Главная / Гуногун / Ҷанги ИМА бар зидди Испания

Ҷанги ИМА бар зидди Испания

Моҳи апрели соли 1898 ҷанги Испанияю ИМА оғоз гардид, ки он дар тақдири Филиппин мақоми ҳалкунанда бозид. Америка барои ҳокимияти худро дар Филиппин барпо намудан аз муборизаи миллию озодихоҳии филиппиниҳо истифода бурд. Бо ин мақсад дипломатҳои Америка ва намояндагони артиши ҳарбии баҳрии он ҳанӯз то оғози амалиёти ҷангии зидди Испания бо Агиналдо гуфтушунид карда, ваъда доданд, ки баъди озодшавии ҷазираҳои Филиппин ба ин давлат истиқлолият медиҳанд.

jangi-ima-filippin

Ҳамин тариқ, амалиёти ҳарбии эскадраи ИМА дар Филиппин бар зидди флоти Испания оғоз ёфт. 2 майи соли 1898 дар халиҷи Манила флоти Испания аз тарафи флоти ИМА торумор карда шуд. Флоти Америка охири моҳи май Агиналдоро дар киштии худ ба Манила овард. 12 июн Агиналдо дар Кавита истиқлолияти Филиппинро эълон кард. Баъди ин шӯриш бо қувваи дучанд аз нав авҷ мегирад ва дар як муддати кӯтоҳ қариб тамоми Филиппин ба ҳокимияти инқилобӣ тобеъ мегардад. Ҳамин тариқ, халқи Филиппин ба зулми 300-солаи мустамликадорони испанӣ хотима гузошт.

Моҳи сентябри соли 1898 дар шаҳри Малолос (музофоти Булакан) маросими кушодашавии Конгресси инқилобии Филиппин доир гардид. Он Конститутсияи Ҷумҳурии Филипиинро қабул кард. Ин конститутсия дар он замон яке аз конститутсияҳои демократитарини ҷаҳон буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …