Главная / Ҷамъият / ҚАРОР БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ

ҚАРОР БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ

ҚАРОР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

malim-00

  1. Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола дар Буҷети давлатӣ барои нигоҳдории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинишаванда, маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои хусусии маблағгузорӣ чораҳои таъсирбахш андешад;

– якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, ҳамасола Нақшаи қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, бо дарназардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ ва Барномаи мазкур, таҳия ва барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

  1. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, инчунин иттиҳодияҳои корфармоён ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд ва ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ муқаррароти онро ба инобат гиранд.
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 1 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 марти соли 2016, № 144

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …