Главная / Гуногун / Ҳаракат барои ислоҳот дар Филиппин

Ҳаракат барои ислоҳот дар Филиппин

Нимаи дуюми асри XIX дар таърихи Филиппин ба харакати ислоҳотхоҳӣ дар ин ҷо рост омад. Генерал-губернатор Искиэрдо, ки дар ин вазифа аз соли 1871 буд, бар зидди мардуми маҳаллӣ ҷазоҳои сахтро раво медид. Садҳо озодандешони филиппинӣ зиндонӣ ва ё аз мамлакат ба ҷойҳои дурдаст бадарға карда мешуданд. Косаи сабри мардуми Филиппин лабрез шуд. Ин ҳолат ҳатто аскаронро ҳам фаро гирифт. 2 январи соли 1872 коргарони силоҳхонаи артиллерии баҳрии Кавит ва аскарони полки аз аҳолии маҳаллӣ иборатбуда шӯриш бардоштанд. Ин шӯришро ҳукуматдорони испанӣ пахш карданд. Онҳо 17 феврали соли 1872 роҳбарони ҳаракати озодихоҳӣ Бургос, Гомес ва Самораро қатл намуданд. Испаниҳо дар рафти пахши шӯриш террори худро бар зидди роҳбарони буржуазию помешикии Филиппин низ равона карда, бо ҳамин дар байни халқи ин ҷо такягоҳи охирини худро аз даст доданд. Филиппиниҳои зиёд барои аз ҷазо халос шудан ба хориҷа ва хусусан ба Испания фирор карданд. Дар ин ҷо гурезаҳои филиппиниро озодандешон ва ҷумҳурихоҳон ба зери химояи худ мегирифтанд.

300px-rizal_1896_execution

Яке аз намояндагони барҷастаи ҳаракати ислоҳотхоҳони Филиппин Хосе Рисал тавассути асарҳои публитсистии “Филиппин баъди 100 сол” ва “Дар бораи беҳудагии филиппиниҳо” ва хусусан романи машҳури “Ба ман даст нарасон!” мехоҳад, ки вазъи ғуломонаи мардуми Филиппинро ба ҳукуматдорони испанӣ нишон диҳад. Романи Рисал мардумро ба муқобили зулми мустамликавии испанӣ даъват мекард. Он дар тайёр кардани инқилоби Филиппин мақоми арзанда дорад.

Дар солҳои 80-уми асри XIX ҳаракати таблиғотӣ барои ислоҳот ба марҳалаи нави худ қадам ниҳод. Соли 1889 дар Испания “Созмони Испанияю Филиппин” ташкил меёбад, ки он дар сафҳои худ муҳоҷирони филиппинӣ ва намояндагони буржуазияи озодихоҳи испаниро муттаҳид кард. Созмон дар назди худ вазифа гузошт, ки: I) барои Филиппин истиқлолият талаб накарда, он ба музофоти Испания табдил дода шавад, 2) ислоҳот бо роҳи осоишта ба амал бароварда шавад, 3) роҳибони испанӣ аз ибодатхонаҳо пеш карда шуда, ба ҷои онҳо рӯҳониёни маҳаллӣ таъйин карда шаванд, 4) намояндагони филиппиниҳо дар кортесҳо аз нав барқарор карда шаванд, 5) филиппиниҳо дар идораи давлат иштирок кунанд, 6) ҳама дар назди қонун баробар бошанд, 7) ба филиппиниҳо озодиҳои демократӣ, аз он ҷумла озодии сухан, маҷлисҳо ва матбуот кафолат дода шавад.

Аз моҳи феврали соли 1889 чопи рузноман “Созмони Испанию Филиппин” “Ла Солидаридад” шурӯъ гардид. Он дар бедории ҳисси миллии филиппиниҳо саҳми калон гузошт.

Фаъолияти ислоҳотхоҳӣ дар Филиппини солҳои 80-ум натиҷаи дилхоҳ надод. Соли 1892 муаллифи романи “Ба ман даст нарасон!” Рисал ба Филиппин баргашт ва Моҳи июни ҳамон сол бо номи “Лигаи Филиппин” созмони ислоҳотхоҳонро ташкил намуд. Лига дар сафҳои худ намояндагони табақаҳои гуногуни Филиппин – аз зиёиённ буржуазию помешикӣ cap карда то намояндагони буржуазияи майда ва табақаҳои поёни аҳолиро муттаҳид сохт. Вале ба “Лигаи Филиппин” муяссар нашуд, ки ба созмони оммавию сиёсӣ табдил ёбад. Ин ҷо ду сабаб буд. Сабаби якум ҳабси Рисал ва ба ҷазираи Минданао бадарға карда шудани ӯ буд. Сабаби дуюм он буд, ки ин вақт чи дар Испания ва чи дар Филиппин давраи ислоҳотхоҳӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Фаъолияти “Лига” асосан ба ҷамъоварии маблағ маҳдуд шуда буд. Маблағи ҷамъовардашуда барои нашри адабиёти таблиғотӣ истифода бурда мешуд. “Лигаи Филиппин” охирҳои соли 1893 пароканда шуд.

Дар байни асосгузорони “Лигаи Филиппин” Андреас Бонифасио низ буд. Ӯ моҳи июли соли 1892 ҷамъияти инқилобии “Катипунан” (“Иттиҳоди олии писарони барӯманди халқ”)-ро ташкил мекунад. Шумораи аъзои ҷамъият аз 300 нафари моҳи июл дар моҳи августи ҳамон сол то 30 ҳазор нафар афзуд. Ин созмон бар он ақида буд, ки мардум бояд барои истиқлолияти Давлатии Филиппин мубориза барад. Принсипҳои идеологии ‘‘Катипунан” дар “10 васияти писарони ватан”-и Бонифасио ва “Таълимоти асосӣ”-и Эмилио Хасинто инъикос гардида буданд.

Соли 1895 “Катипунан” ба тайёрии бевоситаи шӯриши мусаллаҳ мегузарад. Дар оғози соли 1896 пинҳонӣ рақами аввали рӯзномаи он “Калайян” (“Озодӣ”) аз чоп мебарояд. Ин рӯзнома дар паҳн намуданн таблиғоти инқилобӣ дар Филиппин мақоми муҳим дошт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …