Главная / Чамъият / Баруйхатгирии ахоли

Баруйхатгирии ахоли

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи баруйхатгирии ахоли

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №5, мод.330)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиеро, ки хангоми омода кардан, гузаронидан ва чамъбаст намудани натичаи баруйхатгирии ахоли ба миён меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– баруйхатгирии ахоли – мушохидаи мунтазаму пурраи давлатии омори, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва хайати ахолии дар санаи муайянкарда чамъ оварда, коркард ва чамъбаст карда мешавад;

– маълумот дар бораи ахоли – маълумоте, ки мувофики номгуйи саволхо дар бораи ахоли чамъ карда мешавад;

– гурухи баруйхатгирии ахоли – гурухи шахрвандон, ки омузиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, гузаронидан ва чамъбаст намудани натичаи баруйхатгирии ахоли чалб карда шудаанд;

– хуччатхои баруйхатгирии ахоли – мачмуи хуччатхои махсуси намунаи маъмул, аз чумла варакаи дорои шакли муайяни баруйхатгирии ахоли, ки барои омода кардан, гузаронидан ва чамъбаст намудани натичаи он истифода бурда мешаванд.

бауйхатгириисанчишииахоли – кисмимухимитаркибиичараёнибанакшагириибаруйхатгирииахолимебошад, киимкониятисанчиданихамачабхахоибарномаибаруйхатгирииахолиротобаргузориибаруйхатгирииасоситаъминнамуда, баинвасилакорибеиствамуваффакиятибаргузориибаруйхатгирииахолиромухайёменамояд. (КЧТаз 21.07.10.№635)

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи баруйхатгирии ахоли

 Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи баруйхатгирии ахоли ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур,  Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи омори давлати»,  дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максад ва принсипхои асосии баруйхатгирии ахоли 

  1. Максади баруйхатгирии ахоли ин дастрас намудани маълумот дар бораи ахолии Чумхурии Точикистон, ки барои тахияи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои рушди ичтимоию иктисодии чумхури, хисоботи чори, пешгуии шумора ва хайати ахоли, омузиш, чойгирони ва истифодаи захирахои мехнати, гузаронидани тадкикотхои илми мебошад.
  2. Баруйхатгирии ахоли бо риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, дахлнопазирии хаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон кафолат додааст, гузаронида мешавад.
  3. Баруйхатгирии ахоли дар асоси принсипхои зерин сурат мегирад:

– асоси илми;

– даврият;

– умумият ва якмуддати;

– махфияти маълумотхои шахси;

– дастрас ва ошкоро будани чамбасти он.

 

Моддаи 4. Даврият ва мухлати гузаронидани баруйхатгирии ахоли

 

  1. Баруйхатгирии ахоли на камтар аз як маротиба дар дах сол ё хангоми баруйхатгирии навбатии ахолии чахон гузаронида мешавад.
  2. Карор дар бораи гузаронидани баруйхатгирии ахоли ва мухлати он на дертар аз 5 сол то огози баруйхатгири аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  3. Баруйхатгирии санчиши ахоли бо пешниходи макомоти ваколатдор, мувофики карори Хукумати Чумхурии Точикистон на дертар аз ду сол то баргузории ахоли дар як ё якчанд вохиди худуди маъмурии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  4. Максади асосии баруйхатгирии санчишии ахоли санчида баромадани лоихаи барномаи баруйхатгири, усулхои баруйхатгирии ахоли, чорабинихои асоси оид ба тайёри ва гузаронидани он мебошад. (КЧТаз 21.07.10.№635)

 

Моддаи 41. Накшаи таквимии чорабинихо доир ба тайёри ва гузаронидани баруйхатгирии ахоли

 

Накшаи таквимии чорабинихо доир ба тайёри ва гузаронидани баруйхатгирии ахоли аз номгуи асосии чорабинихои ташкили барои хар як мархилаи кор оид ба тайёри ва гузаронидани баруйхатгирии ахоли, мухлати ичрои онхо, инчунин номгуи макомоти давлатие, ки дар асоси Конуни мазку рва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон барои ичрои онхо мутасаддианд, иборат аст. (КЧТаз 21.07.10.№635)

 

Моддаи 5. Макомоти ваколатдори давлати дар бораи  баруйхатгирии ахоли

 

  1. Масъулияти омода кардан, гузаронидан, коркард, чамъбаст намудани натичаи  баруйхатгирии ахоли ва интишори маълумот дар бораи чамъбасти натичаи он ба зиммаи макоми ваколатдори давлатии омор ва сохторхои махаллии он, хамчунин ба дигар макомоти хокимияти давлатие, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мегарданд, гузошта мешавад.
  2. Барои хамохангсозии фаъолияти макомоти хокимияти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхонахо, ташкилотхо, муассисахо новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон чихати омодаги ва гузаронидани баруйхатгирии ахоли комиссияи мусоидат ба баруйхатгирии ахоли ташкил карда мешавад. Низомнома «Дар бораи комиссияи мусоидат ба баруйхатгирии ахоли»-ро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  3. Макомоти хокимияти давлатие, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда шудаанд, барои гузаронидани баруйхатгирии гуруххои алохидаи ахоли, ки дар моддаи 7 Конуни мазкур нишон дода шудаанд, масъул мебошанд.
  4. Макоми ваколатдори давлатии омор дар давраи омода кардан, гузаронидан ва чамъбаст намудани натичаи баруйхатгирии ахоли хукук дорад:

– масъалахои вобаста ба омода кардан ва гузаронидани баруйхатгирии ахолиро барраси намояд;

– ба ин маърака дигар макомоти хокимияти давлати, корхонаю муассиса ва ташкилотхоро новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон чалб намояд.

Макоми ваколатдори давлатии омор ухдадор аст:

– махфияти маълумотхои шахсиро таъмин намояд;

– захирахои моддию техникиро ба ин максад чудо намояд;

– интихоб ва омузиши махсуси хайати гурухи баруйхатгириро якчоя бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъмин намояд;

– ахолиро сари вакт аз максаду вазифахо ва мухлати гузаронидани баруйхатгирии ахоли бохабар намояд.

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар доираи салохияти худ вазифадоранд:

– барои гузаронидани баруйхатгирии ахоли ва  ичрои салохияташон ба макомоти ваколатдори давлатии омор ва сохторхои махаллии он, ба гурухи баруйхатгирии ахоли, ки ба ин кор масъуланд, кумак расонанд;

– номгуй ва худудхои марзиву маъмуриро муайян карда, онхоро бо аломатхои рохнамои дорои номи кучахо ва раками хонахо таъмин намоянд;

– хуччатхои зарурии картографиро пешниход намоянд;

– гурухи баруйхатгирии ахолиро бо хучраи барои кор мувофик, бо воситахои алока тачхизонидашуда ва наклиёт таъмин намоянд;

– ахолии махалро ба хайати гурухи баруйхатгирии ахоли чалб намоянд.

  1. Хайати гурухи баруйхатгирии ахолиро раиси шахр ё нохия бо пешниходи рохбари шуъбаи дахлдори омор тасдик менамояд.

Моддаи 6. Маълумот дар бораи ахоли ва тартиби чамъ кардани он

 

  1. Варакаи баруйхатгирии ахоли чунин маълумотхои шахси ба руйхат гирифташавандаро дар бар мегирад:

– чинс;

– синну сол;

– сана ва чои таваллуд;

– миллат;

– забони модари;

– донистани дигар забонхо;

– шахрванди;

– холати оилави;

– шумораи фарзандон;

– тахсилот;

– чои зист;

– фаъолияти мухочирати;

– шароити манзили;

– манбаъи воситахои зиндаги;

– шугл.

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон ба варака мумкин аст дигар маълумотхо низ ворид карда шаванд.

  1. Ба номгуи маълумотхо дар бораи баруйхатгирии ахоли ворид намудани маълумотхои дорои сирри давлати, тичорати ва дигар сирре, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон химоя карда мешаванд,  хукуку озодихои инсон ва шахрвандро поймол ё махдуд мекунанд, мумкин нест. Чамъ намудани маълумоти дар накшаи баруйхатгирии ахоли пешбининашуда, хамчунин мачбур намудани шахсони мавриди пурсиш кароргирифта дар бораи пешниход кардани маълумотхои иловаги манъ аст.
  2. Чамъ намудани маълумот дар бораи ахоли аз тарафи хайати гурухи баруйхатгири бо рохи пурсиш, пур кардани варакаи баруйхатгири, аз назар гузаронидани манзилхо ва бинохои гайриистикомати, ки шахси мавриди пурсиш кароргирифта зиндаги мекунад ё бо истифода аз воситахои алока гузаронида мешавад.

Маълумот нисбати шахсоне, ки хангоми гузаронидани баруйхатгирии ахоли дар чои зист хузур надоранд, муваккатан дар хоричи кишваранд, ноболигон, кудакони васоятдор ва ё бепарастор аз тарафи шахсони болиги хочаги, васиён, парасторон ва макомоти дахлдори давлати  пешниход  карда мешавад.

  1. Пурсиши ахоли ва пур кардани варакаи баруйхатгирии ахоли ба забони давлати ё руси сурат мегирад.

 

Моддаи 61. Хукук ва ухдадорихои шахсони мавриди пурсиш кароргирифта

  1. Шахсони мавриди пурсиш кароргирифта хукук доранд, аз шахсони хайати гурухи баруйхатгирии ахоли шаходатномаи мувофикро талаб кунанд ва дар сурати пешниход накардани чунин шаходатнома ба саволхои варакаи баруйхатгирии ахоли чавоб надиханд. (КЧТаз 21.07.10.№635)
  2. Шахсони мавриди пурсиш кароргирифта ухдадоранд барои гузаронидани баруйхатгирии ахоли монеа нашаванд ва маълумоти муътамади инфиродиро мувофики варакаи баруйхатгирии ахоли пешниход намоянд. Баруйхатгирии ахоли хусусияти хатми дошта, шахсони мавриди пурсиш кароргирифта наметавонанд аз чавоб додан ба саволхои варакахои баруйхатгирии ахоли саркаши кунанд. (КЧТаз 21.07.10.№635)

Моддаи 7. Хусусиятхои баруйхатгирии гуруххои алохидаи ахоли

 

  1. Маълумоти шахси дар бораи шахрвандони Чумхурии Точикистон ки дар санаи гузаронидани баруйхатгирии ахоли дар сафоратхонахо, ташкилотхои консулии дар хорича будаи Чумхурии Точикистон фаъолият доранд, аъзои оилаи онхо, ки хамрохашон мебошанд, аз тарафи рохбарияти сафоратхона ва ташкилотхои консули чамъ карда мешавад.
  2. Чамъ кардани маълумоти шахси дар бораи шахсоне, ки дар санаи гузаронидани баруйхатгирии ахоли хизмати харбиро адо мекунанд, аз руи даъват дар хизмати харбианд, хизматчиёни харбие, ки мутобики шартнома адои хизмат мекунанд, аъзои оилаи онхо, ки дар минтакахои махсус зиндаги доранд, ба зиммаи фармондехони кисмхои харби аст.
  3. Маълумоти шахси дар бораи онхое, ки дар санаи гузаронидани баруйхатгирии ахоли дар муассисахои махсуси бачагона ва барои ноболигон, муассисахои хизматрасонии ичтимои, дар беморхонахо ва дигар муассисахои тибби карор доранд, аз тарафи рохбарияти ин муассисаю ташкилотхо чамъ оварда мешавад.
  4. Чамъ кардани маълумоти шахси дар бораи онхое, ки дар санаи  гузаронидани баруйхатгирии ахоли дар мехмонхонахо, истирохатгоху, пансионатхо карор доранд, ба зиммаи рохбарияти ин муассисаю ташкилотхо мебошад.
  5. Маълумоти шахси дар бораи онхое, ки дар хабсхона, муассисахои ислохи ё табобати мехнати карор доранд, аз тарафи рохбарияти ин ташкилотхо чамъ карда мешавад.

Моддаи 8. Чамъбаст намудани натичаи баруйхатгирии ахоли

 

  1. Баруйхатгирии ахоли бо тартиб ва дар мухлати мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чамъбаст карда мешавад.
  2. Маълумот дар бораи чамъбасти натичаи баруйхатгирии ахоли дар воситахои ахбори омма новобаста ба шакли моликияташон ройгон интишор мегардад.

Моддаи 9. Нигохдории хуччатхои баруйхатгирии ахоли

 

  1. Хуччатхои баруйхатгирии ахоли дар бойгони нигох дошта мешаванд.
  2. Маълумоте, ки дар рафти баруйхатгирии ахоли чамъ мегардад, факат ба максадхои хамин баруйхатгири истифода мешавад.
  3. Маълумоти шахсии аз ахоли чамъкардашуда махфи мебошад. Ин маълумот дар шакли чамъбаст интишор карда мешавад.
  4. Варакахои пуркардашудаи баруйхатгири дар бойгони макомоти давлатии омор то 1 сол, маълумот дар бораи чамъбасти натичаи баруйхатгирии ахоли доими нигох дошта мешаванд. (КЧТаз 21.07.10.№635)
  5. Истифодаи маълумоти аввалия хангоми баррасии парвандахои граждани ва чинояти аз тарафи макомоти дахлдор манъ аст.

Моддаи 10. Маблаггузории баруйхатгирии ахоли

 

Харочоти омода кардан, гузаронидан, коркард ва чамъбаст намудани натичаи баруйхатгирии ахоли ва интишори маълумот дар бораи натичаи он аз хисоби бучети давлати, хамчунин аз хисоби маблагхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, чуброн карда мешавад.

Моддаи 11. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 12. Аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи баруйхатгирии ахоли»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи баруйхатгирии ахоли» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, №10, мод. 102; с. 2002, №11, мод.720) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон

 

ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

№ 523

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …