Главная / Гуногун / Ҷанги Англия бо Бурҳо

Ҷанги Англия бо Бурҳо

Дар баробари соли 1898 ишғол кардани Миср ва Судони шарқӣ ва аз он ҷо фишор дода баровардани сипоҳи Фаронса империализми англис аз нав ба истилои Африка даст зад. Вақте ки дар Трансваал конҳои тилло ёфт шуданд, соҳибкорони англис истилои он ҷйоро тезониданд. Онҳо Трансваалро забт намуда, ба истеҳсоли тиллои он шурӯъ намуданд.

Бурҳо, ки аслан зурётҳои голландиҳои дар асри XVII дар Африка сокиншуда буданд, ба истилогариҳои англисҳо дар Африкаи Ҷанубй муқобилияти сахт нишон доданд. Моҳи октябри соли 1899 Англия ба Ҷумҳурии Дарёи Норинҷй ва Трансваал ҳуҷум кард. Бо ҳамин ҷапги Англияю Бурҳо оғоз ёфт. Бурҳо бар зидди империалистони англис шуҷоатмандона муқобилият нишон медоданд. Ин ҷанг зиёда аз ду сол давом кард.

Дар ҷанги зидди Англия аҳолии муқимии ин ҷо – сиёҳпӯстон бурҳоро дастгирӣ накарданд, чунки бурҳо нисбати онҳо муносибати душманона доштанд. Оҳиста-оҳиста бурҳо дар ҷанг шикаст хӯрданд ва соли 1902 маҷбур шуданд, ки ба Созишномаи сулҳ бо Англия имзо гузоранд. Мувофиқи он Трансваал ва Ҷумҳурии Дарси Норинҷӣ ба мулкхои англисй табдил ёфтанд. Дар баробари ин Англия ӯҳдадор шуд, ки ба ин давлатҳо истиқлолият медиҳад. Соли 1910 Трансваал ва Ҷумҳурии Дарёи

Норинҷӣ бо ҳамроҳии мулкҳои дигари англисии Африкаи Ҷанубӣ – Кап ва Натал дар федератсня муттаҳид карда шуда, “Иттифоқи Африкаи Ҷанубй” номгузорӣ шуданд. Баъд Англия нн иттифоқро ба доминион худ табдил дод.

Дар Африкаи ҷанубӣ ҳам империализми Англия супориши сармоядоронро иҷро кард. Марзҳои империя аз ҳисоби давлатҳои ин қитъа боз ҳам васеътар карда шуданд. Истилоҳгариҳои империализми Англия бо ҷангҳои вай дар Африка ба охир нарасиданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …