Главная / Илм / АСТЕНИЯ

АСТЕНИЯ

zdzdАСТЕНИЯ (юн. asthenia – сусти, бехоли, нотавони), холати сустии чисмони ва рухии организм. А.-и кутохмуддат дар давраи сихатёби аз беморихои сироятии шадид (тиф, грипп, варача ва г.), А.-и дарозмуддат дар вакти беморихои музмин (сил, сифилис) ва логари аз гуруснагии бардавом мушохида мешавад. Заъфи асабу рухиро, ки аз сабабхои гуногун (беморихо, захролуди, зарбу лат ва г.) руй медихад, синдроми астенияви (алоими нотавони) меноманд. Дар ин хол системаи асаб сусту нотавон мегардад, зуд хастаги, хассосияти баланд нисбати таъсири ангезахои беруни (садою равшании баланд, буи тезу тунд, мунокаша ва г.) ба амал меояд. Хангоми синдроми астениявии вазнин бемор бехолат, гаранг, рухафтода, инчик, гирёнчак, вахмак ва бетокат шуда, сараш мудом дард мекунад, хобаш ноором аст, аз андак кори бехуда асабони мешавад, худро идора карда наметавонад. у серчог, аз хар касу хар кор норозист, бисёр дилмондаги ва хурдагири мекунад, бекарор мешавад. Дар мавриди синдроми астенияви хамбастагии тундмизочи ва сусти гуногун аст. Баъзан агар холатхои асабоният, хаячонпазири, бекарори боло гиранд, дар мавридхои дигар хастахоли, гирёнчаки бартари пайдо мекунанд. Ин аломатхо хоса шомгохон бештар зухур меёбанд. Синдроми астенияви метавонад огози хамаи беморихои рухи бошад. Он дар мавриди психопатия ва неврозхо низ ба назар мерасад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …