Главная / Варзиш / Ҳар як шахс бояд шино кунад

Ҳар як шахс бояд шино кунад

Ҳар як шахс бояд шино карда тавонад. Охир аз шино карда таво- нистан дар бисёр холатҳо ҳаёти инсонҳо вобаста аст. Ба ғайр аз ин, шиноварӣ бадани инсон, хусусан системаи дилу par, нафаскашӣ ва асабро мустаҳкам гардонида ба узвхои ҳаракат таъсири муфид мерасо- над ва баданро обутоб медиҳад. Шино кардан, бозиҳои даруниобӣ чобукӣ, пуртоқатӣ, парқувватиро инкишоф дода, ба кас рӯҳи тоза мабахшад.

Шинокуниро бо ёрии волидайн (муаллим, мураббӣ) омӯхтан лозим аст.

Шинокуниро аз машқҳои омодагӣ дар об оғоз кунед.

  1. Аз ҷойи чуқуртар ба тарафи соҳил қадам гузоред.
  2. Ба об бо чашмони кушода ва пӯшида дароед.
  3. Нафасро дар зери об нигоҳ доред ва х,амон ҷо нафас бароред.
  4. «Машқи шиноварӣ». Дар даруни об рост истода, нафаси чуқур кашед, нишинед, ба об бо тамоми бадан даромада, зону- ҳоро бо даст дор. Дар ин ҳолат шумо ба монанди қаровулаки шасти мохигирӣ рӯйи об мебароӣ.
  5. «Медуза». Ҳолати охирини расми 44-ро гиред, бадан- ро рост накарда, дасту пойхоро рост кунед ва дар даруни об дароз кашед.

ovbozi1 ovbozi2 ovbozi3

«Ситорача» (расми 46). – Худи ҳамон амалро иҷро кунед. Танҳо пас аз шино кардан дасту пойҳоро ба ду тараф кушода, рӯйро ба даруни об андозед.

  1. Лағжидан бо қафаси сина (расми 47). Дар об рӯ ба тарафи соҳил истода, дастҳоро ба пеш бароред, нишинед, нафас кашед ва аз зери об такон гирифта, дар об то тамоман боз истодани пойҳо лағжида рафтан гиред.
  2. Лағжидан бо тахтапушт (расми 48). Ба соҳил бо тахтапушт истода, дастҳоро ба боло бардоред, манахро ба қафаси сина зер кунед. Нишинед, нафас гиред, аз қаъри об такон гирифта бо тахтапушт ба болои об хоб кунед. Шонаҳо бояд дар болои об бошанд, бадан ба таври уфуқӣ кашида щуда бошад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …