Главная / Ҷамъият / Чистонҳои тоҷикӣ (китобча)

Чистонҳои тоҷикӣ (китобча)

Як рақам чун ҳарфи «О»,
Ҷояш дар пешу қафо.
Дар пеш агар ояд он,
Бошад сусту нотавон он,
Ояд дар охир агар,
Афзояд даҳ баробар.
(ҷавобаш: рақами «0»)

Халтачаҳояш
Чени ҳар як ангушт,
Пӯши, шавад он
Гаҳ панҷа, гаҳ мушт,
(ҷавобаш: Дастпӯшак)

китоби чистон

Ҳуснбахшо кошона,
Ҷояш дар фарши хона.
(ҷавобаш: Қолин)

Дар даруни хонача,
Ду акову 30 додар.,
Корашон реза кардан,
Пешу қафо баробар.
(ҷавобаш: Дандон)

Гарчи фарбеҳ аст, амо беқарор.
Мехурад зарбаҳои бешумор.
(ҷавобаш: Тӯп)

Чистон оиди маҷалла:

Гап задан наметонад,
Роҳ рафта наметонад,
Касе онро мехонад,
Бисёр чизро медонад.

Чистони Хурӯс

Як сарояндаи машҳур,
Ҳар саҳар кунад ғур-ғур,
Хезад офтоб баромад,
Ба хонаҳо даромад.

Чистони гилем

Гоҳ даруни хона,
Гоҳ дар беруни хона,
Гоҳ руи суфа ҷояш,
Одам шинад болояш

Чистони Дарвоза

Дорад дар пешу пас даст,
Гирад ҳар касс онро даст.

Чистони ҷорӯб

Дар кӯча меравал роҳ,
Озода мекунад роҳ,

Чистони шона

Дандонҳояш зиёданд,
Хурдан наметавонанд.

Чистони Хурус

Тоҷи шоҳӣ дорад вале шоҳ нест,
Соати деворӣ аст, огоҳ нест.
Мезанад фарёд ҳангоми саҳар,
Субҳ дар девор аст, бегоҳ нест.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …