Главная / Илм / БРОНХОСКОПИЯ

БРОНХОСКОПИЯ

bronhoskopiiaБРОНХОСКОПИЯ (аз бронххо ва юн. skopeo – мушохида кардан, дидан), трахеобронхоскопия, усули тадкики даруни трахея ва бронххо ба воситаи асбобхои махсуси оптики. Б.-ро барои ташхиси беморихои трахея, бронххо, шуш, гуддахои лимфавии дохили сина, ки мучиби хунпартои мешаванд, сурфаи бардавом, дамкутохи, тагйирот дар рентгенограмма (омос, сил, чисми бегонаи трахеяю бронххо ва г.) истифода мебаранд. Дар мавриди Б. агар аз вучуд доштани омос гумонбар шаванд, пас биопсия низ мегузаронанд. Б. бо максади ичрои баъзе тадбирхои табобати низ амали гардонда мешавад, мас., берун овардани чисмхои бегона ва бронхолитхо аз рохи нафас (ниг. Бронхолитиаз), манъ кардани хунрави аз шуш, шикофтани думбали шуш ва г.
Б. ба тавассути бронхоскопхои сахт ё бронхофиброскопхо гузаронда мешавад. Бронхоскопхои сахтро зери наркоз ва дар холати ба тахтапушт хобидани бемор истифода мебаранд. Хангоми осеб доштани сутунмухраи гардан, чоги поён ва барои организм бадпазир будани бехиссозии умуми (ниг. Наркоз) корбасти бронхоскопи сахт чоиз нест. Бронхофиброскопия зери бехиссозии мавзеи ва дар холати нишастан ё ба пушт дароз кашидани бемор гузаронда мешавад. Эндоскопро ба бронххо аз бини ё дахон мефиристанд. Бинобар чандир ва борик будан, бронхофиброскоп барои дакик муоина кардани бронххо имконияти мусоид фарохам меорад. Истифодаи бронхофиброскоп нисбатан безарар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …