Главная / Илм / ДЕТЕРГЕНТҲО

ДЕТЕРГЕНТҲО

detergenthoДЕТЕРГЕНТҲО (лот. detergens, detergentis – шӯянда), маводе, ки дар тиб ба сифати васоити шӯянда ва гандзудо истифода мешаванд. Д.-ро дар лабораторияҳои биохимиявӣ, ҳангоми истеҳсоли баъзе доруҳо, фунгисидҳо, дар саноати хӯрокворӣ низ кор мефармоянд.
Ҳангоми ба миқдори муайян дар об ҷамъ шудан, молекуллаҳои Д. ба агрегат (митселла)-ҳо муттаҳид мегарданд. Онҳо бо равғанҳо, сафедаҳо, каротиноидҳо ва ғ. митселлаҳои омехта ҳосил карда, барои ба маҳлул гузаштани моддаҳои онҳо мусоидат менамоянд (ба сифати васоити козурӣ истифода бурдани онҳо ба ҳамин асос ёфтааст). Кислотаҳои талха ва намакҳои онҳо низ ҳамин хосиятро доранд. Онҳо ба тавассути талха ба рӯдаи борик роҳ ёфта, ба липидҳои ғизо таъсир мерасонанд. Дар натиҷа липидҳо хусусияти дар об ҳал шуданро касб мекунанд. Ферментҳои роҳи ҳозима онҳоро таҷзия карда, барои дар рӯда ҷаббиш ёфтан мутобиқ мегардонанд. Баъзе Д. барои гандзудоии ҷойпӯшҳо, зарфҳои шишагӣ, асбобҳои тиббӣ кор фармуда мешаванд. Бисёр Д. кафк ҳосил мекунанд, бинобар ин барои истеҳсоли эмулсияю марҳамҳо, васоити пардоз, маргарин, майонез ба кор мераванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …