Главная / Гуногун / ЧАШМАИ СИДҚУ САДОҚАТ

ЧАШМАИ СИДҚУ САДОҚАТ

Муаллифи ин китоб журналист нест. Муҳандиси соҳаи нақлиёт аст. Солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ адои вазифа намудааст. Бо вуҷуди ин мардест басо оддӣ, самимӣ ва заҳматкаш. Дар зиндагӣ ҳарчи ёфтааст, бо меҳнати ҳалоли худ, бо хулқу одоби накў, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ёфтааст.

1068Бо Абдулмаҷид Шарифов замоне шинос ва ҳамсўҳбат шудам, ки ўро сардори раёсати хусусигардонии вилояти Кўлоб таъин карданд. Ин моҳи июли соли 1992 ба вуқўъ омада буд. Дар нахустин бархўрд эҳсос намудам, ки бо инсони фурўтану бомаърифат, хушгуфтору хушрафтор, роҳбари кордон, ташкилотчии моҳиру ўҳдабаро сару кор дорам. Дар сўҳбату нишастҳои баъдӣ, ки бо тақозои вазифа баргузор мегардид, комилан дарёфтам, ки ў аз худситоӣ, мағрурӣ, тамаъ, бадгўӣ, дуруштию дағалӣ канорагир аст. Масъулиятшинос буда, басо оқилонаю одилона гап мезанад. Сўҳбаташ кайфияти хосае дорад, аз суханҳояш як дунё лаззат мебардорӣ.

Аввалин вохўрӣ хуб дар ёдам мондааст. Вай либосҳои хоксорона дар бар дошт, вале ба танаш шинам, ба ў мезебиданд. Воқеан, қадду қомати базеб, чеҳраи басе гарму дилҷў, чашмони меҳрубон ва хандаи ширадор дошт. Дар нигоҳи ў оташакеро дидам. Ин оташи масъулият буд. Ў мефаҳмид, ки тақдири халқу меҳанро бар дўш дорад, ваҳдати миллат ва равнақи фарҳанг қарзи фарзандии ўст. Вале ман мехостам, ки вай бештар аз мушкилиҳо сухан гўяд, то ба ў кўмак расонем.

– Э-э, гилаву ҷингила бисёр, – даст афшонда гуфт ў, – дард, ғаму ғусса бисёр, гап бисёр. Лекин ин ҳамаро худамон ҳал мекунем. Беҳтараш ба ягон ҷо рафта як пиёла чой нўшем.

Дар боғи марказӣ сари як пиёла чой мулоқот кардем. Гарм, самимӣ, дилкаш буд он сўҳбат. Боз чанд бори дигар дар боғи марказӣ, ки як фазои сояву салқине дошт, нишаста аз сўҳбати ў баҳра бурдам.

– Абдулмаҷид одами нағз, кордон ва мушкилкушо, – боре гуфт як шиносаш ба ман. – Ба мардуми Кўлоб нафъашон бисёр расидааст.

Баътар мо барои ёрӣ ба вилояти Хатлон рафтем. Меҳмони хонадонаш гаштем, нону намакашро хўрдем.

Дидам, ки Абдулмаҷид дорои оилаи меҳрубон, фарзандони наҷиб, зиндагии хуш мебошад. Дар байни ҳамкорон, хешовандон, рафиқону наздиконаш ҳурмати баланд дорад. Рўз аз рўз дўстии мо қавитар мегашт.

Вай бо хоксории худ маро беш аз пеш ба ҳайрат меовард. Ва ҳар боре, ки бо ў рў ба рў меомадам, ин мисраҳои устод Аминҷон Шукўҳӣ ба ёдам мерасид:

      Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад,

      Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.

Вай ҳамеша дар ёди хешу табор ва ёру дўстон буда, аз ҳолу зиндагиашон ҷўё мешавад, ёрии хешро дареғ намедорад. Кўмаку ёрию дастгириаш бетамаъ, беғаразона бидуни фахрфурўшию шўҳратталабианд.

Баъдтар аз дўстонаш шунидам:

– Замон дигар шуд, одамон ҳам. Вале Абдулмаҷид ҳамин хел монд.

Ҳақ асту рост!

Сеюми августи соли 2005. Рўзе буд тираву дилгир. Табъи ман ҳам хира гашт. Дилам бухс кард. Хаёлотам печида, мушавваш гардидам. Дар хона нишаста натавониста, ба ҳавличаам баромадам. Оҳиста-оҳиста гардиш кардам. Пеш аз зўҳр дўстам Абдулмаҷид омад.

– Э мардак! – гуфтам бо ҳаяҷон. – Э хайрият-е!

– Шодам, ки туро саломат мебинам, – гуфт ў ва оғўш боз карда, маро ба канор гирифт.

Баъд бо чеҳраи хандон, дурудароз дастамро сар надода, гарму нарм аҳвол пурсид.

Аз дидори дўстам табъам болида гашт ва байти ҷовидонаи устод Рўдакӣ беихтиёр ба ёдам омад:

            Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

            Бартар аз дидори рўи дўстон.

Саросема ўро ба хона таклиф кардам. Дарҳол рад карда:

– Ин боғча беҳтарин ҷо, – гуфт. – Дар ҳамин ҷо мешинем. Бин имрўз чӣ хел ҳаво мўътадил, софу беғубор.

Ҳамсарам зуд ду курсӣ овард. Вай ба курсӣ нишаста, даст ба дуо бардошт:

– Барои ободии макон, зиндагии осоишта, хайру баракат!

Баъд ба ҳавлӣ назар дўхт. Нигоҳи ў ботааҷҷуб ва пур аз шавқу завқ буд. Баъд ба дарахти байни ҳавлӣ ишора карда, пурсид:

– Ин анҷир аст?

– Бале, – гуфтам, – анҷир аст, анҷири зард.

Вай боз суол дод:

– Сармо зада буд?

– Ҳа, соли 2003 сармо зад, – аз анҷир чашм наканда ҷавоб додам. – Аз бехаш буридам, боз аз кундааш навда зада сабзид. Имсол як дона баста буд.

– Ҳа-а, – мад кашид ў ва як ҳолати хиҷолатзада ба худ гирифт. Сипас андешаманд гашт. Гоҳ-гоҳ амиқ нафас мекашид. Гўё ким-чӣ гуна як ғаме дошт. Аз ў чизе напурсидам, мабодо, ки ягон захми ниҳонии ўро надониста хуншор кунам. Лаҳзае пас ба худ омадагӣ барин шуду ба ман рўй овард:

– Наздат барои машварат омадам.

– На-аход? – мутаҳайир ба ў нигаристам.

– Ҳа, ҳамин тавр! – гуфт ў. – Медонӣ… ҳа як китоб навиштам.

– Китоб навиштӣ? – бо мароқ пурсидам ва ҳазломез илова намудам: – Дар дами пирӣ нависанда мешавам гўй.

– Ҳаргиз! – дарҳол эътироз баён намуд ў. – Ин асари бадеӣ нест, ҳолномаи ман аст.

Баъд қиёфаи ў ҷиддӣ шуд.

– Умри инсон басо кўтоҳ аст, – гуфт ў. – Вале инсон метавонад онро дарозу гуворо бисозад. Умрро меҳнати ҳалол ба нафъи халқу Ватан хушу дилписанд ва дароз мегардонад. Бузурге фармуда:

     Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

     В-ар ба нохушӣ гузарад, ними нафас бисёр аст.

Шояд ба дили ҷавонон роҳ ёбаду дар тарбияи маънавию ахлоқии онҳо саҳме гузорад.

Вай хомўш монда, боз ба дарахти анҷир дида медўзад.

– Канӣ?

– Чӣ? – ба рўи ман нигарист дўстам.

Ҳайратзада ба ў нигаристам:

– О китоб навиштам, гуфтӣ-ку.

– Ҳа-а… – мад кашид дўстам. – Не, наёвардам.

Ин ҷавоб маро ба вартаи ҳайронӣ андохт.

– Барои чӣ?

– Аввал ризогии туро гирам гуфтам, – гуфт ў. – Агар “ҳа” гўӣ меорам, “не” гўӣ не.

Вай ба ман тавре нигоҳ кард, ки дар он ҳам хоҳишу тарс буд ва ҳам шубҳаю умед. Лекин тарсу шубҳаи ў беҳуда буд.

– Не, дўстам, – гуфтам ба ў. – Ҳеҷ гоҳ “не” намегўям.

Хурсандии Абдулмаҷид интиҳо надошт.

– Ташаккур, сарам ба осмон расид, – бо табассуми латифи самимӣ гуфт ў ва аз ҷояш бархост.

– Лекин ба ҷўрагӣ умед набанд, – ҷиддӣ огоҳ кардам ўро. – Агар мағзу маънӣ надошта бошад, ҳамаашро хат мезанам.

Вай хандиду гуфт:

– Ҳо-оо, наход?

Ман бо хушҳолӣ гуфтам:

– Ҳа, ту маро медонӣ – гапам якта!

Лаҳни ў якбора ҷиддӣ шуд ва бо шубҳа пурсид:

– Наход, ки ҳамаашро хат занӣ?

Вай аз ман чашм намеканд.

– Хат мезанам! – ҷиддӣ гуфтам ман.

– Набошад намеорам, – бо табассум гуфт ў.

– Не, биёр, – исрор кардам ман.

– Агар набиёрам чӣ? – маънидор хандид ў.

– Набиёрӣ, – гуфтам, – худам ба хонаат меравам.

Вай хандида:

– Оҳо-оо! – гуфт.

Бо лабханд гуфтам:

– Меравам, меравам! Ту маро медонӣ – гапам якта!

Ба завқ меояд Абдулмаҷид ва хандида ба ман даст медиҳад.

Рўзи шанбе, баъд аз зўҳр, Абдулмаҷид ба хонаам омад.

– Овардӣ?

– Чиро?

– Китобро.

Вай хандон-хандон гуфт:

– Дар мошин.

Ба назди мошинаш рафтем. Дастнависро ба дастам дод. Зуд ба он нигаристам: “Дар талоши меҳр”.

– Оҳо, зўр-ку?!

– Илтимос, пас аз рафтани ман бихон.

Ба нею нестонаш нигоҳ накарда, ўро ба хона овардам. Зуд дастурхон густурда, чой овардам. Сўҳбат оҳиста-оҳиста қўр гирифт. Мо рўзҳои корамонро дар соҳаи амволи давлатӣ, бурду бохтҳои роҳи умрамонро як-як ба ёд овардем. Сипас сўҳбат маҷрои дигар гирифт. Акнун ҳазлу шўхӣ мекардем, латифа мегуфтем, механдидем. Қисса кўтоҳ, сўҳбату чақ-чақ тўл кашид. Бинем, ки рўз кайҳо ба поёни худ расидааст.

– Ҷўра, акнун ба ман фотиҳа бидеҳ, – илтимос кард Абдулмаҷид.

– Чӣ, меравӣ?

– Ҳа, рафтанам лозим, – гуфт ў.

– Не, имшаб хоб мекунӣ, – бо исрор гуфтам ман.

Офтоб ғуруб мекард.

– Хайр, – барои хайрухуш даст дод дўстам. – Ман боз меоям.

Аз байн се-чор рўз гузашту Абдулмаҷид занг зад.

– Вақт дошта бошӣ, биё, – гуфтам ба ў.

Рўзи дигар омад. Пас аз аҳволпурсӣ бо лабханди ширин ба ман рўй овард:

– Хўш, чӣ хел?

– Мешавад, – кўтоҳакак гуфтам дар ҷавоб.

Дўстам як оҳи чуқур кашид ва дар нигоҳаш эътирозе падид омад. Ба чеҳраам нигариста:

– Не, не, – гуфт.

Бо табассум пурсидам:

– Боз чаро “не”?

Вай бо шакархандаи малеҳ гуфт:

– “Мешавад” маро қаноат намекунад.

– Наход? – ба чашмони ў нигаристам. – Чӣ қаноат мекунад?

– Эродҳо… танқид…

– Ҳамаашро дар саҳифаҳо навиштаам, – гуфтам ва дастхатро ба ў додам.

Вай онро то охир варақ зада баромаду маънидорона ба ман нигариста, пурсид:

– Фикрат?

– Ҳарчӣ зудтар чоп кардан лозим.

Вай ба хаёл афтиду боз пурсид:

– Меарзад?

– Меарзад, – гуфтам ба ў. – Ман як сарсухан ҳам навиштаниам.

– Не-е, наход?! – вай рост ба чашмонам нигарист. – О ин чӣ хел мешавад?

– Хуб мешавад, – орому бо боварӣ гуфтам ба ў.

Вай бо шакархандаи малеҳ гуфт:

– Боз таъриф накунӣ, ки аз худ равам.

Бо табассум ба ў гуфтам:

– Не, ба ин фурсат намеёбӣ.

Ба завқ меояд Абдулмаҷид ва хандида ба ман даст медиҳад.

Шояд хонандае бо итоб бигўяд:

– Аз чоп кардани чунин китоб чӣ суд?!

Шитоб накунед, хонандаи гиромӣ. Чуноне ки устод Аскар Ҳаким гуфта:

             Офаринанда, ки одам офарид,

             Дар ҳар одам боз олам офарид.

Бале, Абдулмаҷид ҳам истисно нест. Ва шояд ҳаёти ў як китоб не, чандин китоб шавад. Аз зиндагиномаи Абдулмаҷид бармеояд, ки сарнавишти ў ба мисли сарнавишти даҳҳо ҳамсолонаш ба меҳнати ҳалол алоқаманд буда, ҳамеша дар талоши меҳр будааст.

Дар китобаш аз устодони худ, муаллимони мактаби ҳафтсолаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳаи Калот муаллими математика ва физика Улё Умаров, муаллими забон ва адабиёти тоҷик Сафаров, директори мактаб  Достӣ Латипов ба некӣ ёд меорад.

Инчунин дар ҳолномааш мавқеи Омўзишгоҳи махсуси касбӣ-техникии №11 стансияи Чептура, Институти Политехникии Тоҷикистон, меҳнати пурмашақати устодони сохтгиру меҳрубонашро басо рангин ба қалам додааст.

Ва аз ҳама муҳимаш ў ин ҳамаро бе ягон худситоӣ, бе обу ранг, аз дили соф беғразонаю холисона рўи қоғаз овардааст. Ин махсусият аз чашмаи меҳру вафо ва сидқу садоқат ба халқу ватан доштаи ў об мехўрад. Ва боз ин гувоҳи он аст, ки Абдулмаҷид умри худро босамар гузаронида, нақше дар ҳаёт гузоштааст.

Воқеан ҳам ба кӣ даркор умре, ки нақше дар зиндагӣ надорад?!

Инак, китобро ба охир мерасонаму дилам рўшан мешавад ва шукр мекунам, ки дар дунё ҳамин хел одамон ҳастанд. Онҳо ба одамон умед мебахшанд.

Умед ба фардои нек!

24 августи соли 2005

18 ноябр китоб тайёр шуд. Вале ў чунон ғамигин омад, ки ман дар ҳайрат мондам.

– Бин, чӣ кор кардаанд, – гуфт ў бо андўҳ.

Зери сурати падарарўсаш ҳарфи “а” афтида, “Тавар” “Твар” шудааст.

– На, ман ба падарасрўсам чӣ ҷавоб медиҳам?! Охир маро мекўшад!

Ў намегиристу халос.

25 ноябр якҷоя китобро ба ҳамкурсаш Шодӣ Амонов, ки сарҷарроҳи беморхонаи рақами 5 шаҳр будааст, бурдем. Вай бениҳоят хурсанд шуд.

– Бисёр кори хуб кардӣ, – гуфт ба Абдулмаҷид.

Рўзи шанбе китобро ба омўзишгоҳи №11-и Чиптура ва ҳамкурсаш, сардори дастгоҳи ноҳияи Шаҳринав Музаффар Додобоев ва Амина бурд. Аминаро наёфтааст.

Субҳи рўзи 30 ноябр аз шаҳри Қурғонтепа занг зад.

– Чӣ ҳол доред? Гуфтам овози шуморо шунида, баъд ба кор равам. Холмурод ба хона занг задааст. Аз оҳанги гапзаниаш маъқул нашудааст.

– Ҳамсаратон хонд?

– Не, мегўяд баъд мехонам. Хаёлаш, ки ҳама чизро дар бораи ман медонад.

ЧАШМАИ СИДҚУ САДОҚАТ

Ба ҷои сарсухан

Муаллифи ин китоб журналист нест. Муҳандиси соҳаи нақлиёт аст. Солоҳои тўлонӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ адои вазифа намудааст. Бо вуҷуди ин мардест басо оддӣ, самимӣ ва заҳматкаш. Дар зиндагӣ ҳарчи ёфтааст, бо меҳнати ҳалоли худ, бо хулқу одоби накў, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ёфтааст.

Бо Абдулмаҷид Шарифов замоне шинос ва ҳамсўҳбат шудам, ки ўро сардори раёсати хусусигардонии вилояти Кўлоб таъин карданд. Ин моҳи июни соли 1992 ба вуқўъ омада буд. Дар нахустин бархўрд эҳсос намудам, ки бо инсони фурўтану бомаърифат, хушгуфтору хушрафтор, роҳбари кордон, ташкилотчии моҳиру ўҳдабаро сару кор дорам. Дар сўҳбату нишастҳои баъдӣ, ки бо тақозои вазифа баргузор мегардид, комилан дарёфтам, ки ў аз худситоӣ, мағрурӣ, тамаъ, бадгўӣ, дуруштию дағалӣ канорагир аст. Масъулиятшинос буда, басо оқилонаю одилона гап мезанад. Сўҳбаташ кайфияти хосае дорад, аз суханҳояш як дунё лаззат мебардорӣ.

Аввалин вохўрӣ хуб дар ёдам мондааст. Вай либосҳои хоксорона дар бар дошт, вале ба танаш шинам, ба ў мезебиданд. Воқеан, қадду қомати базеб, чеҳраи басе гарму дилҷў, чашмони меҳрубон ва хандаи ширадор дошт. Дар нигоҳи ў оташакеро дидам. Ин аташи масъулият буд. Ў мефаҳмид, ки тақдири халқу меҳанро бар дўш дорад, ваҳдати миллат ва равнақи фарҳанг қарзи фарзандии ўст. Вале ман мехостам, ки вай бештар аз мушкилиҳо сухан гўяд, то ба ў кўмак расонем.

– Э-э, гилаву ҷингила бисёр, – даст афшонда гуфт ў, – дард, ғаму ғусса бисёр, гап бисёр. Лекин ин ҳамаро худамон ҳал мекунем. Беҳтараш ба ягон ҷо рафта як пиёла чой нўшем.

– Не-е… баъд… ягон рўзи дигар… – забон хоидам ман.

Аз чӣ бошад, ки ў лаҳзае хомўш монд ва баъд гуфт:

– Абуалӣ ибни Синои бузург гуфтааст:

            Имрўз бикун, чу метавонӣ коре,

            Фардо чӣ кунӣ, чун натавонӣ кард.

Сипас дар чеҳрааш табассуми ширин падид омаду бо хушҳолӣ гуфт:

– Фардо кӣ медонад, ки ман дар куҷоям.

Ман ҳанўз дудила будам: равам ё не? Муддате сукут барқарор шуд. Вай аз ман чашм намеканд. Андаке баъд ин мисраҳоро хонд:

            Сармояи умри одамӣ як нафас аст,

            Он як нафас аз барои як ҳамнафас аст.

            Бо ҳамнафасе гар нафасе биншинӣ,

            Маҷмўи ҳаёти умр он, як нафас аст.

Дигар ҳоҷат ба баҳонаҷўи намонд.

Дар боғи марказӣ сари як пиёла чой мулоқот кардем. Гарм, самимӣ, дилкаш буд он сўҳбат. Боз чанд бори дигар дар боғи марказӣ, ки як фазои сояву салқине дошт, нишаста аз сўҳбати ў баҳра бурдам.

– Абдулмаҷид одами нағз, кордон ва мушкилкушо, – боре гуфт як шиносаш ба ман. – Ба мардуми Кўлоб нафъашон бисёр расидааст.

Баътар мо барои ёрӣ ба вилояти Хатлон рфтем. Меҳмони хонадонаш гаштем, нону намакшро хўрдем.

Дидам, ки Абдулмаҷид дорои оилаи меҳрубон, фарзандони наҷиб, зиндагии хуш мебошад. Дар байни ҳамкорон, хешовандон, рафиқону наздиконаш ҳурмати баланд дорад. Рўз аз рўз дўстии мо қавитар мегашт. Гўё шоир ин мисраҳоро барои Абдулмаҷид эҷод карда бошад:

            Онро, ки камоли маърифат шуд ҳосил,

            Ҳам мўниси ҷон бошаду ҳам маҳрами дил.

Вай бо хоксории худ маро беш аз пеш ба ҳайрат меовард. Ва ҳар боре, ки бо ў рў ба рў меомадам, ин мисраҳои устод Аминҷон Шукўҳӣ ба ёдам мерасид:

      Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад,

      Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.

Вай ҳамеша дар ёди хешу табор ва ёру дўстон буда, аз ҳолу зиндагиашон ҷўё мешавад, ёрии хешро дареғ намедорад. Кўмаку ёрию дастгириаш бетамаъ, беғаразона бидуни фахрфурўшию шўҳратталабианд.

             Он чи мақсуди одамизод аст,

             Номи нек асту он дигар бод аст.

Баъдтар аз дўстонаш шунидам:

– Замон дигар шуд, одамон ҳам. Вале Абдулмаҷид ҳамин хел монд.

Ҳақ асту рост!

*      *      *

Сеюми августи соли 2005. Рўзе буд тираву дилгир. Табъи ман ҳам хира гашт. Дилам бухс кард. Хаёлотам печида, мушавваш гардидам. Дар хона нишаста натавониста, ба ҳавличаам баромадам. Оҳиста-оҳиста гардиш кардам. Пеш аз зўҳр дўстам Абдулмаҷид омад.

– Э мардак! – гуфтам бо ҳаяҷон. – Э хайрият-е!

– Шодам, ки туро саломат мебинам, – гуфт ў ва оғўш боз карда, маро ба канор гирифт.

Баъд бо чеҳраи хандон, дурудароз дастамро сар надода, гарму нарм аҳвол пурсид.

Аз дидори дўстам табъам болида гашт ва байти ҷовидонаи устод Рўдакӣ беихтиёр ба ёдам омад:

            Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

            Бартар аз дидори рўи дўстон.

Саросема ўро ба хона таклиф кардам. Дарҳол рад карда:

– Ин боғча беҳтарин ҷо, – гуфт. – Дар ҳамин ҷо мешинем. Бин имрўз чӣ хел ҳаво мўътадил, софу беғубор.

Ҳамсарам зуд ду курсӣ овард. Вай ба курсӣ нишаста, даст ба дуо бардошт:

– Барои ободии макон, зиндагии осоишта, хайру баракат!

Баъд ба ҳавлӣ назар дўхт. Нигоҳи ў ботааҷҷуб ва пур аз шавқу завқ буд. Баъд ба дарахти байни ҳавлӣ ишора карда, пурсид:

– Ин анҷир аст?

– Бале, – гуфтам, – анҷир аст, анҷири зард.

Вай боз суол дод:

– Сармо зада буд?

– Ҳа, соли 2003 сармо зад, – аз анҷир чашм наканда ҷавоб додам. – Аз бехаш буридам, боз аз кундааш навда зада сабзид. Имсол як дона баста буд.

– Ҳа-а, – мад кашид ў ва як ҳолати хиҷолатзада ба худ гирифт. Сипас андешаманд гашт. Гоҳ-гоҳ амиқ нафас мекашид. Гўё ким-чӣ гуна як ғаме дошт. Аз ў чизе напурсидам, мабодо, ки ягон захми ниҳонии ўро надониста хуншор кунам. Лаҳзае пас ба худ омадагӣ барин шуду ба ман рўй овард:

– Мегўянд, ки: “Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад”. Ҳамту не?

– Бале, дуруст, дўстам, дуруст.

– Наздат барои машварат омадам.

– На-аход? – мутаҳайир ба ў нигаристам.

– Ҳа, ҳамин тавр! – гуфт ў. – Медонӣ… ҳа як китоб навиштам.

– Китоб навиштӣ? – бо мароқ пурсидам ва ҳазломез илова намудам: – Дар дами пирӣ нависанда мешавам гўй.

– Ҳаргиз! – дарҳол эътироз баён намуд ў. – Ин асари бадеӣ нест, ҳолномаи ман аст.

Баъд қиёфаи ў ҷиддӣ шуд.

– Умри инсон басо кўтоҳ аст, – гуфт ў. – Вале инсон метавонад онро дарозу гуворо бисозад. Умрро меҳнати ҳалол ба нафъи халқу Ватан хушу дилписанд ва дароз мегардонад. Бузурге фармуда:

     Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

     В-ар ба нохушӣ гузарад, ними нафас бисёр аст.

Шояд ба дили ҷавонон роҳ ёбаду дар тарбияи маънавию ахлоқии онҳо саҳме гузорад.

Вай хомўш монда, боз ба дарахти анҷир дида медўзад.

– Канӣ?

– Чӣ? – ба рўи ман нигарист дўстам.

Ҳайратзада ба ў нигаристам:

– О китоб навиштам, гуфтӣ-ку.

– Ҳа-а… – мад кашид дўстам. – Не, наёвардам.

Ин ҷавоб маро ба вартаи ҳайронӣ андохт.

– Барои чӣ?

– Аввал ризогии туро гирам гуфтам, – гуфт ў. – Агар “ҳа” гўӣ меорам, “не” гўӣ не.

Вай ба ман тавре нигоҳ кард, ки дар он ҳам хоҳишу тарс буд ва ҳам шубҳаю умед. Лекин тарсу шубҳаи ў беҳуда буд.

– Не, дўстам, – гуфтам ба ў. – Ҳеҷ гоҳ “не” намегўям.

Хурсандии Абдулмаҷид интиҳо надошт.

– Ташаккур, сарам ба осмон расид, – бо табассуми латифи самимӣ гуфт ў ва аз ҷояш бархост.

– Лекин ба ҷўрагӣ умед набанд, – ҷиддӣ огоҳ кардам ўро. – Агар мағзу маънӣ надошта бошад, ҳамаашро хат мезанам.

Вай хандиду гуфт:

– Ҳо-оо, наход?

Ман бо хушҳолӣ гуфтам:

– Ҳа, ту маро медонӣ – гапам якта!

Лаҳни ў якбора ҷиддӣ шуд ва бо шубҳа пурсид:

– Наход, ки ҳамаашро хат занӣ?

Вай аз ман чашм намеканд.

– Хат мезанам! – ҷиддӣ гуфтам ман.

– Набошад намеорам, – бо табассум гуфт ў.

– Не, биёр, – исрор кардам ман.

– Агар набиёрам чӣ? – маънидор хандид ў.

– Набиёрӣ, – гуфтам, – худам ба хонаат меравам.

Вай хандида:

– Оҳо-оо! – гуфт.

Бо лабханд гуфтам:

– Меравам, меравам! Ту маро медонӣ – гапам якта!

Ба завқ меояд Абдулмаҷид ва хандида ба ман даст медиҳад.

*      *      *

Рўзи шанбе, баъд аз зўҳр, Абдулмаҷид дар даст як харбузаи калон, ба хонаам омад. Бо лабханд ба ў гуфтам:

– Оҳо, пора-ку!

– Не, расми хуби тоҷикон! – бо як шодмонӣ ва ҳиссу ҳаяҷони хосае гуфт ў.

Харбузаро аз дасташ гирифта, пурсидам:

– Аз палаки худат?

– Не, аз палаки , – филҳол ҷавоб гардонд вай.

– Овардӣ?

– Чиро?

– Китобро.

Вай хандон-хандон гуфт:

– Дар мошин.

Ба назди мошинаш рафтем. Дастнависро ба дастам дод. Зуд ба он нигаристам: “Дар талоши меҳр”.

– Оҳо, зўр-ку?!

– Илтимос, пас аз рафтани ман бихон.

Ба нею нестонаш нигоҳ накарда, ўро ба хона овардам. Зуд дастурхон густурда, харбузаро куштам.

– Харбузаи овардаатро худат мехўрӣ, – гуфтам ба ў. – Набошад ба кор даст намезанам.

Вай зери лаб табассум карда, як тилим мегирад. Ва ба ман рўй меорад:

– Гиред, ҷўра, гиред

– Не, намегирам, – мегўям ман ҷиддӣ.

– Барои чӣ? – мутаҳайир ба рўям менигарад.

– Аввал ту мехўрӣ, ман сабр мекунам, ҳеҷ воқеа, ки нашуд…

Ба завқ меояд Абдулмаҷид ва хандида ба ман даст медиҳад. Аз чӣ бошад, ки се-чор соли охир ман умуман харбуза намехўам. Бештар тарбуз истеъмол менамудам. Вале ба хотири дўстам ман ҳам мехўрам. Харбуза хуштамъ буду ширин. Абдулмаҷид ба ман рўй овард:

– Хўш, чӣ хел?

– Олиҷаноб! – гуфтам. – Ин хелашро бори аввал мехўрам.

Табъи дўстам боз ҳам болидатар мегардад.

– Гиред, гиред! – гўён, бо иштиҳо харбуза мехўрдем ва ҳамзамон аз ину он сўҳбати ҷиддӣ мекардем.

Сўҳбат оҳиста-оҳиста қўр гирифт. Мо рўзҳои корамонро дар соҳаи амволи давлатӣ, бурду бохтҳои роҳи умрамонро як-як ба ёд овардем.

Пас аз хўрдани харбуза сўҳбат маҷрои дигар гирифт. Акнун ҳазлу шўхӣ мекардем, латифа мегуфтем, механдидем. Қисса кўтоҳ, сўҳбату чақ-чақ тўл кашид. Бинем, ки рўз кайҳо ба поёни худ расидааст.

– Ҷўра, акнун ба ман фотиҳа бидеҳ, – илтимос кард Абдулмаҷид.

– Чӣ, меравӣ?

– Ҳа, рафтанам лозим, – гуфт ў.

– Не, имшаб хоб мекунӣ, – бо исрор гуфтам ман.

Офтоб ғуруб мекард.

– Хайр, – барои хайрухуш даст дод дўстам. – Ман боз меоям.

Аз байн се-чор рўз гузашту Абдулмаҷид занг зад.

– Вақт дошта бошӣ, биё, – гуфтам ба ў.

Рўзи дигар омад. Пас аз аҳволпурсӣ бо лабханди ширин ба ман рўй овард:

– Хўш, чӣ хел?

– Мешавад, – кўтоҳакак гуфтам дар ҷавоб.

Дўстам як оҳи чуқур кашид ва дар нигоҳаш эътирозе падид омад. Ба чеҳраам нигариста:

– Не, не, – гуфт.

Бо табассум пурсидам:

– Боз чаро “не”?

Вай бо шакархандаи малеҳ гуфт:

– “Мешавад” маро қаноат намекунад.

– Наход? – ба чашмони ў нигаристам. – Чӣ қаноат мекунад?

– Эродҳо… танқид…

– Ҳамаашро дар саҳифаҳо навиштаам, – гуфтам ва дастхатро ба ў додам.

Вай онро то охир варақ зада баромаду маънидорона ба ман нигариста, пурсид:

– Фикрат?

– Ҳарчӣ зудтар чоп кардан лозим.

Вай ба хаёл афтиду боз пурсид:

– Меарзад?

– Меарзад, – гуфтам ба ў. – Ман як сарсухан ҳам навиштаниам.

– Не-е, наход?! – вай рост ба чашмонам нигарист. – О ин чӣ хел мешавад?

– Хуб мешавад, – орому бо боварӣ гуфтам ба ў.

Вай бо шакархандаи малеҳ гуфт:

– Боз таъриф накунӣ, ки аз худ равам.

Бо табассум ба ў гуфтам:

– Не, ба ин фурсат намеёбӣ.

Ба завқ меояд Абдулмаҷид ва хандида ба ман даст медиҳад.

*      *      *

Шояд хонандае бо итоб бигўяд:

– Аз чоп кардани чунин китоб чӣ суд?!

Шитоб накунед, хонандаи гиромӣ. Чуноне ки устод Аскар Ҳаким гуфта:

             Офаринанда, ки одам офарид,

             Дар ҳар одам боз олам офарид.

Бале, Абдулмаҷид ҳам истисно нест. Ва шояд ҳаёти ў як китоб не, чандин китоб шавад. Аз зиндагиномаи Абдулмаҷид бармеояд, ки сарнавишти ў ба мисли сарнавишти даҳҳо ҳамсолонаш ба меҳнати ҳалол алоқаманд буда, ҳамеша дар талоши меҳр будааст. Ва ў ин ҳамаро бе ягон худситоӣ, бе обу ранг, аз дили соф беғразонаю холисона рўи қоғаз овардааст. Ин махсусият аз чашмаи меҳру вафо ва сидқу садоқат ба халқу ватан доштаи ў об мехўрад. Ва боз ин гувоҳи он аст, ки Абдулмаҷид умри худро босамар гузаронида, нақше дар ҳаёт гузоштааст.

Воқеан ҳам ба кӣ даркор умре, ки нақше дар зиндагӣ надорад?!

Аз ҳар сатри он бояд сабақ гирифт.

Мегўянд: “Ҳар киро рўзгор доно накунад, ҳеҷ доно ўро доно натавонад сохта”. Бале, устод Рўдакӣ ҳам беҳуда нагуфта:

             Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,

             Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.

Инак, китобро ба охир мерасонаму дилам рўшан мешавад ва шукр мекунам, ки дар дунё ҳамин хел одамон ҳастанд. Онҳо ба одамон умед мебахшанд.

Умед ба фардои нек!

24 августи соли 2005

[1] Сарсухан ба китоби Абдулмаїид Шарифов “Дар талоши меір”.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …