Главная / Гуногун / ЧАШМАИ СИДКУ САДОКАТ

ЧАШМАИ СИДКУ САДОКАТ

Муаллифи ин китоб журналист нест. Мухандиси сохаи наклиёт аст. Солхои тулони дар вазифахои гуногуни рохбари адои вазифа намудааст. Бо вучуди ин мардест басо одди, самими ва захматкаш. Дар зиндаги харчи ёфтааст, бо мехнати халоли худ, бо хулку одоби наку, хислатхои хамидаи инсони ёфтааст.

1068Бо Абдулмачид Шарифов замоне шинос ва хамсухбат шудам, ки уро сардори раёсати хусусигардонии вилояти Кулоб таъин карданд. Ин мохи июли соли 1992 ба вукуъ омада буд. Дар нахустин бархурд эхсос намудам, ки бо инсони фурутану бомаърифат, хушгуфтору хушрафтор, рохбари кордон, ташкилотчии мохиру ухдабаро сару кор дорам. Дар сухбату нишастхои баъди, ки бо такозои вазифа баргузор мегардид, комилан дарёфтам, ки у аз худситои, магрури, тамаъ, бадгуи, дуруштию дагали канорагир аст. Масъулиятшинос буда, басо окилонаю одилона гап мезанад. Сухбаташ кайфияти хосае дорад, аз суханхояш як дунё лаззат мебардори.

Аввалин вохури хуб дар ёдам мондааст. Вай либосхои хоксорона дар бар дошт, вале ба танаш шинам, ба у мезебиданд. Вокеан, кадду комати базеб, чехраи басе гарму дилчу, чашмони мехрубон ва хандаи ширадор дошт. Дар нигохи у оташакеро дидам. Ин оташи масъулият буд. У мефахмид, ки такдири халку механро бар душ дорад, вахдати миллат ва равнаки фарханг карзи фарзандии уст. Вале ман мехостам, ки вай бештар аз мушкилихо сухан гуяд, то ба у кумак расонем.

– Э-э, гилаву чингила бисёр, – даст афшонда гуфт у, – дард, гаму гусса бисёр, гап бисёр. Лекин ин хамаро худамон хал мекунем. Бехтараш ба ягон чо рафта як пиёла чой нушем.

Дар боги маркази сари як пиёла чой мулокот кардем. Гарм, самими, дилкаш буд он сухбат. Боз чанд бори дигар дар боги маркази, ки як фазои сояву салкине дошт, нишаста аз сухбати у бахра бурдам.

– Абдулмачид одами нагз, кордон ва мушкилкушо, – боре гуфт як шиносаш ба ман. – Ба мардуми Кулоб нафъашон бисёр расидааст.

Баътар мо барои ёри ба вилояти Хатлон рафтем. Мехмони хонадонаш гаштем, нону намакашро хурдем.

Дидам, ки Абдулмачид дорои оилаи мехрубон, фарзандони начиб, зиндагии хуш мебошад. Дар байни хамкорон, хешовандон, рафикону наздиконаш хурмати баланд дорад. Руз аз руз дустии мо кавитар мегашт.

Вай бо хоксории худ маро беш аз пеш ба хайрат меовард. Ва хар боре, ки бо у ру ба ру меомадам, ин мисрахои устод Аминчон Шукухи ба ёдам мерасид:

      Дона то дар хок н-афтад кай ба боло кад кашад,

      Кадри одам хам баланд аз хоксори мешавад.

Вай хамеша дар ёди хешу табор ва ёру дустон буда, аз холу зиндагиашон чуё мешавад, ёрии хешро дарег намедорад. Кумаку ёрию дастгириаш бетамаъ, бегаразона бидуни фахрфурушию шухратталабианд.

Баъдтар аз дустонаш шунидам:

– Замон дигар шуд, одамон хам. Вале Абдулмачид хамин хел монд.

Хак асту рост!

Сеюми августи соли 2005. Рузе буд тираву дилгир. Табъи ман хам хира гашт. Дилам бухс кард. Хаёлотам печида, мушавваш гардидам. Дар хона нишаста натавониста, ба хавличаам баромадам. Охиста-охиста гардиш кардам. Пеш аз зухр дустам Абдулмачид омад.

– Э мардак! – гуфтам бо хаячон. – Э хайрият-е!

– Шодам, ки туро саломат мебинам, – гуфт у ва огуш боз карда, маро ба канор гирифт.

Баъд бо чехраи хандон, дурудароз дастамро сар надода, гарму нарм ахвол пурсид.

Аз дидори дустам табъам болида гашт ва байти човидонаи устод Рудаки беихтиёр ба ёдам омад:

            Хеч шоди нест андар ин чахон,

            Бартар аз дидори руи дустон.

Саросема уро ба хона таклиф кардам. Дархол рад карда:

– Ин богча бехтарин чо, – гуфт. – Дар хамин чо мешинем. Бин имруз чи хел хаво муътадил, софу бегубор.

Хамсарам зуд ду курси овард. Вай ба курси нишаста, даст ба дуо бардошт:

– Барои ободии макон, зиндагии осоишта, хайру баракат!

Баъд ба хавли назар духт. Нигохи у ботааччуб ва пур аз шавку завк буд. Баъд ба дарахти байни хавли ишора карда, пурсид:

– Ин анчир аст?

– Бале, – гуфтам, – анчир аст, анчири зард.

Вай боз суол дод:

– Сармо зада буд?

– Ха, соли 2003 сармо зад, – аз анчир чашм наканда чавоб додам. – Аз бехаш буридам, боз аз кундааш навда зада сабзид. Имсол як дона баста буд.

– Ха-а, – мад кашид у ва як холати хичолатзада ба худ гирифт. Сипас андешаманд гашт. Гох-гох амик нафас мекашид. Гуё ким-чи гуна як гаме дошт. Аз у чизе напурсидам, мабодо, ки ягон захми нихонии уро надониста хуншор кунам. Лахзае пас ба худ омадаги барин шуду ба ман руй овард:

– Наздат барои машварат омадам.

– На-аход? – мутахайир ба у нигаристам.

– Ха, хамин тавр! – гуфт у. – Медони… ха як китоб навиштам.

– Китоб навишти? – бо марок пурсидам ва хазломез илова намудам: – Дар дами пири нависанда мешавам гуй.

– Харгиз! – дархол эътироз баён намуд у. – Ин асари бадеи нест, холномаи ман аст.

Баъд киёфаи у чидди шуд.

– Умри инсон басо кутох аст, – гуфт у. – Вале инсон метавонад онро дарозу гуворо бисозад. Умрро мехнати халол ба нафъи халку Ватан хушу дилписанд ва дароз мегардонад. Бузурге фармуда:

     Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

     В-ар ба нохуши гузарад, ними нафас бисёр аст.

Шояд ба дили чавонон рох ёбаду дар тарбияи маънавию ахлокии онхо сахме гузорад.

Вай хомуш монда, боз ба дарахти анчир дида медузад.

– Кани?

– Чи? – ба руи ман нигарист дустам.

Хайратзада ба у нигаристам:

– О китоб навиштам, гуфти-ку.

– Ха-а… – мад кашид дустам. – Не, наёвардам.

Ин чавоб маро ба вартаи хайрони андохт.

– Барои чи?

– Аввал ризогии туро гирам гуфтам, – гуфт у. – Агар “ха” гуи меорам, “не” гуи не.

Вай ба ман тавре нигох кард, ки дар он хам хохишу тарс буд ва хам шубхаю умед. Лекин тарсу шубхаи у бехуда буд.

– Не, дустам, – гуфтам ба у. – Хеч гох “не” намегуям.

Хурсандии Абдулмачид интихо надошт.

– Ташаккур, сарам ба осмон расид, – бо табассуми латифи самими гуфт у ва аз чояш бархост.

– Лекин ба чураги умед набанд, – чидди огох кардам уро. – Агар магзу маъни надошта бошад, хамаашро хат мезанам.

Вай хандиду гуфт:

– Хо-оо, наход?

Ман бо хушхоли гуфтам:

– Ха, ту маро медони – гапам якта!

Лахни у якбора чидди шуд ва бо шубха пурсид:

– Наход, ки хамаашро хат зани?

Вай аз ман чашм намеканд.

– Хат мезанам! – чидди гуфтам ман.

– Набошад намеорам, – бо табассум гуфт у.

– Не, биёр, – исрор кардам ман.

– Агар набиёрам чи? – маънидор хандид у.

– Набиёри, – гуфтам, – худам ба хонаат меравам.

Вай хандида:

– Охо-оо! – гуфт.

Бо лабханд гуфтам:

– Меравам, меравам! Ту маро медони – гапам якта!

Ба завк меояд Абдулмачид ва хандида ба ман даст медихад.

Рузи шанбе, баъд аз зухр, Абдулмачид ба хонаам омад.

– Оварди?

– Чиро?

– Китобро.

Вай хандон-хандон гуфт:

– Дар мошин.

Ба назди мошинаш рафтем. Дастнависро ба дастам дод. Зуд ба он нигаристам: “Дар талоши мехр”.

– Охо, зур-ку?!

– Илтимос, пас аз рафтани ман бихон.

Ба нею нестонаш нигох накарда, уро ба хона овардам. Зуд дастурхон густурда, чой овардам. Сухбат охиста-охиста кур гирифт. Мо рузхои корамонро дар сохаи амволи давлати, бурду бохтхои рохи умрамонро як-як ба ёд овардем. Сипас сухбат мачрои дигар гирифт. Акнун хазлу шухи мекардем, латифа мегуфтем, механдидем. Кисса кутох, сухбату чак-чак тул кашид. Бинем, ки руз кайхо ба поёни худ расидааст.

– Чура, акнун ба ман фотиха бидех, – илтимос кард Абдулмачид.

– Чи, мерави?

– Ха, рафтанам лозим, – гуфт у.

– Не, имшаб хоб мекуни, – бо исрор гуфтам ман.

Офтоб гуруб мекард.

– Хайр, – барои хайрухуш даст дод дустам. – Ман боз меоям.

Аз байн се-чор руз гузашту Абдулмачид занг зад.

– Вакт дошта боши, биё, – гуфтам ба у.

Рузи дигар омад. Пас аз ахволпурси бо лабханди ширин ба ман руй овард:

– Хуш, чи хел?

– Мешавад, – кутохакак гуфтам дар чавоб.

Дустам як охи чукур кашид ва дар нигохаш эътирозе падид омад. Ба чехраам нигариста:

– Не, не, – гуфт.

Бо табассум пурсидам:

– Боз чаро “не”?

Вай бо шакархандаи малех гуфт:

– “Мешавад” маро каноат намекунад.

– Наход? – ба чашмони у нигаристам. – Чи каноат мекунад?

– Эродхо… танкид…

– Хамаашро дар сахифахо навиштаам, – гуфтам ва дастхатро ба у додам.

Вай онро то охир варак зада баромаду маънидорона ба ман нигариста, пурсид:

– Фикрат?

– Харчи зудтар чоп кардан лозим.

Вай ба хаёл афтиду боз пурсид:

– Меарзад?

– Меарзад, – гуфтам ба у. – Ман як сарсухан хам навиштаниам.

– Не-е, наход?! – вай рост ба чашмонам нигарист. – О ин чи хел мешавад?

– Хуб мешавад, – орому бо бовари гуфтам ба у.

Вай бо шакархандаи малех гуфт:

– Боз таъриф накуни, ки аз худ равам.

Бо табассум ба у гуфтам:

– Не, ба ин фурсат намеёби.

Ба завк меояд Абдулмачид ва хандида ба ман даст медихад.

Шояд хонандае бо итоб бигуяд:

– Аз чоп кардани чунин китоб чи суд?!

Шитоб накунед, хонандаи гироми. Чуноне ки устод Аскар Хаким гуфта:

             Офаринанда, ки одам офарид,

             Дар хар одам боз олам офарид.

Бале, Абдулмачид хам истисно нест. Ва шояд хаёти у як китоб не, чандин китоб шавад. Аз зиндагиномаи Абдулмачид бармеояд, ки сарнавишти у ба мисли сарнавишти даххо хамсолонаш ба мехнати халол алокаманд буда, хамеша дар талоши мехр будааст.

Дар китобаш аз устодони худ, муаллимони мактаби хафтсолаи ба номи Абдурахмони Чомии дехаи Калот муаллими математика ва физика Улё Умаров, муаллими забон ва адабиёти точик Сафаров, директори мактаб  Дости Латипов ба неки ёд меорад.

Инчунин дар холномааш мавкеи Омузишгохи махсуси касби-техникии №11 стансияи Чептура, Институти Политехникии Точикистон, мехнати пурмашакати устодони сохтгиру мехрубонашро басо рангин ба калам додааст.

Ва аз хама мухимаш у ин хамаро бе ягон худситои, бе обу ранг, аз дили соф бегразонаю холисона руи когаз овардааст. Ин махсусият аз чашмаи мехру вафо ва сидку садокат ба халку ватан доштаи у об мехурад. Ва боз ин гувохи он аст, ки Абдулмачид умри худро босамар гузаронида, накше дар хаёт гузоштааст.

Вокеан хам ба ки даркор умре, ки накше дар зиндаги надорад?!

Инак, китобро ба охир мерасонаму дилам рушан мешавад ва шукр мекунам, ки дар дунё хамин хел одамон хастанд. Онхо ба одамон умед мебахшанд.

Умед ба фардои нек!

24 августи соли 2005

18 ноябр китоб тайёр шуд. Вале у чунон гамигин омад, ки ман дар хайрат мондам.

– Бин, чи кор кардаанд, – гуфт у бо андух.

Зери сурати падарарусаш харфи “а” афтида, “Тавар” “Твар” шудааст.

– На, ман ба падарасрусам чи чавоб медихам?! Охир маро мекушад!

У намегиристу халос.

25 ноябр якчоя китобро ба хамкурсаш Шоди Амонов, ки сарчаррохи беморхонаи раками 5 шахр будааст, бурдем. Вай бенихоят хурсанд шуд.

– Бисёр кори хуб карди, – гуфт ба Абдулмачид.

Рузи шанбе китобро ба омузишгохи №11-и Чиптура ва хамкурсаш, сардори дастгохи нохияи Шахринав Музаффар Додобоев ва Амина бурд. Аминаро наёфтааст.

Субхи рузи 30 ноябр аз шахри Кургонтепа занг зад.

– Чи хол доред? Гуфтам овози шуморо шунида, баъд ба кор равам. Холмурод ба хона занг задааст. Аз оханги гапзаниаш маъкул нашудааст.

– Хамсаратон хонд?

– Не, мегуяд баъд мехонам. Хаёлаш, ки хама чизро дар бораи ман медонад.

ЧАШМАИ СИДКУ САДОКАТ

Ба чои сарсухан

Муаллифи ин китоб журналист нест. Мухандиси сохаи наклиёт аст. Солохои тулони дар вазифахои гуногуни рохбари адои вазифа намудааст. Бо вучуди ин мардест басо одди, самими ва захматкаш. Дар зиндаги харчи ёфтааст, бо мехнати халоли худ, бо хулку одоби наку, хислатхои хамидаи инсони ёфтааст.

Бо Абдулмачид Шарифов замоне шинос ва хамсухбат шудам, ки уро сардори раёсати хусусигардонии вилояти Кулоб таъин карданд. Ин мохи июни соли 1992 ба вукуъ омада буд. Дар нахустин бархурд эхсос намудам, ки бо инсони фурутану бомаърифат, хушгуфтору хушрафтор, рохбари кордон, ташкилотчии мохиру ухдабаро сару кор дорам. Дар сухбату нишастхои баъди, ки бо такозои вазифа баргузор мегардид, комилан дарёфтам, ки у аз худситои, магрури, тамаъ, бадгуи, дуруштию дагали канорагир аст. Масъулиятшинос буда, басо окилонаю одилона гап мезанад. Сухбаташ кайфияти хосае дорад, аз суханхояш як дунё лаззат мебардори.

Аввалин вохури хуб дар ёдам мондааст. Вай либосхои хоксорона дар бар дошт, вале ба танаш шинам, ба у мезебиданд. Вокеан, кадду комати базеб, чехраи басе гарму дилчу, чашмони мехрубон ва хандаи ширадор дошт. Дар нигохи у оташакеро дидам. Ин аташи масъулият буд. У мефахмид, ки такдири халку механро бар душ дорад, вахдати миллат ва равнаки фарханг карзи фарзандии уст. Вале ман мехостам, ки вай бештар аз мушкилихо сухан гуяд, то ба у кумак расонем.

– Э-э, гилаву чингила бисёр, – даст афшонда гуфт у, – дард, гаму гусса бисёр, гап бисёр. Лекин ин хамаро худамон хал мекунем. Бехтараш ба ягон чо рафта як пиёла чой нушем.

– Не-е… баъд… ягон рузи дигар… – забон хоидам ман.

Аз чи бошад, ки у лахзае хомуш монд ва баъд гуфт:

– Абуали ибни Синои бузург гуфтааст:

            Имруз бикун, чу метавони коре,

            Фардо чи куни, чун натавони кард.

Сипас дар чехрааш табассуми ширин падид омаду бо хушхоли гуфт:

– Фардо ки медонад, ки ман дар кучоям.

Ман хануз дудила будам: равам ё не? Муддате сукут баркарор шуд. Вай аз ман чашм намеканд. Андаке баъд ин мисрахоро хонд:

            Сармояи умри одами як нафас аст,

            Он як нафас аз барои як хамнафас аст.

            Бо хамнафасе гар нафасе биншини,

            Мачмуи хаёти умр он, як нафас аст.

Дигар хочат ба бахоначуи намонд.

Дар боги маркази сари як пиёла чой мулокот кардем. Гарм, самими, дилкаш буд он сухбат. Боз чанд бори дигар дар боги маркази, ки як фазои сояву салкине дошт, нишаста аз сухбати у бахра бурдам.

– Абдулмачид одами нагз, кордон ва мушкилкушо, – боре гуфт як шиносаш ба ман. – Ба мардуми Кулоб нафъашон бисёр расидааст.

Баътар мо барои ёри ба вилояти Хатлон рфтем. Мехмони хонадонаш гаштем, нону намакшро хурдем.

Дидам, ки Абдулмачид дорои оилаи мехрубон, фарзандони начиб, зиндагии хуш мебошад. Дар байни хамкорон, хешовандон, рафикону наздиконаш хурмати баланд дорад. Руз аз руз дустии мо кавитар мегашт. Гуё шоир ин мисрахоро барои Абдулмачид эчод карда бошад:

            Онро, ки камоли маърифат шуд хосил,

            Хам муниси чон бошаду хам махрами дил.

Вай бо хоксории худ маро беш аз пеш ба хайрат меовард. Ва хар боре, ки бо у ру ба ру меомадам, ин мисрахои устод Аминчон Шукухи ба ёдам мерасид:

      Дона то дар хок н-афтад кай ба боло кад кашад,

      Кадри одам хам баланд аз хоксори мешавад.

Вай хамеша дар ёди хешу табор ва ёру дустон буда, аз холу зиндагиашон чуё мешавад, ёрии хешро дарег намедорад. Кумаку ёрию дастгириаш бетамаъ, бегаразона бидуни фахрфурушию шухратталабианд.

             Он чи максуди одамизод аст,

             Номи нек асту он дигар бод аст.

Баъдтар аз дустонаш шунидам:

– Замон дигар шуд, одамон хам. Вале Абдулмачид хамин хел монд.

Хак асту рост!

*      *      *

Сеюми августи соли 2005. Рузе буд тираву дилгир. Табъи ман хам хира гашт. Дилам бухс кард. Хаёлотам печида, мушавваш гардидам. Дар хона нишаста натавониста, ба хавличаам баромадам. Охиста-охиста гардиш кардам. Пеш аз зухр дустам Абдулмачид омад.

– Э мардак! – гуфтам бо хаячон. – Э хайрият-е!

– Шодам, ки туро саломат мебинам, – гуфт у ва огуш боз карда, маро ба канор гирифт.

Баъд бо чехраи хандон, дурудароз дастамро сар надода, гарму нарм ахвол пурсид.

Аз дидори дустам табъам болида гашт ва байти човидонаи устод Рудаки беихтиёр ба ёдам омад:

            Хеч шоди нест андар ин чахон,

            Бартар аз дидори руи дустон.

Саросема уро ба хона таклиф кардам. Дархол рад карда:

– Ин богча бехтарин чо, – гуфт. – Дар хамин чо мешинем. Бин имруз чи хел хаво муътадил, софу бегубор.

Хамсарам зуд ду курси овард. Вай ба курси нишаста, даст ба дуо бардошт:

– Барои ободии макон, зиндагии осоишта, хайру баракат!

Баъд ба хавли назар духт. Нигохи у ботааччуб ва пур аз шавку завк буд. Баъд ба дарахти байни хавли ишора карда, пурсид:

– Ин анчир аст?

– Бале, – гуфтам, – анчир аст, анчири зард.

Вай боз суол дод:

– Сармо зада буд?

– Ха, соли 2003 сармо зад, – аз анчир чашм наканда чавоб додам. – Аз бехаш буридам, боз аз кундааш навда зада сабзид. Имсол як дона баста буд.

– Ха-а, – мад кашид у ва як холати хичолатзада ба худ гирифт. Сипас андешаманд гашт. Гох-гох амик нафас мекашид. Гуё ким-чи гуна як гаме дошт. Аз у чизе напурсидам, мабодо, ки ягон захми нихонии уро надониста хуншор кунам. Лахзае пас ба худ омадаги барин шуду ба ман руй овард:

– Мегуянд, ки: “Машварат идроку хушёри дихад, аклхоро аклхо ёри дихад”. Хамту не?

– Бале, дуруст, дустам, дуруст.

– Наздат барои машварат омадам.

– На-аход? – мутахайир ба у нигаристам.

– Ха, хамин тавр! – гуфт у. – Медони… ха як китоб навиштам.

– Китоб навишти? – бо марок пурсидам ва хазломез илова намудам: – Дар дами пири нависанда мешавам гуй.

– Харгиз! – дархол эътироз баён намуд у. – Ин асари бадеи нест, холномаи ман аст.

Баъд киёфаи у чидди шуд.

– Умри инсон басо кутох аст, – гуфт у. – Вале инсон метавонад онро дарозу гуворо бисозад. Умрро мехнати халол ба нафъи халку Ватан хушу дилписанд ва дароз мегардонад. Бузурге фармуда:

     Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

     В-ар ба нохуши гузарад, ними нафас бисёр аст.

Шояд ба дили чавонон рох ёбаду дар тарбияи маънавию ахлокии онхо сахме гузорад.

Вай хомуш монда, боз ба дарахти анчир дида медузад.

– Кани?

– Чи? – ба руи ман нигарист дустам.

Хайратзада ба у нигаристам:

– О китоб навиштам, гуфти-ку.

– Ха-а… – мад кашид дустам. – Не, наёвардам.

Ин чавоб маро ба вартаи хайрони андохт.

– Барои чи?

– Аввал ризогии туро гирам гуфтам, – гуфт у. – Агар “ха” гуи меорам, “не” гуи не.

Вай ба ман тавре нигох кард, ки дар он хам хохишу тарс буд ва хам шубхаю умед. Лекин тарсу шубхаи у бехуда буд.

– Не, дустам, – гуфтам ба у. – Хеч гох “не” намегуям.

Хурсандии Абдулмачид интихо надошт.

– Ташаккур, сарам ба осмон расид, – бо табассуми латифи самими гуфт у ва аз чояш бархост.

– Лекин ба чураги умед набанд, – чидди огох кардам уро. – Агар магзу маъни надошта бошад, хамаашро хат мезанам.

Вай хандиду гуфт:

– Хо-оо, наход?

Ман бо хушхоли гуфтам:

– Ха, ту маро медони – гапам якта!

Лахни у якбора чидди шуд ва бо шубха пурсид:

– Наход, ки хамаашро хат зани?

Вай аз ман чашм намеканд.

– Хат мезанам! – чидди гуфтам ман.

– Набошад намеорам, – бо табассум гуфт у.

– Не, биёр, – исрор кардам ман.

– Агар набиёрам чи? – маънидор хандид у.

– Набиёри, – гуфтам, – худам ба хонаат меравам.

Вай хандида:

– Охо-оо! – гуфт.

Бо лабханд гуфтам:

– Меравам, меравам! Ту маро медони – гапам якта!

Ба завк меояд Абдулмачид ва хандида ба ман даст медихад.

*      *      *

Рузи шанбе, баъд аз зухр, Абдулмачид дар даст як харбузаи калон, ба хонаам омад. Бо лабханд ба у гуфтам:

– Охо, пора-ку!

– Не, расми хуби точикон! – бо як шодмони ва хиссу хаячони хосае гуфт у.

Харбузаро аз дасташ гирифта, пурсидам:

– Аз палаки худат?

– Не, аз палаки , – филхол чавоб гардонд вай.

– Оварди?

– Чиро?

– Китобро.

Вай хандон-хандон гуфт:

– Дар мошин.

Ба назди мошинаш рафтем. Дастнависро ба дастам дод. Зуд ба он нигаристам: “Дар талоши мехр”.

– Охо, зур-ку?!

– Илтимос, пас аз рафтани ман бихон.

Ба нею нестонаш нигох накарда, уро ба хона овардам. Зуд дастурхон густурда, харбузаро куштам.

– Харбузаи овардаатро худат мехури, – гуфтам ба у. – Набошад ба кор даст намезанам.

Вай зери лаб табассум карда, як тилим мегирад. Ва ба ман руй меорад:

– Гиред, чура, гиред

– Не, намегирам, – мегуям ман чидди.

– Барои чи? – мутахайир ба руям менигарад.

– Аввал ту мехури, ман сабр мекунам, хеч вокеа, ки нашуд…

Ба завк меояд Абдулмачид ва хандида ба ман даст медихад. Аз чи бошад, ки се-чор соли охир ман умуман харбуза намехуам. Бештар тарбуз истеъмол менамудам. Вале ба хотири дустам ман хам мехурам. Харбуза хуштамъ буду ширин. Абдулмачид ба ман руй овард:

– Хуш, чи хел?

– Оличаноб! – гуфтам. – Ин хелашро бори аввал мехурам.

Табъи дустам боз хам болидатар мегардад.

– Гиред, гиред! – гуён, бо иштихо харбуза мехурдем ва хамзамон аз ину он сухбати чидди мекардем.

Сухбат охиста-охиста кур гирифт. Мо рузхои корамонро дар сохаи амволи давлати, бурду бохтхои рохи умрамонро як-як ба ёд овардем.

Пас аз хурдани харбуза сухбат мачрои дигар гирифт. Акнун хазлу шухи мекардем, латифа мегуфтем, механдидем. Кисса кутох, сухбату чак-чак тул кашид. Бинем, ки руз кайхо ба поёни худ расидааст.

– Чура, акнун ба ман фотиха бидех, – илтимос кард Абдулмачид.

– Чи, мерави?

– Ха, рафтанам лозим, – гуфт у.

– Не, имшаб хоб мекуни, – бо исрор гуфтам ман.

Офтоб гуруб мекард.

– Хайр, – барои хайрухуш даст дод дустам. – Ман боз меоям.

Аз байн се-чор руз гузашту Абдулмачид занг зад.

– Вакт дошта боши, биё, – гуфтам ба у.

Рузи дигар омад. Пас аз ахволпурси бо лабханди ширин ба ман руй овард:

– Хуш, чи хел?

– Мешавад, – кутохакак гуфтам дар чавоб.

Дустам як охи чукур кашид ва дар нигохаш эътирозе падид омад. Ба чехраам нигариста:

– Не, не, – гуфт.

Бо табассум пурсидам:

– Боз чаро “не”?

Вай бо шакархандаи малех гуфт:

– “Мешавад” маро каноат намекунад.

– Наход? – ба чашмони у нигаристам. – Чи каноат мекунад?

– Эродхо… танкид…

– Хамаашро дар сахифахо навиштаам, – гуфтам ва дастхатро ба у додам.

Вай онро то охир варак зада баромаду маънидорона ба ман нигариста, пурсид:

– Фикрат?

– Харчи зудтар чоп кардан лозим.

Вай ба хаёл афтиду боз пурсид:

– Меарзад?

– Меарзад, – гуфтам ба у. – Ман як сарсухан хам навиштаниам.

– Не-е, наход?! – вай рост ба чашмонам нигарист. – О ин чи хел мешавад?

– Хуб мешавад, – орому бо бовари гуфтам ба у.

Вай бо шакархандаи малех гуфт:

– Боз таъриф накуни, ки аз худ равам.

Бо табассум ба у гуфтам:

– Не, ба ин фурсат намеёби.

Ба завк меояд Абдулмачид ва хандида ба ман даст медихад.

*      *      *

Шояд хонандае бо итоб бигуяд:

– Аз чоп кардани чунин китоб чи суд?!

Шитоб накунед, хонандаи гироми. Чуноне ки устод Аскар Хаким гуфта:

             Офаринанда, ки одам офарид,

             Дар хар одам боз олам офарид.

Бале, Абдулмачид хам истисно нест. Ва шояд хаёти у як китоб не, чандин китоб шавад. Аз зиндагиномаи Абдулмачид бармеояд, ки сарнавишти у ба мисли сарнавишти даххо хамсолонаш ба мехнати халол алокаманд буда, хамеша дар талоши мехр будааст. Ва у ин хамаро бе ягон худситои, бе обу ранг, аз дили соф бегразонаю холисона руи когаз овардааст. Ин махсусият аз чашмаи мехру вафо ва сидку садокат ба халку ватан доштаи у об мехурад. Ва боз ин гувохи он аст, ки Абдулмачид умри худро босамар гузаронида, накше дар хаёт гузоштааст.

Вокеан хам ба ки даркор умре, ки накше дар зиндаги надорад?!

Аз хар сатри он бояд сабак гирифт.

Мегуянд: “Хар киро рузгор доно накунад, хеч доно уро доно натавонад сохта”. Бале, устод Рудаки хам бехуда нагуфта:

             Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,

             Хеч н-омузад зи хеч омузгор.

Инак, китобро ба охир мерасонаму дилам рушан мешавад ва шукр мекунам, ки дар дунё хамин хел одамон хастанд. Онхо ба одамон умед мебахшанд.

Умед ба фардои нек!

24 августи соли 2005

[1] Сарсухан ба китоби Абдулмаїид Шарифов “Дар талоши меір”.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …