Главная / Маданият ва санъат / АҚОИД-УН-НИСО – МАЗМУНУ МУНДАРИҶААШ

АҚОИД-УН-НИСО – МАЗМУНУ МУНДАРИҶААШ

Соли таълифи асар зикр нашудааст ва аз ишораҳои муаллиф пайдост, ки он пеш аз «Кони лаззат ва хони неъмат» эҷод карда шудааст. Муаллиф ин асарашро «…мухтасарест дар баёни аҳволу афъоли занон» мегуяд.

«Ақоид-ун-нисо» аз нигоҳи сохтор низ ҷолиб буда, дорои муқаддима ва 16 боби хурд-хурд мебошад.

Дар муқаддимаи рисола муаллиф панҷ нафар занони обруманди замонро ном мебарад. Онҳо: Бибишоҳ Зайнаб, Бибихоли Ҷӯйборӣ, Бибимоҷони Базморо, Хола Панир, Бибиқалмоқи Оллоҳгуй мебошанд. Муаллиф ин бибиҳоро аз «уламову фуқаҳои замони худ» ном бурда, қайд мекунад, ки: «.ҳар зане, ки хилофи фармудаи эшон кунад, гунаҳкори азим бошад».

zan

Баъд аз муқаддима бобҳои китоб оғоз мешавад, ки чунин унвонгузорӣ шудаанд:

Боби якум: «Дар баёни вузуъ ва ғусл».

Боби дуюм: «Дар баёни авқоте, ки намоз соқит аст ва тарки он воҷиб аст»

Боби сеюм: «Дар баёни руза».

Боби чорум: «Дар никоҳ дар шаб ё рузи зифоф».

Боби панҷум: «Дар баёни аъмоли шаби зифоф».

Боби шашум: «Дар баёни зоёнидани занон».

Боби ҳафтум: «Дар баёни ҳаммом рафтан».

Боби ҳаштум: «Дар баёни созҳо ва феъли он».

Боби нуҳум: «Дар баёни фаслҳо ва авқоти он».

Боби даҳум: «Дар баёни муоширати занону шавҳарон».

Боби ёздаҳум: «Дар баёни матбуоте, ки ба назар воҷиб аст».

Боби дувоздаҳум: «Дар баёни таъвиз ба ҷиҳати захми чашм».

Боби сенздаҳум: «Дар баёни маҳраму номаҳрам».

Боби чордаҳум: «Дар баёни истинҷоби дуо».

Боби понздаҳум: «Дар баёни меҳмон».

Боби шонздаҳум: «Дар баёни хоҳар хондан».

Мазмуни бобҳо кинояомез буда, ин занҳо, ки асилзодаву ашрофзодаанд, ҳар кадоме муҳокимарониҳои хеле аҷоиб доранд.

Масалан, дар боби якум менависад, ки вузуъ ва ғуслро ҳамаи уламо (панҷ нафар бибиҳо.) воҷиб медонанд, вале дар ҳолатҳои зерин: вақте ки зан ба дасти худ ҳино баста бошад, ё бар абруяш усма кашида бошад, ё шавҳар ба у иҷозати ҳаммом рафтан надода бошад, ба ақидаи Бибишоҳ Зайнаб, то панҷ руз ин ҳолат давом бояд кунад ва ба қавли Бибихоли Ҷуйборӣ, то як ҳафта ва ба гуфтаи Бибимоҷони Базморо, то ба як моҳ тарки ғуслро воҷиб медонад ва ғайра. Ё худ оид ба муносибати занон бо модаршуён менависад: «.арус бо модари шавҳар ва модаршуй бо арус, албатта, душманӣ кунанд, ҳарчанд дар дил бо ҳам дӯст бошанд, дар зоҳир албатта-албатта душман бошанд… ва Бибӣ Шоҳ Зайнаб аз қавли муршиди худ иблиси лаъин гуфта, ки акси онро ба амал орад. Ба арӯс воҷиб аст, ки рӯзу шаб дурӯғ ва ифтирои (сафсаттаи ) бисёр аз қавли шайтони лаъин ба шавҳар нақл кунад» ва монанди инҳо.

Умуман маълум мешавад, ки «Ақоид-ун-нисо»-и Возеҳ дар таърихи адабиёти тоҷик яке аз комилтарин ва арзишмандтарин асар ба ҳисоб меравад. Ин асар назари шахсии муаллиф набуда, асосан ақидаҳои 5 тан занони «уламо»-и давр мебошад.

Асар маҷмӯи урфу одат, тафаккуру ҷаҳонбинии занони табақаи муайяни ҷамъияти онвақтаи Бухорост, ки аз тарафи Возеҳ мушоҳида карда шудааст. Аз тарафи дигар, мо муоинаи табақаҳои иҷтимоии ҷамъияти ҳамонрӯзаи Бухоро ва ба хусус, авзои занон ва мақоми онҳоро дар оила ва ҷамъият мебинем.

Савол ва супоришҳо:

  1. Овони ҷавонӣ ва таҳсили илм кардани Қорираҳмалуттоҳи Возеҳ чӣ гуна сурат гирифтааст?
  2. Возеҳ кай ба дарбор роҳ ёфтааст?
  3. Сабабҳои хидмати дарборро тарк кардани Возеҳ чист?
  4. Поёни умри Қорираҳматуллоҳи Возеҳ чӣ гуна гузаштааст?
  5. Мероси илмию адабии Возеҳро номбар кунед.
  6. Сабаби таълифи асари «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ чӣ буд?
  7. Мазмуну мӯҳтавои «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ аз чӣ иборат аст?
  8. Возеҳ дар ин асараш кадом андешаҳои пешқадамро тарғиб намудааст?
  9. Возеҳ дар «Савонеҳ-ул-масолик» бештар ба кадом масъалаҳо рӯ овардааст?
  10. Сафарҳои Возеҳ ба ҷаҳонибинии ӯ чӣ гуна таъсир бахшидааст?
  11. Мазмуни мухтасари «Кони лаззат ва хони неъмат»-ро нақл кунед.
  12. Дар «Кони лаззат ва хони неъмат» кадом навъҳои таъом шарҳу тавзеҳ дода шудаанд?
  13. Сохт ва мундариҷаи «Ақоид-ун-нисо»-ро баён кунед.
  14. Возеҳ дар «Ақоид-ун-нисо» бештар ба кадом масъалаҳо диққат додааст?
  15. Аҳамияти илмию маърифатии «Ақоид-ун-нисо»-ро фаҳмонед.
  16. Истифодаи истеҳсолоту таъбироти хӯроквориро дар асари «Кони лаззат ва хони неъмат шарҳ диҳед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

kashfi-jugrofi

КАШФИЁТҲОИ БУЗУРГИ ҶУҒРОФӢ

То нимаи дуюми асри XV одамони аврупо асосан дар бораи Европа. Осиё ва қисмҳои соҳилии …