Главная / Гуногун / Ҳаракати миллӣ дар Испания дар оғози асри XX

Ҳаракати миллӣ дар Испания дар оғози асри XX

Аз даст додани мустамликаҳои америкоӣ зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари тараққиёти саноатии Каталония ва Баскония буржуазияи миллии онҳо ба мақсади ҳифзи манфиатҳои худ ислоҳоти маъмурӣ, нархнома (тариф)-ҳои имтиёзнок ва ҳуқуқҳои сиёсиро талаб мекарданд. Соли 1901 аз якчанд гурӯҳҳои буржуазияи миллии Каталония бо номи “Лигаи минтақавӣ” ҳизб ташкил карда шуд. Ин ҳизб зиёда аз ду даҳсола ба ҳаракати миллии Каталония роҳбарӣ карда, бо роҳу усулҳои ошкоро мухторияти Каталонияро тақозо менамуд. Соли 1906 “Лигаи минтақавӣ” бо ҳамроҳии ҳизбҳои дигари буржуазияи миллӣ блоки пешазинтихоботиеро бо номи “Якдилии Каталония” ташкил намуд. Дар натиҷаи ин “Якдилии Каталония” 44 ваколатномаи намояндагии Каталонияро дар кортесҳо соҳиб шуд.

cortes_de_cadiz-1

Ҳамин тариқ, ҳаракати миллӣ дар Испанияи сермиллат моҳияти сиёсию иҷтимоӣ дошт. Он дар шароити сол то сол ташаккулёбии бедорӣ ва худшиносии миллии халқҳои Испания сурат мегирифт. Дар он на танҳо халқи Каталония, балки халқҳои Баскония, Кастилия ва ғайра ширкат меварзиданд. То Ҷанги якуми ҷаҳонӣ масъалаи худмухторияти халқҳои Испания, ки чунин иттиҳоди давлати федеративиро сохтанӣ буданд, ҳал нашуд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

аллаи модар

Аллаи Модар

Матни суруди – Шеъри АЛЛАИ МОДАР Бибиҷони дилбаста, Дар рӯйи кат нишаста: Кати нарми бобоӣ …