Главная / Ҷамъият / Барӯйхатгирии аҳолӣ

Барӯйхатгирии аҳолӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5, мод.330)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– барӯйхатгирии аҳолӣ – мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморӣ, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолии дар санаи муайянкарда ҷамъ оварда, коркард ва ҷамъбаст карда мешавад;

– маълумот дар бораи аҳолӣ – маълумоте, ки мувофиқи номгӯйи саволҳо дар бораи аҳолӣ ҷамъ карда мешавад;

– гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ – гурӯҳи шаҳрвандон, ки омӯзиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда шудаанд;

– ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои махсуси намунаи маъмул, аз ҷумла варақаи дорои шакли муайяни барӯйхатгирии аҳолӣ, ки барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи он истифода бурда мешаванд.

баӯйхатгириисанҷишииаҳолӣ – қисмимуҳимитаркибииҷараёнибанақшагириибарӯйхатгирииаҳолӣмебошад, киимкониятисанҷиданиҳамаҷабҳаҳоибарномаибарӯйхатгирииаҳолиротобаргузориибарӯйхатгирииасосӣтаъминнамуда, баинвасилакорибеиствамуваффақиятибаргузориибарӯйхатгирииаҳолиромуҳайёменамояд. (ҚҶТаз 21.07.10.№635)

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ

 Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсад ва принсипҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ 

  1. Мақсади барӯйхатгирии аҳолӣ ин дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
  2. Барӯйхатгирии аҳолӣ бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, гузаронида мешавад.
  3. Барӯйхатгирии аҳолӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

– асоси илмӣ;

– даврият;

– умумият ва якмуддатӣ;

– махфияти маълумотҳои шахсӣ;

– дастрас ва ошкоро будани ҷамбасти он.

 

Моддаи 4. Даврият ва мӯҳлати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ

 

  1. Барӯйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон гузаронида мешавад.
  2. Қарор дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва мӯҳлати он на дертар аз 5 сол то оғози барӯйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  3. Барӯйхатгирии санҷиши аҳолӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду сол то баргузории аҳолӣ дар як ё якчанд воҳиди ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  4. Мақсади асосии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ санҷида баромадани лоиҳаи барномаи барӯйхатгирӣ, усулҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани он мебошад. (ҚҶТаз 21.07.10.№635)

 

Моддаи 41. Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ

 

Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ аз номгӯи асосии чорабиниҳои ташкилӣ барои ҳар як марҳилаи кор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, мӯҳлати иҷрои онҳо, инчунин номгӯи мақомоти давлатие, ки дар асоси Қонуни мазку рва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои онҳо мутасаддианд, иборат аст. (ҚҶТаз 21.07.10.№635)

 

Моддаи 5. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи  барӯйхатгирии аҳолӣ

 

  1. Масъулияти омода кардан, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст намудани натиҷаи  барӯйхатгирии аҳолӣ ва интишори маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи он ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии омор ва сохторҳои маҳаллии он, ҳамчунин ба дигар мақомоти ҳокимияти давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд, гузошта мешавад.
  2. Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ташкил карда мешавад. Низомнома «Дар бораи комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ»-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  3. Мақомоти ҳокимияти давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, барои гузаронидани барӯйхатгирии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки дар моддаи 7 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, масъул мебошанд.
  4. Мақоми ваколатдори давлатии омор дар давраи омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳуқуқ дорад:

– масъалаҳои вобаста ба омода кардан ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолиро баррасӣ намояд;

– ба ин маърака дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҷалб намояд.

Мақоми ваколатдори давлатии омор ӯҳдадор аст:

– махфияти маълумотҳои шахсиро таъмин намояд;

– захираҳои моддию техникиро ба ин мақсад ҷудо намояд;

– интихоб ва омӯзиши махсуси ҳайати гурӯҳи барӯйхатгириро якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин намояд;

– аҳолиро сари вақт аз мақсаду вазифаҳо ва мӯҳлати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ бохабар намояд.

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:

– барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва  иҷрои салоҳияташон ба мақомоти ваколатдори давлатии омор ва сохторҳои маҳаллии он, ба гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ, ки ба ин кор масъуланд, кӯмак расонанд;

– номгӯй ва ҳудудҳои марзиву маъмуриро муайян карда, онҳоро бо аломатҳои роҳнамои дорои номи кӯчаҳо ва рақами хонаҳо таъмин намоянд;

– ҳуҷҷатҳои зарурии картографиро пешниҳод намоянд;

– гурӯҳи баруйхатгирии аҳолиро бо ҳуҷраи барои кор мувофиқ, бо воситаҳои алоқа таҷҳизонидашуда ва нақлиёт таъмин намоянд;

– аҳолии маҳалро ба ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб намоянд.

  1. Ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолиро раиси шаҳр ё ноҳия бо пешниҳоди роҳбари шӯъбаи дахлдори омор тасдиқ менамояд.

Моддаи 6. Маълумот дар бораи аҳолӣ ва тартиби ҷамъ кардани он

 

  1. Варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ чунин маълумотҳои шахси ба рӯйхат гирифташавандаро дар бар мегирад:

– ҷинс;

– синну сол;

– сана ва ҷои таваллуд;

– миллат;

– забони модарӣ;

– донистани дигар забонҳо;

– шаҳрвандӣ;

– ҳолати оилавӣ;

– шумораи фарзандон;

– таҳсилот;

– ҷои зист;

– фаъолияти муҳоҷиратӣ;

– шароити манзилӣ;

– манбаъи воситаҳои зиндагӣ;

– шуғл.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варақа мумкин аст дигар маълумотҳо низ ворид карда шаванд.

  1. Ба номгӯи маълумотҳо дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ворид намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд,  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол ё маҳдуд мекунанд, мумкин нест. Ҷамъ намудани маълумоти дар нақшаи барӯйхатгирии аҳолӣ пешбининашуда, ҳамчунин маҷбур намудани шахсони мавриди пурсиш қароргирифта дар бораи пешниҳод кардани маълумотҳои иловагӣ манъ аст.
  2. Ҷамъ намудани маълумот дар бораи аҳолӣ аз тарафи ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирӣ бо роҳи пурсиш, пур кардани варақаи барӯйхатгирӣ, аз назар гузаронидани манзилҳо ва биноҳои ғайриистиқоматӣ, ки шахси мавриди пурсиш қароргирифта зиндагӣ мекунад ё бо истифода аз воситаҳои алоқа гузаронида мешавад.

Маълумот нисбати шахсоне, ки ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҷои зист ҳузур надоранд, муваққатан дар хориҷи кишваранд, ноболиғон, кӯдакони васоятдор ва ё бепарастор аз тарафи шахсони болиғи хоҷагӣ, васиён, парасторон ва мақомоти дахлдори давлатӣ  пешниҳод  карда мешавад.

  1. Пурсиши аҳолӣ ва пур кардани варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ба забони давлатӣ ё русӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 61. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони мавриди пурсиш қароргирифта

  1. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ҳуқуқ доранд, аз шахсони ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ шаҳодатномаи мувофиқро талаб кунанд ва дар сурати пешниҳод накардани чунин шаҳодатнома ба саволҳои варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷавоб надиҳанд. (ҚҶТаз 21.07.10.№635)
  2. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ӯҳдадоранд барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ монеа нашаванд ва маълумоти муътамади инфиродиро мувофиқи варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ пешниҳод намоянд. Барӯйхатгирии аҳолӣ хусусияти ҳатмӣ дошта, шахсони мавриди пурсиш қароргирифта наметавонанд аз ҷавоб додан ба саволҳои варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ саркашӣ кунанд. (ҚҶТаз 21.07.10.№635)

Моддаи 7. Хусусиятҳои барӯйхатгирии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ

 

  1. Маълумоти шахсӣ дар бораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои консулии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон мебошанд, аз тарафи роҳбарияти сафоратхона ва ташкилотҳои консулӣ ҷамъ карда мешавад.
  2. Ҷамъ кардани маълумоти шахсӣ дар бораи шахсоне, ки дар санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ хизмати ҳарбиро адо мекунанд, аз рӯи даъват дар хизмати ҳарбианд, хизматчиёни ҳарбие, ки мутобиқи шартнома адои хизмат мекунанд, аъзои оилаи онҳо, ки дар минтақаҳои махсус зиндагӣ доранд, ба зиммаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ аст.
  3. Маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар муассисаҳои махсуси бачагона ва барои ноболиғон, муассисахои хизматрасонии иҷтимоӣ, дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ қарор доранд, аз тарафи роҳбарияти ин муассисаю ташкилотҳо ҷамъ оварда мешавад.
  4. Ҷамъ кардани маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар санаи  гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳу, пансионатҳо қарор доранд, ба зиммаи роҳбарияти ин муассисаю ташкилотҳо мебошад.
  5. Маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар ҳабсхона, муассисаҳои ислоҳӣ ё табобати меҳнатӣ қарор доранд, аз тарафи роҳбарияти ин ташкилотҳо ҷамъ карда мешавад.

Моддаи 8. Ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ

 

  1. Барӯйхатгирии аҳолӣ бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.
  2. Маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма новобаста ба шакли моликияташон ройгон интишор мегардад.

Моддаи 9. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ

 

  1. Ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд.
  2. Маълумоте, ки дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ҷамъ мегардад, фақат ба мақсадҳои ҳамин барӯйхатгирӣ истифода мешавад.
  3. Маълумоти шахсии аз аҳолӣ ҷамъкардашуда махфӣ мебошад. Ин маълумот дар шакли ҷамъбаст интишор карда мешавад.
  4. Варақаҳои пуркардашудаи барӯйхатгирӣ дар бойгони мақомоти давлатии омор то 1 сол, маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ доимӣ нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТаз 21.07.10.№635)
  5. Истифодаи маълумоти аввалия ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти дахлдор манъ аст.

Моддаи 10. Маблағгузории барӯйхатгирии аҳолӣ

 

Хароҷоти омода кардан, гузаронидан, коркард ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва интишори маълумот дар бораи натиҷаи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 12. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 102; с. 2002, №11, мод.720) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

№ 523

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …