Главная / Биология / ДАВРАИ ИНКИШОФИ БАЪДИҶАНИНӢ

ДАВРАИ ИНКИШОФИ БАЪДИҶАНИНӢ

Аз вақти таваллуд шудани организм ё аз парда берун шудан, давраи ҷанинӣ ба охир расида, давраи инкишофи баъдиҷанинӣ оғоз меёбад. Давраи баъдиҷанинӣ пурра ва нопурра мешавад. Дар давраи инкишофи пурраи ҷанин аз тухм ё батни модар организме пайдо мешавад, ки ҳамаи узв ва хосиятҳои фарди болиғро дорад (масалан, дар ҳазандагон, паррандагон, ширхўрон). Инкишофи баъдиҷанинии ин гуна ҳайвонот асосан сабзиш ва ба балоғат расидан аст. Дар инкишофи нопурра ё метаморфозӣ аз тухм кирмина пайдо шуда, он сохти нисбатан содда ва узвҳои махсусе дорад, ки дар ҳолати болиғӣ дида намешавад.

kudak

Кирмина инкишоф ёфта, тадриҷан узвҳои кирминагии он ба узвҳои организми болиғ мубаддал мегарданд. Ҳамин тариқ, дар метаморфоз узвҳои кирминагӣ аз байн рафта, узвҳои бо ҳайвони калон хос пайдо мешаванд. Акнун чанд мисоли инкишофи нопурраи баъдиҷаниниро дида мебароем.

Дар астсидия (аз навъи хордадорон) кирмина пайдо мешавад, ки дорои ҳамаи хусусиятҳои асосии хордадорон аст: хорда, найчаи асаб, сўрохи ғалсама (расми 7.7). Кирминаҳо озодона шино карда, баъд бо ягон ҷисми зериобӣ мечаспанд ва метаморфозро аз сар мегузаронанд. Дар ин вақт дум нест шуда, хорда, мушакҳо, найчаҳои асаб ба ҳуҷайраҳои алоҳида ҷудо мегарданд ва дучори фагоситоз мешаванд. Аз силсилаи асаби кирмина фақат он ҳуҷайраҳое боқӣ мемонанд, ки аз онҳо гиреҳҳои асаб пайдо мешаванд.

Сохти бадани астсидияи болиғ, ки дар ҳолати часпида ҳаёт ба сар мебарад, ба сохти организми ҳайвоноти мўҳрадор монандӣ надорад. Фақат донистани хусусиятҳои онтогенез имкон медиҳанд, ки ҷои онро дар системаҳои олами ҳайвонот муайян созанд. Сохти кирминаи онҳо нишон медиҳад, ки пайдоиши ин мавҷудот аз хордадорҳо буда, озодона ҳаёт ба сар мебаранд. Дар рафти метаморфоз астсидия ба ҳаёти беҳаракат мегузарад, бинобар ин сохти он содда гаштааст.

Кирминаи обхокиҳо кафлесак буда, барои он ҷавфи ғалсама, хати паҳлўгӣ, дили духонагӣ ва як гардиши хун хос аст (расми 7.8). Дар рафти метаморфоз, ки зери таъсири ғадуд-ҳои сипаршакл ба амал меояд, дум ва хати паҳлўӣ нест шуда, пойҳо пайдо мешаванд, шушу гардиши дуюми хун инкишоф меёбанд.

Дар ин маврид баъзе хосиятҳои монанд ба кафлесак ва моҳиён ба назар мерасад (хати паҳлуӣ, сохти дил ва гардиши хун, ҷавфи ғалсама). Мисоли дигари метаморфоз инкишофи ҳашарот мебошад. Кирминаи шабпаракҳо (расми 7.9) ё кирминаи сўзанак вобаста ба сохт, тарзи ҳаёт ва ҷои зист аз ҷонвари болиғи худ фарқ мекунад. Бояд гуфт, ки метаморфоз бо тағйир ёфтани тарзи ҳаёт ва муҳити зист сахт алоқаманд аст.

Аҳамияти метаморфоз аз он иборат аст, ки кирмина мустақил ғизо гирифта, калон мешавад ва маводи ҳуҷайрагиро ҷамъ мекунад. Ин барои ташаккули узвҳои доимии ҷонвари калон лозиманд. Ғайр аз ин, озод зиндагӣ кардани кирминаҳо, ки ба ягон мавод мечаспанд ё ҳолати паразитиро аз сар мегузаронанд, барои паҳншавии намуд ва густариши ареали зисти онҳо муҳим аст. Тағйирёбии тарзи ҳаёт ва муҳити зист дар рафти инкишофи фардӣ, ки зимни он давраи кирминагии баъзе ҳайвонот дар муҳити тамоман дигар мегузарад ва манбаи ғизои дигар доранд, нисбат ба фардҳои калон суръати муборизаи дохилинамудиро барои сукунат паст мекунад. Давомоти давраи инкишофи баъдиҷанинӣ гуногун аст. Масалан, агар ҳашорати якрўза дар ҳолати кирминагӣ 2-3 сол зиндагӣ кунанд, дар ҳолати болиғӣ аз 2-3 соат то 2-3 рўз умр мебинанд.

Дар бисёр ҳолатҳо давраи баъдиҷанинӣ нисбатан дароз давом меёбад. Он дар одам то давраи балоғатро дарбар мегирад. Давраи ба балоғат расидани одамро давраи камолот ҳам меноманд. Давраи баъди балоғат давраи пиронсолӣ аст.

Дар ширхўрон ва одам идомаи ҳаёт ба давомоти давраибалоғат (ҷинсӣ) ва ҳамл вобаста аст. Вале давомоти ҳаёт нисбат ба давраи болиғшавӣ дар антогинез 5-8 маротиба мебошад (ҷадвали 7.1).

Инкишофи баъдиҷанинӣ ба бузург шудани ҳаҷми организм оварда мерасонад. Ин давраро инкишоф меноманд.

Инкишоф ду тарз – номуайян ва муайян мешавад. Инкишофи номуайян дар тамоми тўли ҳаёт давом карда, инкишофи муайян фосилаи муайяни вақтро дар бар мегирад. Инкишофи номуайян дар дарахтон, баъзе нармбаданҳо, мўҳрадорон, моҳиён ва хояндагон дида мешавад.

Дар бисёр ҳайвонот инкишофи ҷинсӣ баъди ба балоғат расидан хотима меёбад. Дар одам сабзиш ва инкишоф то 20-25 солагӣ давом мекунад. Дар пиронсолӣ ҷисми одам тадриҷан хурд шуда, фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) тағйир меёбад, гаметогенез қатъ гашта, равандҳои физиологӣ суст мешаванд. Ҳамин тавр, инкишофи баъди ҷанинӣ ба сабзиш, балоғат ва афзоиш оварда мерасонад.

Дар бисёр ҷонварони сохташон содда давраи афзоиш аз кирминагӣ оғоз ёфта, бо метоморфоз ба охир мерасад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Инкишофи баъдиҷанинӣ чӣ гуна аст?
  2. Инкишофи пурра ва нопурраи баъдиҷанинӣ чист?
  3. Оид ба сохти кирминагӣ мисол оред ва гўед, ки он хоси кадом ҷонвар аст.
  4. Инкишофи номуайян ва муайян чист? Мисолҳо оред.

Истилоҳот:

  1. Давраи наслгузорӣ – давраи онтогенези баъди балоғати ҷинсӣ, ки дар ин вақт худтакроршавӣ мумкин аст.
  2. Инкишофи нопурра – тарзи инкишофи баъдиҷанинӣ, ки кирмина аз пардаи тухм берун мешавад.
  3. Инкишофи пурра – тарзи инкишофи баъдиҷанинӣ, ки ҳини аз тухм баромадан ё аз модар таваллуд шудан наслҳо хосият ва узвҳои организми калонро доранд.
  4. Метаморфоз – раванди ивазшавии узвҳои кирминагӣ ба сохти фардҳои болиғ.
  5. Давраи то наслдиҳӣ – давраи инкишофи пеш аз наслдиҳиро аз сар гузаронидан, дар инкишофи нопурра давраи кирминагӣ ва дар инкишофи пурра бошад, даври кўдакист.
  6. Давраи баъдиҷанинӣ – давраи инкишоф аз вақти таваллуд (ё аз тухм баромадан) то давраи фавт.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

khromosoma

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМӢ

МЕРОСГУЗОРИИ ҲАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНҲО:  Мендел дар таҷриба меросгузории танҳо ҳафт ҷуфт аломати нахўдро дида баромад. Баъдан бисёр …