Главная / Гуногун / Чанги Англия бо Бурхо

Чанги Англия бо Бурхо

Дар баробари соли 1898 ишгол кардани Миср ва Судони шарки ва аз он чо фишор дода баровардани сипохи Фаронса империализми англис аз нав ба истилои Африка даст зад. Вакте ки дар Трансваал конхои тилло ёфт шуданд, сохибкорони англис истилои он чйоро тезониданд. Онхо Трансваалро забт намуда, ба истехсоли тиллои он шуруъ намуданд.

Бурхо, ки аслан зурётхои голландихои дар асри XVII дар Африка сокиншуда буданд, ба истилогарихои англисхо дар Африкаи Чанубй мукобилияти сахт нишон доданд. Мохи октябри соли 1899 Англия ба Чумхурии Дарёи Норинчй ва Трансваал хучум кард. Бо хамин чапги Англияю Бурхо огоз ёфт. Бурхо бар зидди империалистони англис шучоатмандона мукобилият нишон медоданд. Ин чанг зиёда аз ду сол давом кард.

Дар чанги зидди Англия ахолии мукимии ин чо – сиёхпустон бурхоро дастгири накарданд, чунки бурхо нисбати онхо муносибати душманона доштанд. Охиста-охиста бурхо дар чанг шикаст хурданд ва соли 1902 мачбур шуданд, ки ба Созишномаи сулх бо Англия имзо гузоранд. Мувофики он Трансваал ва Чумхурии Дарси Норинчи ба мулкхои англисй табдил ёфтанд. Дар баробари ин Англия ухдадор шуд, ки ба ин давлатхо истиклолият медихад. Соли 1910 Трансваал ва Чумхурии Дарёи

Норинчи бо хамрохии мулкхои дигари англисии Африкаи Чануби – Кап ва Натал дар федератсня муттахид карда шуда, “Иттифоки Африкаи Чанубй” номгузори шуданд. Баъд Англия нн иттифокро ба доминион худ табдил дод.

Дар Африкаи чануби хам империализми Англия супориши сармоядоронро ичро кард. Марзхои империя аз хисоби давлатхои ин китъа боз хам васеътар карда шуданд. Истилохгарихои империализми Англия бо чангхои вай дар Африка ба охир нарасиданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …