Главная / Ҷуғрофия / ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН

ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН

Тасвири давлатҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 200 давлат мавҷуд аст. Баъди барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравй ва ба вуҷуд омадани давлатҳои мустақил миқдори онҳо зиёд гардид. Қариб хамаи давлатҳои ҷаҳон мустақил мебошанд. Ҳамаи онҳо дар харитаи махсус тасвир ёфтаанд, ки онро харитаи сиёсии ҷаҳон меноманд. Он вазъияти ҳозираи ҷаҳонро ҳамчун оина акс мснамояд. Мамлакатҳое, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон тасвир ёфтаанд, аз якдигар бо андозаи масоҳат, мавқеи географӣ, миқдори аҳолӣ, ҳайати миллӣ ва шаклҳои сохти давлатӣ фарқ мекунанд.

Аммо ба гурӯҳҳо ҷудо намудани давлатҳоро дар харитаи ҷаҳон ии тафовутҳо не, балки ба кадом сохти ҷамъиятӣ мансуб будани онҳо, муайян менамояд. Ҳамин фарқияти асосиро ба назар гирифта, давлатҳои ҷаҳонро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаанд: мамлакатҳои сотсиалистӣ ва мамлакатҳои капиталистӣ. Ба мамлакатҳои сотсиалистӣ ҳамон мамлакатхое дохил мешаванд, ки тамоми боигариҳо ҷамъятӣ ё умумидавлатй мебошанд. To барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва системаи мамлакатҳои сотсиалистӣ дар ҷахон 15 мамлакати сотсиалистӣ вуҷуд дошт. Ҳоло аз он система ҳамагй 5 давлати сотсиалистӣ боқӣ мондааст.

Аксарияти давлатхои ҷахонро давлатхои капиталистӣ ташкил менамоянд. Дар ин давлатҳо ҳама боигариҳо моликияти шахсӣ мебошанд. Ин мамлакатҳо аз ҷиҳати дараҷаи тараққиёт дар зинаҳои гуногун истодаанд. Он давлатҳоеро, ки аз тобеияти мустамликавй озод шудаанд, мамлакатҳои рӯ ба инкишоф меноманд, ки дар байни мамлакатҳои капиталистӣ як гурӯҳи калонро ташкил менамоянд. Баъди ба даст даровардани истиқлолият аксарияти онҳо  роҳи капиталистй ва фақат баъзеи онҳо роҳи сотсиалистии тарақкиётро интихоб кардаанд. Ҳамаи онҳо дорои иқтисодиёти сусттарақкикарда мебошанд.

Максад ва мазмуни харитаи сиёсни ҷаҳон. Харитаи сиёсии ҷаҳон дар миқёси хурд сохта шудааст. Мақсади он тасвири масоҳат, мавқеи географӣ ва пойтахти ҳар як мамлакат мебошад. Дар он сарҳади мамлакатхои алоҳидаро бо рангҳои гуногун ранг карда, ҳудуди байни онҳоро бо хатҳои канда-канда ишора намудаанд. Дар рӯи он номи мамлакатҳоро сабт намуда, номи пойтахташонро навиштаанд. Он мамлакатҳое, ки қаламравашон хурд асту ба миқёси харита мувофиқат намекунанд, онҳоро бо рақам ифода намуда, дар поёни харита ном ва пойтахташонро менависанд.

Нуқтаҳои аҳолинишинро бо пунсон (доирача)-хои гуногунҳаҷм ифода намудаанд. Доирачаҳо миқдори аҳолии нуқтаи аҳолинишинро нишон медиҳанд. Бинобар ин бузургии доирача аз рӯи миқдори аҳолй ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: аз I миллион зиёд, аз 100 ҳазор то 1 миллион, аз 100 ҳазор камтар. Мувофиқи аломатҳои шартӣ Роҳҳои оҳан, мошингард ва обӣ гузаронида шудаанд. Номи калонтарин дарёҳо, кӯлҳо, ҷазираҳо, баҳрҳо ва шаҳрҳои ҷаҳонро навиштаанд. Харитаи сиёсии ҷаҳон ва харитаҳои дигари таълимй ҳангоми омӯзиши курсҳои географияи синфҳои VI IX истифода бурда мешаванд.

Савол ва супориш

  1. Дар ҷаҳон чанд мамлакат вуҷуд дорад ва чандтои онҳо давлатҳои мустақил мебошанд?
  2. Харитаи сиёсии ҷаҳон барои чӣ лозим аст?
  3.  Давлатҳои ҷаҳон аз ҷиҳати сохти ҷамъиятиашон ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
  4. Мазмуни харитаи ҷаҳонро чиҳо ташкил медиҳад?
  5. Аз рӯи харитаи сиёсии ҷаҳон муайян кунед, ки Тоҷикистон дар кадом материк воқеъ гардидааст ва бо кадом давлатҳо ҳамҳудуд мебошад?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …