Главная / Маданият ва санъат / Биҳишти дуюм, ки онро дорулмақом гӯянд

Биҳишти дуюм, ки онро дорулмақом гӯянд

Биҳишти дуюм, ки онро дорулмақом гӯянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ман ва Ҷабраил (а) ва  Ризвон аз биҳишти аввал пештар шудем, расидем дар биҳишти дуюм, ки онро дорулмақом гӯянд. Он биҳишт аз зарри сурху нуқра аст. Ва кунгураҳои ӯ аз марворид ва болои он навишта шудааст, ки “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р- расулуллоҳ”.

Бинои қасрҳои ӯ хиште аз зар ва хиште аз нуқра ва бӯи он аз мушку анбар ва сангрезаи саҳни он дурру марҷон. Гиёҳи замини он аз заъфарон ва либоси биҳиштиён аз ҳарир. Гили он аз мушку анбар ва тахтҳои он аз ёқути сурх.

Дар ҳap тахте чандин қолини зебо ва дар пеши ҳар тахте ҳури некӯрӯй ва ҳар яке аз ин ҳурон чандин либос болои ҳам пӯшида ва пеши ҳар ҳуре чанд каниз истода. Тӯҳфаҳо ва пиёлаҳои шароб ба даст гирифта.

Дар хабар аст, ки чун бандаи мӯьмин дар биҳишт дарояд, бар саҳни хонаи худ бирасад. Ҳуре бинад, ки онро ҳурулъин гӯянд. Ва чандин ҳурон ҳамроҳи он бошанд. Бар хоки мушку анбар ғалтон ва ҳеҷ мӯе набошад, ки аз дур ва ҷавохир  мурассаъ набошад. Ва бар сари ҳурон чу нон намояд, ки моҳи шаби чаҳордаҳ дар миёни ситорагон ва он ҳурульинро хабар шавад, ки подшохи биҳишт омад.

Хурульни пойи бараҳна  берун ояд ва ҳурони бисёр дар атрофи ӯ. Чун назари мӯъмин бар он ҳур афтад, худро аз асп бурок бар замин афканад. Ва  баробари он ҳур бар тахт қарор ёбад. Ва арӯси дунёяш хабар  шавад, ки шавҳари ту дар баробари ҳурулъин бар тахт нишастааст. Ва арӯси дунё биёяд ва дар паҳлӯи шавҳари худ нишинад. Мард ӯро дида ҳайрон бимонаду гӯяд: – Илохо,  моҳ аз куҷо омадаасг?

Чунки занҳои мусулмонон низ дар қиёмат чунон хушрӯй  шаванд, ки ҳурон рашк баранд.

Ин арӯси дунё рӯи ба сӯи хуру.тьин карда гӯяд, ки ман дар дунё ранҷҳо кашидаам ва фарзандон зодаам ва хонаи инро ободон кардаам ва ба вакти заҳмат ҳамроҳи он будаам. Имрӯз, ки вақти роҳат ва лаззат гирифтан аст, ту дар ин ҳол ӯро мегирӣ? Ҳур гӯяд, ки солҳои дароз бо ту буд, дар ин чо ҳамроҳи ман бошад.

Чун инҳо дар муноқиша шаванд, Худованди бузург бодеро  аз таҳти арш бивазонад, ки тамоми кинаву кудурратҳоро аз  дилҳои инҳо берун кунад. Баьд аз он арӯси дунё гӯяд, ки ин  мард дар дунё ҳамроҳи ман буд, акнун дар ин ҷо ҳамроҳи ту бошад?

Ҳур гӯяд, ки дар дунё ту азоб ва машаққат кашида, фарзандон  ба дунё овардӣ ва дар вақти мушкилиҳо ҳамроҳи ин мард будӣ. Акнун, ки вақти роҳат расидааст, ин ҷо низ ҳамроҳи ӯ бош.

Хулосаи калон ин ки дар дилҳои онҳо аз кинаву адоват чизе  намонда, ба монанди беҳтарин дӯст бо ҳамдигар маъишат мекунанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …