ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 г., № 66)
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
- Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017-ро таъмин карда, ҳар се моҳ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаш моҳ оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ҳисобот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2012, № 382
ш. Душанбе