БЕХ

allochrusaБЕХ, Allochrusa (Acanthophyllum) gypsophiloides, бехдору, бехи сафед, нишоллобех, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 80 см кад мекашад. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш майдаи сафед ё гулоби, гузааш байзашакл. Моххои май – июн гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Одатан, дар дашту биёбон, нишебихои кух ва теппахо меруяд. Дар Точикистон асосан дар куххои Мевагул, Курамаю Зарафшон пахн шудааст.
Дар тибби мардуми киёми решаи Б.-ро хамчун доруи балгамрон (хангоми бронхит ва диг. беморихои рохи нафас), талхарон, пешоброн ва исхоловар истифода мебаранд. Барои ин решаи майдакардаи онро ба як истакон оби чушидаи хунук андохта, 8 – 10 соат нигох медоранд ва дар давоми руз менушанд. Баъзан аз решаи Б. чой карда, хангоми беморихои меъдаю руда, пуст (пиодермия, шукуфа, пучак), аъзои чинси, испурч, чигар, гурда ва ихтилоли мубодилаи моддахо истеъмол мекунанд. Киёми появу барги Б.-ро хамчун доруи исхоловар ва балгамрон истифода мебаранд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …