Главная / Илм / ДАВРАИ ХАЙЗ

ДАВРАИ ХАЙЗ

hayzДАВРАИ ХАЙЗ (Cyslus menstrualis), чараёни мураккаби биологист, ки хангоми он дар организми зан, хусусан тухмдону бачадон, тагйироти сикли (даври) руй дода, бо тарашшухи хунолуд аз узвхои таносул хотима меёбад. Тагйироти сиклии организми зан бо иштироки асбияи маркази (кишри магзи сар, гипоталамус, гипофиз) чараён мегирад. Гипоталамус мухимтарин кисми магзи сар аст, ки кори узвхои дарунро танзим карда, моддахои махсус – нейрогормонхо хосил мекунад. Нейрогормонхо фаъолияти гадуди асосии эндокрини – гипофизро меангезанд. Гипофиз бошад, гормонхое хосил мекунад, ки кори гадудхои усораи дохили, аз чумла тухмдонро метезонад. Дар тухмдон зери таъсири гормонхои гипофиз фолликула (ба ном хубобчаи Грааф), ки хучайратухм дорад, пухта мерасад. Дар чараёни инкишоф фолликула гормонхои махсуси чинси (эстроген) хорич мекунад (бевосита ба бачадон таъсир мерасонад). Фолликулаи пухтарасида мекафад ва аз он хучайратухми болиг мебарояд (овулятсия). Дар чои фолликулаи кафида «чисми зард» хосил мешавад, ки гадуди усораи дохили буда, гормони прогестерон хорич мекунад. Аз таъсири эстрогенхо ва прогестерон луобпардаи бачадон гафс, рагхои хунгарди он васеъ ва пурхун мешаванд. Агар бордори ба амал наояд, хучайратухм нобуд шуда, фаъолияти «чисми зард» тадричан суст ва катъ мегардад; рагхои пурхуни бачадон кафида, хун ба кабати луобпарда мерезад. Луобпардаи нарму варамида аз тазйики хун мекафад ва хунрави, яъне хайз огоз меёбад. Минбаъд захми луобпарда сихат мешавад. Давраи пухта расидани хучайратухм 21 – 35 руз (аксаран 28 руз) аст.
Духтарон хамон вакт аввалин бор хайз мебинанд, ки аломатхои дуюми балогати чинсии онхо (калон шудани гадуди сина, расидани муи зери ноф, таги каш ва г.) пурра зохир гарданд (ниг. Балогати чинси). Огози хайзи аввал ба вазъи саломати, шароити ичтимои ва маиши вобаста аст.
Ихтилоли кори гадудхои усораи дохили (гадудхои чинси, болои гурда, гипофиз) боиси номураттабии давраи хайз мегардад. Аз ин ру, агар духтари 15 – 16-сола хайз набинад, барои муайян кардани сабаби таъхири инкишофи чинси ва табобати он, албатта, ба духтури маркази мушовираи занон мурочиат кардан лозим аст.
Хусусияти хайз инчунин ба вазъи саломатии зан (духтар) вобастаги дорад. Д. х. дар аввал номураттаб бошад хам, минбаъд мунтазам мегардад. Бисёр занхо баъди мухлати муайян хайз мебинанд ва давомоти он низ доимо як сон аст; хайзи онхо муътадилу бедард гузашта, ахволи зан бад намешавад. Занхои дигар бошанд, пеш аз хайз худро сусту бекувват хис мекунанд, табъашон хира ва гадуди синаашон сахт мешавад.
Тагйироти Д. х. ва берабтии он аз мавчудияти ягон иллат дар организм гувохи медихад. Аз ин ру, хар як зан барои сари вакт муайян кардани ихтилоли Д. х. бояд мухлати хайз, давомот ва дарачаи хунравиро дар дафтари махсус мунтазам кайд кунад. Набудани хайзе, ки ба хомилаги вобаста нест (аменорея), дер-дер ва ба микдори кам омадани хун, хайзи серхуну тулони (меноррагия) ва дарднок (алгоменорея), инчунин хунравии бачадон (новобаста ба давраи хайз) далели бемории зан аст (дар ин сурат у бояд хатман ба духтур мурочиат кунад). Баъзан чанд руз пеш аз хайз, гайр аз бекуввати, инчунин хиратабъи, сахт шудани гадуди сина (ин аломатхо дар занхои солим хам мушохида мешаванд), дарди сар, сарчархзани, дард кардани атрофи дил, хуручи дилзани, номураттабии хоб ба мушохида мерасанд. Хангоми пайдо шудани ин аломатхо низ ба духтур мурочиат кардан лозим аст.
Организми зан факат дар хамон сурат муътадил фаъолият хохад кард, ки агар вайро аз хурдсоли дуруст нигохубин ва тарбия карда бошанд. Аз ин ру, дар хакки духтарон чунин гамхорихо лозиманд: катъи риоя кардани коидахои гигиена, обутоби организм, гизои хушсифат, режими мураттаби мехнату истирохат, варзиши чисмони, пешгири намудани беморихои сирояти, саривакт табобат кардани онхо. Духтарон дар давраи балогати чинси тундмичоз ва нисбат ба ходисахои ногувор басо хассос мегарданд. Чунин омилхо, монанди ихтилоли асабу рухи, шароити ногувори зиндаги, кори вазнини чисмони ва фикри, инчунин амрози сирояти боиси номураттабии хайз мегарданд. Аз ин ру дар ин давра нисбат ба духтарча нихоят бодиккат ва гамхор бояд буд, уро аз хар навъ низову нохушихо ва хастаги эмин бояд дошт.
Пайдоиши хайзи аввал, хусусан агар ногахон пайдо шавад, баъзан боиси ихтилоли фаъолияти асабия мегардад. Бинобар ин, духтарчаро пешаки тайёр карда, ба у мохияти хайзро фахмондан лозим аст.
Барои пешгирии ихтилоли Д. х. ва диг. беморихои занона риояи режими муайяни гигиени дар аснои хайз ахамияти калон дорад. Хусусан тоза нигох доштани узвхои чинси хеле мухим аст, чунки хуни хайз барои афзоиши микробхо мухити мусоид мебошад: микробхо аз он ба махбал, сипас ба бачадон ва зоидхои он гузашта, боиси газак мегарданд. (ниг. Аднексит, Метроэндометрит). Дар аснои хайз рузе 2 маротиба бо оби ширгарму собун мустахаб кардан лозим. Кабули ванна ва оббози (дар бахр, кул, дарё) чоиз нест; факат дар таги душ оббози кардан мумкин аст. Хар пагох метавон ба варзиши сабук машгул шуд. Тахгирак бояд тез-тез иваз карда шавад; барои аз хунуки ва чангу губор эмин доштани узвхои таносул трусии дахони пояш махкам пушидан лозим. Хангоми хайз истеъмоли хуроки тунду тез (занчабил, сирко, хардал ва г.), инчунин пиво ва май манъ аст, чунки онхо боиси хунравии фузун мегарданд.

М. Ф. Додхоева

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …