Қаҳва, чойи бе қанд Ба ҳисоб гирифта намешавад

Хӯрок бояд витаминҳои С ва гурӯҳи В дошта бошад. Таомро рӯзе 4 – 5 маротиба хӯрдан лозим; ба наҳорӣ 25%, ба наҳории 2-юм 10%, ба хӯроки нисфирӯзӣ 35%, ба хӯроки бегоҳ 10% ва ба хӯроки шом 20%-и калорияи шаборӯзии хӯрок бояд рост ояд. Саноати хӯрокворӣ барои беморони гирифтори Д. қ. парҳезонаи махсус истеҳсол мекунад, ки ангиштоби зудҳазм надорад (мас., нон, ҳасиб ва конфетҳои диабетие, ки аз ксилит ё сорбит тайёр мекунанд). Инсулин воситаи асосии табобати Д. қ. (ғайр аз ҷараёни сабуки он) аст. Таъсири препаратҳои инсулин аз 6 – 8 соат то 30 – 36 соат давом мекунад. Навъи инсулин ва вояи онро духтур муқаррар менамояд. Барои табобати Д. қ. бояд худи бемор фаъол бошад; бемор ё ягон хеши наздики ӯ аз корманди тиб усули тазриқи инсулинро меомӯзад. Мавриди сӯзандору кардан, қоидаҳои антисептика ва асептика бояд риоя шаванд. Инсулинро 10 – 20 дақ. пеш аз таом тазриқ мекунанд. Давомот ва мӯҳлати таъсири инсулинро ба назар гирифта, низоми истеъмоли таомро тартиб медиҳанд. Танҳо духтур тарзи табобати таъиншуда ва вояи инсулинро метавонад тағйир диҳад. Мариз бояд парҳез ва режими таъинкардаи духтурро риоя карда, ба муоинаи лабораторӣ ҳозир шавад.
Мавриди тазриқи инсулин (хусусан ҳангоми вайрон кардани тартиби ғизо) мумкин аст, ки миқдори қанди хун аз ҳад кам шуда, гипогликемия сар занад. Дар чунин ҳолат бемор нохост беҳол ва сахт гурусна шуда, арақ мекунад, дилаш мезанад; дар ӯ аломати тарс ва баъзан дарди сар, ларзиши бадан, таҳайюҷ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳол бемор бояд 3 – 5-дона қанд хӯрад ё қандчой нӯшад. Ин тадбир инкишофи иғмои гипогликемиявиро пешгирӣ мекунад. Шахси гирифтори Д. қ., ки инсулин (хусусан инсулини таъсираш тӯлонӣ) қабул мекунад, бояд доимо ҳамроҳ қанд гирифта гардад. Бемор бояд дар кисса хатчае дошта бошад, ки дар он оид ба беморӣ ва миқдори қабули инсулин маълумот диҳад; ин ба кормандони тиб барои сари вақт ва дуруст ёрӣ расонидан кӯмак менамояд. Дар аснои ба амал омадани гипогликемия бемор бояд ҳатман барои аниқ кардани тарзи табобат ба духтур муроҷиат кунад. Барои муолиҷаи Д. қ. доруҳоеро низ истифода мебаранд, ки онҳо ба ҳосил шудан ва таъсири инсулин тақвият мебахшанд. Чунин доруҳоро зери мушоҳидаи доимии духтур ва назорати лабораторӣ кор мефармоянд. Дар баъзе мавридҳо ҷараёни беморӣ ва пайдо шудани боди ногувор талаб мекунад, ки тарзи табобатро тағйир диҳанд, яъне ба бемор муваққатӣ ё доимӣ бар ивази таблетка (қурс) инсулин фиристанд. Ҳамаи беморони гирифтори Д. қ.-ро аз рӯи ҷои истиқомат зери назорати тиббӣ мегиранд. Ба беморон доруҳои заруриро бепул медиҳанд. Дар ҳолати сабук будани беморӣ бо тавсияи духтур табобати курортию санаторӣ, варзиши шифоӣ, оббозӣ, пиёдагардӣ, лижатозӣ мувофиқи мақсад аст.
Диабети қандӣ дар кӯдакон. Инсулин барои сабзиши кӯдак аҳамияти ниҳоят калон дорад. Бинобар ин дар давраи инкишофи кӯдакон дар 4 – 6 ва 8 – 12-солагӣ, ҳамчунин дар давраи инкишофи ҷинсии онҳо, ки организм ба ғизо талаботи бештар дорад, Д. қ. бисёр ба мушоҳида мерасад. Сабаби Д. қ. дар кӯдакон низ гуногун мебошад, мас., сахт тарсидан, лат хӯрдани майна ва шикам, амрози сироятӣ, фарбеҳӣ ва ғ. Д. қ. дар кӯдакони навзод низ ба вуҷуд меояд. Кӯдаки бемор пистони модарро ҳарисона мемакад, ҳол он ки торафт харобу лоғар мешавад; ӯ ноором буда, зуд-зуд пешоб мекунад, парпечаш баъди хушк шудан, мисли оҳарӣ (крахмалхӯрда) аст. Дар кӯдакон, одатан, Д. қ.-и навъи I (инсулинӣ) ба назар мерасад. Бинобар ин онҳо бояд рӯзе 3 маротиба инсулин қабул кунанд (бо сӯзандору). Муаллимон бояд вазъи кӯдаки беморро донанд ва ба хӯрок хӯрдани ӯ (ҳатто дар вақти дарс) монеъ нашаванд.
Барои пешгирии Д. қ. аз пурхӯрӣ ва суиистеъмоли ширинӣ худдорӣ карда, вазни муқаррарии баданро нигоҳ доштан, газаки роҳҳои талха ва ғадуди зери меъдаро саривақт табобат кардан лозим аст. Дар мавриди тамоюли ирсӣ ба Д. қ. доштан, бо мақсади сари вақт ошкор сохтани аломатҳои аввалини ихтилоли мубодила ва рафъи он назорати доимии тиббӣ зарур аст. Ҳангоми пайдоиши Д. қ. оризаҳои ногувори он бояд пешгирӣ карда шаванд. Барои пешгирии амрози римнок беморон бояд пӯстро тоза нигоҳ дошта, онро аз захми хурд, харошидан, зарб хӯрдан эҳтиёт кунанд, чунки мавриди Д. қ. ҳар гуна осеби пӯст метавонад ба реши бедармон табдил ёбад. Нигоҳубини даҳон хеле муҳим аст, соле ду маротиба аз назорати духтури дандон гузаштан лозим. Ҳамроҳ шудани ҳар гуна бемориҳои дигар, кори вазнини ҷисмонӣ ва изтироби асабию рӯҳӣ ҷараёни бемориро вазнин мегардонанд.

Ш.С. Анварова.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …