Главная / Гуногун / ДЎСТЕ  ДОРАМ  ҶОНӢ -Ҳикоя

ДЎСТЕ  ДОРАМ  ҶОНӢ -Ҳикоя

– Оҳ, ин чӣ балое буд?!

Ин бало рўзи шанбе рух дод.

Дар уфуқ абрҳои сиёҳтоб, хокистарӣ ва арғувонӣ тўда-тўда болои ҳам ҷамъ мешуданд. Меҳмонон паси ҳам ба хонаи Ҳоҷӣ Бобо меомаданд. Не, номи ў Кайк аст. Вале ҳама ўро Песак мегуфтанду ҳатто бо ў салом намекарданд. Аз рўзе ки писараш Алоуддин раиси бонк шуд, номи Ҳоҷӣ Боборо гирифту одами мўътабар гашт. Акнун ҳама бо ў қултуқ ба қултуқ салом карда, аз лабонаш мебўсиданд.

– Зодрўз муборак! – бо табассуму тамаллуқ тўҳфа месупориданд.

– Худо муборак, худо муборак! – гўён, Ҳоҷӣ Бобо гул-гул шукуфта, бо табассум тўҳфаҳоро қабул мекард.

Тўҳфаҳо намегузошт, ки лаҳзае лабу лунҷашро ҷамъ намояд.

Меҳмонон ҷавонмардии писарро таҳсин мегуфтанд:

– Офарин!

– Кам нашав!

– Фарзанди қобил ҳамин хел мешавад!

– Уқобчўҷа аз тухми уқоб мерўяд!

Зиёфати зодрўзи падар, ки писар махсус ташкил карда буд, хеле боҳашамат оғоз ёфт. Ногоҳ падар:

– Ҳа-а?! – хитоболуд овоз бароварду аз ҷояш хеста, ба чор сў чашм давонд. Меҳмонон парво надоштанд, ба хўрдану нўшидан банд буданд.

– И-е-е?! – Ҳоҷӣ Бобо теғи нигоҳашро ба писараш равон карда, ўро бад-бад песонд.

Алоуддин дар сари сўзан нишастагӣ барин бетоқат гашт. Ҳоҷӣ Бобо як ба меҳмонон назар афканду сипас ба писар рўй овард:

– Ўй, хурўсчўҷа барин қиғ гуфта нагарду, наздам биё!

Писараш хиҷолат кашиду безобита гашт. Зуд аз меҳмон узр хоста, назди падар ҳозир шуд. Ва ба назди гўши ў хам шуда, хавотирангез пурсид:

– Чӣ шуд, дадо?

– Кора расво кардӣ-ку! – бо димоғи сўхтаю хотири гирифта нидо намуд Ҳоҷӣ Бобо.

Алоуддин маънои гапи падарро нафаҳмида, мутаҳайирона ба даҳонаш нигарист. Чӣ гуфтанашро надониста, базўр ғурунгос зад:

– Ин хел нагўед…

– Бидӣ-бидӣ накун! – ба ғазаб омада, дўғ зад Ҳоҷӣ Бобо. – Ин хел нагў-а? Боз чӣ хел гўям?! Хурўсчўҷа барин қиғ гуфта, мегардию аз ҳоли падарат бехабарӣ.

Аз кинояи падар писар дасту по хўрд. Вале тез худро ба даст гирифта, пурсид:

– Охир, чӣ гап шуд?

– Боз чӣ мешуд? – ба писараш чашм ало карда, бо зарда пурсид Ҳоҷӣ Бобо. – Ҳа, боз чӣ мешуд?

Писар сабаби ҷаҳли падарро нафаҳмида, хиҷолат кашид, гунаҳгорона табассум кард. Ва гиреҳи галстукашро андаке сусттар гардонд.

– Чаро нест? – боз ба чор сў чашм давонд Ҳоҷӣ Бобо. – Канӣ вай?

Ҳоҷӣ Бобо бо қаҳр сўи писар нигарист. Нигоҳи падару писар ба ҳам бархўрд. Писар хиҷолат кашида, табассум кард.

– Наханд!

Дар пешонии Ҳоҷӣ Бобо чинҳо дамиданд. Маълум буд, сахт ба ғазаб омадааст.

– Канӣ?!

Алоуддин аз нав дасту по гум кард. Дилаш ба таппиш даромад. Чанд лаҳза лол монд.

– Канӣ мегўям?! – боз сиёсат кард Ҳоҷӣ Бобо.

Алоуддин дар ҳолати ногувор монд.

– Канӣ?!

– Кӣ? – писар, гўё гуноҳи азиме карда бошад, ларзид.

– Кӣ, кӣ?! – бо зарда гуфт падар ва баъд хитоб намуд: – Дўсти ҷонии ман!

– Дўсти ҷониатон? – бо ҳайронӣ пурсид писар.

Писар бо ин савол ба оташи падар равған рехт.

– Медонӣ, ки дўст чӣ гуфтанӣ гап аст?! – шўрида рафт Ҳоҷӣ Бобо.

Алоуддин аз ин итоби падар дар назди меҳмонон ранҷид, ғашаш омад. “Кўдак нестам, медонам” – гуфтанӣ шуду боз лаб газида, аз ноилоҷӣ:

– Албатта, – гуфт.

Ғазаби Ҳоҷӣ Бобо чунон боло гирифт, ки агар меҳмонон намебуданд, осмонро ба сари писар чаппа мекард.

Алоуддин ба ғазаб омадани падарро дида, ҳолати ҷиддӣ гирифт ва ба илтиҷо даромад.

– Хафа нашавед, падар, илтимос…

– Ман боғ гўям, ту роғ мегўӣ! – сухани писарро бо ғазаб қайчӣ зад Ҳоҷӣ Бобо. – То кай ту бепарвоӣ мекунӣ?!

Яке аз меҳмонон ба ҳимояи Алоуддин лаб во намуд:

– Тавба кард, дигар такрор намеёбад.

– Не, сад тавба кунад ҳам, бахшиш нест. Вай дўсти ҷонии маро аз зиёфат маҳрум сохт. Мефаҳмед?!

– Кӣ будааст вай ноосуда? – гўё бо дилсўзӣ пурсид меҳмони харобу лоғар.

– Кӣ? – абрў кашид Ҳоҷӣ Бобо. – Одам!

– Зан аст ё мард? – пурсид як меҳмони пастқади тоссар.

– Зан ё мард – чӣ аҳамият дорад! – луқма партофт меҳмони харобу лоғар. – Дўст ҷинс надорад!

– Рост! – чанд кас ўро тарафдорӣ кард.

– Не, дорад! – эътироз намуд қадпасти тоссар. – Зан дўст шуда наметавонад!

– Чаро?! – чанд кас баробар пурсиданд.

– Чаро будааст! – гўё гуноҳи азиме карда бошад, якбора ба рўи хароби лоғар теғ кашида, нигарист ў. – Кадом дўст ба дўсташ ҷимоъро раво мебинад?!

Қоҳ-қоҳи хандаи меҳмонон ба шифт дакка зад.

– Оббо, мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл, – норозиёна абрў гиреҳ кард соҳибҷашн. – Дўсти ман мард. Марди бузург, академик! Тамоми ҷумҳурӣ ўро мешиносад, бо ў ифтихор дорад. Дар ҳама ҷо ў нури дида, тоҷи сар! Мефаҳмед?!

– Шояд гуфта бошам… – забон хоида, ғур-ғур кард Алоуддин. – Шояд…

– Дарро задам, девор кафид! – боз ба шўр омад Ҳоҷӣ Бобо. – Шояд, шояд! Э тасаддуқат шавам, хурўсчўҷа! Агар мегуфтӣ, ў аз ҳама пеш давида меомад. Ҳа, ҳа! Ва бо дасти холӣ не, бо тўҳфаи қиматбаҳо меомад ба маърака.

Алоуддин таҷанг шуда бошад ҳам, табассум карду бо мулоиматӣ гуфт:

– Хайр, ҳеҷ гап не…

– Чӣ хел ҳеҷ гап не?! – бо пўписа сухани писарашро бурид Ҳоҷӣ Бобо. – Чӣ хел забонат мегардад-а? Эҳ-ҳ, Худо-о!

Сипас бо нафрат ба писараш нигариста, идома дод:

– Гумон кардӣ, ки ман пир шудам-а?! Не-е, тушберая хом шумурдӣ! Ҳа-а, шукри Худо ҳоло шуш, ҷигар, гурда, шикам, майна – ҳамааш дар ҷояш, сип-сиҳат! Ҳа, склероз ҳам нестам!

– Не, не, падар, – саросема гуфт Алоуддин. – Ман ҳеҷ гоҳ чунин гумон накардаам…

– Бас! – сухани ўро қайчӣ зад Ҳоҷӣ Бобо. – Шуд! Ин ту склероз! Ҳа, агар склероз намешудӣ, дўсти ҷонии маро аз ёд намебаровардӣ?! Ҳамин ҳам одамгарӣ шуд магар?! Э, бачаҳои инзамона на ба қадри падар мерасанд, на ба қадри хешу табор, на ба қадри ёру дўст. Ҳай дареғу сад дареғ! Медонӣ, ман бо ў як пуд намак хўрдагӣ! Фаҳмо?!

– Фаҳмо! – нидо намуд писараш чун сарбози вафодор. – Фаҳмо падар!

– Хоки хунук! – таҳқиромез нидо намуд Ҳоҷӣ Бобо. – Фаҳмо-а?! Ин афсонаатро ба об гўй!

Писар безобитаву музтар монда, чунон хиҷолат кашид, ки аъзои баданаш лаввӣ дар гирифта, сурхӣ дамид дар чеҳрааш.

– Чӣ, аз қавоқат барфу борон меборад?! – бо кароҳату истеҳзо ба писар назар афканд Ҳоҷӣ Бобо. – Гапи ҳақ намефорад-а?! Э, кай ақл ёд мегирӣ?! Кай мисли одам рафтор мекунӣ?! Хурўсчўҷа барин қиғ гуфта, гаштаната медонию халос!

Аз шарму ҳаё замин намекафид, ки писар дарояд. Вале падар – падар аст! – дандон ба дандон монду тоқат кард.

– Ўй! – дод зад Ҳоҷӣ Бобо. – Чӣ қоқ шудӣ?!

Алоуддин худро ба даст гирифта, базўр пурсид:

– Кист ў?

– Кӣ кист?! – бо шиддат пурсид Ҳоҷӣ Бобо.

– Дўстатон, – оҳиста гуфт писар.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! – чашмони Ҳоҷӣ Бобо калон кушода гаштанд. – Эҳҳе-е-е, нагуфтам, ки…

Алоуддин боз шармиду дасту по хўрд.

– Ҳай-ҳай, ҳай-ҳай! – бо таассуф ба чапу рост кала ҷунбонд Ҳоҷӣ Бобо. – Ту ҳоло дўсти ҷонии маро намедонӣ? Ана халос! Боз шикваю нолиш мекунӣ, ки туро баҳудаю беҳуда наҳ мезанам. Э, ўй, саратро чор палақ кунам ҳам, ҳақи ман меравад!

– Ин хатои ман, падар, – худро ба даст гирифта, узхоҳона гуфт Алоуддин.

– Албатта аз ту! – ғолибона нидо зад Ҳоҷӣ Бобо. – Боз аз Хоҷа Аҳрори Валӣ мешуд?!

– Бубахшед падар, – забон хоид Алоуддин. – Бубахшед.

– Бахшиш-пахшиш нест! – дўғ зад Ҳоҷӣ Бобо. – Ҳа, нест!

Алоуддин суп-сурх шуда, ба падар рў овард:

– Охир, “аз хурд хато, аз калон ато” – гуфтаанд-ку…

– Ин гуноҳи кабир! – боз сухани ўро қайчӣ зад Ҳоҷӣ Бобо.

Сар ба зер афканд писар ва ба ногоҳ тадбире чун барқ ба хотираш расиду ҳамоно сар бардошта, ба падараш рўй овард:

– Худи ҳозир хатоямро ислоҳ мекунам, падар.

– Ислоҳ мекунӣ? Чӣ хел? – бо шубҳаи ошкоро пурсид Ҳоҷӣ Бобо.

– Сим мезанам! – хурсандона нидо намуд Алоуддин. – Сим!

– Чӣ-ӣ-ӣ? – чашмони Ҳоҷӣ Бобо калон кушода шуданд. – Чӣ мезанӣ? Сӣ мезанӣ? Ҳоло – худоё тавба! – боз қартаву қимор ҳам мезанӣ ту?!

– Э, не-е! – таконе хўрд Алоуддин. – Сим, яъне занг мезанам.

– Занг мезанӣ? – писханд зад Ҳоҷӣ Бобо. – Чӣ, ў ба ту талаба, ки занг мезанӣ?!

– Э, не, охир, телефон мекунам, – таъҷилан фаҳмонд писар.

– Ҳа-а-а, ин хел гўй… Э, туя забонат ҳам вайрон шудааст. Чӣ, хода барин истодаӣ?! Тез телефон кун, охир!

– Ба чашм! – гуфт писар. – Телефонашро диҳед.

– Чӣ-ӣ?! – чашм ало кард Ҳоҷӣ Бобо. – Чияшро диҳам?

– Рақами телефонашро диҳед, мегўям, – дафъатан гуфт Алоуддин.

Ҳоҷӣ Бобо бо пўписа пурсид:

– Рақами телефони киро?

– Дўсти ҷониатонро.

– Ҳа-а… телефон?.. телефон…, – Ҳоҷӣ Бобо ба андеша рафт. Сипас ба шифт нигарист.

– Ҳа-а-а… Э-э-э… Лекин телефонашро намедонам. Охир, ман ягон бор ба ў телефон накардаам. Шояд телефон ҳам надошта бошад. Не, дорад, ҳатман дорад! Охир, ў одами калон, намоён, чӣ хел бе телефон мешудааст. Не, телефон ҳам медошт, занг заданро эб намедидам.

– Хайр ҳеҷ гап не…

– Боз ҳеҷ гап не?! – песонд писарашро Ҳоҷӣ Бобо. – Барои ту дунё чаппа шавад ҳам, ҳеҷ гап не.

– Ман гуфтанӣ, ки, – саросема гуфт Алоуддин. – Телефонашро надонед, суроғаашро диҳед.

– Чӣ? Сурохашро? Кадом сурохашро? – чашмони Ҳоҷӣ Бобо боз калон кушода шуданд. – Ту ҷиннӣ шудӣ магар?

– Сўрохӣ не, суроға, – бо табассум гуфт Алоуддин. – Яъне адресашро.

– Адресашро? – гашта пурсид Ҳоҷӣ Бобо. – Ҳамин хел фаҳмо пурс-дия. Суроғая?! Як гапҳое бофта мебарорад, ки – худоё! – забонат намегардад-е!

– Ҳа, адресашро диҳед, бо ҷону дил рафта меорамаш, – хурсандона гуфт Алоуддин.

– Адрес?.. Адрес?.. – Ҳоҷӣ Бобо даст ба каллаи бемўяш бурда, ба андеша рафт. Сипас боз ба шифт нигарист.

– Адрес?.. Ад-ре-с?.. Эҳ-ҳ… Ҳа… не, афсўс… Не, намедонам.

– Чӣ хел? – ҳайратзада ба падар нигарист писар.

– Чӣ хел, чӣ хел! – ба сари ў бо дағдаға дўғ зад Ҳоҷӣ Бобо. – Ана, ҳамин хел! Охир, ягон бор ба хонааш нарафта бошам, аз куҷо донам? Як саволҳои бемаънӣ дода, одамро дар як ҳолати ноҳинҷор мемонӣ, ки, Худоё тавба! Эҳ-ҳ, кай ақл ёд мегирӣ?! Кай мисли одам рафтор мекунӣ?! Хурўсчўҷа барин қиғ гуфта, мегардию халос! Э, себ аз дарахташ дур намеафтад, мегўянд, ки рост будааст!

Қоҳ-қоҳи хандаи як меҳмони гарданғафсу шикамкалони галстукдор ба шифт дакка зад. Дигар меҳмонон як-як ба хандаи ў ҷўр гаштанд.

Ҳӣ–ҳӣ–ӣҳ!..

Ҳо–ҳо–ҳо!..

Ўҳа–ҳа–ҳааааа!..

Бобои Ҳоҷӣ ҳам қоҳ-қоҳ хандид. Бо як ҳаловати хоса хандид. Тамоми баданашро ҷунбонда, хандид.

Алоуддин лолу пакар монд. Чеҳрааш ранги лоларо гирифт. Дар рўи сурхшудааш донаҳои арақ медурахшиданд. Гўиё ба меҳмонон чашмак мезаданд. Гўиё ба ҷои писар ханда мезаданд.

Ин дам барқ ханҷар кашиду ба дили абри сиёҳ халид. Раъд чунон ғуррид, ки замину осмон ларзид. Меҳмони асабхаробе нидо зад:

– Оҳ, ин чӣ балое буд?!

10 январи соли 2002

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …