Главная / Гуногун / Ҳаракати ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷопон

Ҳаракати ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷопон

Мустаҳкамшавии мавқеи иқтисодию буржуазия ба болоравии фаъолияти сиёсии он мусоидат кард. Ҳаракати оппозитсионӣ барои қабули конститутсия бо номи ***дзню миикзп унло ҳаракат барои озодӣ ва ҳуқуқҳои халқ авҷ Мегирад. Дар ин ҳаракат дворянҳои буржуазия буда, ки даъвати парламент ва бекор карда шудани шартномаҳои нобаробарро тақозо мекарданд, мавқеи фаъолонаро ишғол намуда буданд.

Дар ҳамин шароит дар мамлакат ҳизбҳои сиёсӣ ташкил меёбанд. Соли 1881 Ҳизби Конститутсионии Либерала ташкил ёфт, ки он манфиатҳои помешикҳо ва соҳибкорони деҳотро ифода мекард.

Соли 1882 Ҳизби Кайсинго (Ҳизби Ислоҳотхоҳон) ташкил меёбад. Барномаи он ба мустаҳкам шудани мақоми буржуазия нигаронида шуда буд. Рушди тиҷорати хориҷӣ, бе таъхир аз нав дида баромадани шартномаҳои нобаробар, ислоҳоти пулӣ ва ба бозорҳои хориҷӣ баровардани сармояи Ҷопон аз ҷумлаи ормонҳои ин ҳизб буданд. Ҳизби Кансинто, ки ба ширкати Митсубиси алоқа дошт, манфиатҳои буржуазияи калони тиҷоратию молиявиро ифода мекард. Идеологи ин ҳизб *Фукидзава Юкити тарғиботгари намоёни либерализмгароӣ буд.

1

Аз ҷумлаи ин ҳизбҳои сиёсӣ дар байни халқ мавқеи “минкен унло” хеле мустаҳкам буд, чунки ҷонибдори бисёр дошт. Он ҳамоно қабули конститутсияро тақозо мекард. Аз ин рӯ, ҳукумат маҷбур шуд, ки княз Игоре ба мамлакатҳои Европа ва ИМА фирме гонад, то ки ӯ сохти ҷамъиятӣ ва конститутсияҳои давлатҳои Ғарбро хуб омӯзад. Ба *Ито парламент ва сохти сиёсии Германия маъкул шуд. Соли 1889 Конститутсияи Ҷопон қабул карда шуд, ки он аз бисёр ҷиҳат  ба конститутсияи Отго Бисмарк монандӣ дошт. Ин конститутсия сохти истибдодии Ҷопонро мустаҳкам кард. Конститутсияи нахустини Ҷопон шахсияти императорро дахлнопазир ва ба ӯ ҳамчун сардори давлат хуқуқҳои номаҳдуд дод. Император метавонист ҷанг эълон кунад, сулҳ ва шартномаҳо бандад, қонунҳо барорад, парламентро даъват кунад ва ё онро пароканда созад. Таъйин кардан ва ба истеъфо гуселенидани ҳамаи ашхоси мансабдори баландмақоми идорӣ, ҳарбӣ ва фармондеҳиии одии артиш ва флот низ ба салоҳияти ӯ дохил мешуданд.

Дар охирҳои асри XIX дар Ҷопон ҳаракати коргарӣ ва иттифоқи касаба ҷоннок мешавад. Аввали соли 1900 дар бораи Дифои тартибот аз тарафи *кабинет *Ямагата қонуне қабул карда шуд, ки мувофиқи он корпартоӣ манъ ва фаъолияти иттифоқҳои касаба маҳдуд карда шуд. Дар чунин шароит сотсиалистони Ҷопон дар назди худ вазифа гузоштанд, ки маҳфилҳои парокандаи худро муттаҳид намуда, ҳизби ягонаи сотсиалисгӣ ташкил кунанд. Онҳо моҳи майи соли 1901 дар зери роҳбарии Катаяма ва Котоку Ҳизби Сотсиалистиро (Сякай минсюто) ташкил намуданд. Барномаи ин ҳизб усулҳои ошкорои муборизӣ ва татбиқи ислоҳотро дар мамлакат дар назар дошт.

Соли 1906 ҳизби дигари сотсиалистии Ҷопон – Ниҳои сякайто ташкил карда шуд. Вале дере нагузашта дар байни роҳбарони он мухолифат ба амал омад. Котоку ва ҳамсафони ӯ ҷонибдори “амали рӯирост” ва муқобилони Котоку ҷонибдори шаклҳои парламентии мубориза ва ислоҳот буданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …