Главная / Илм / АМОНҚАРА

АМОНҚАРА

ungerniaАМОНҚАРА (Ungernia victoris), зевак, ҷавак, ҷавзак, гиёҳест бисёрсола. Барги дарози тасмашакл, хӯшагули чатрнамо, гули зангӯла ё қифшакли зард, ғӯзаи сепарраи сертухм, тухми калони бӯри сиёҳтоб дорад. Авг. – сент. гул карда тухм мебандад. Асосан дар нишебиҳои кӯҳу хоктеппаҳо (2000 – 3000 м аз с.б.) мерӯяд. Дар тибби халқӣ пиёзаки дар хокистар пухтаи А.-ро ба ҳафтпӯст ва думбал мебанданд. Пиёзак, реша, барг ва меваи А. алкалоид (галантамин, гиппеастрин, ликорин, панкратин ва ғ.) дорад. Дар амалияи тибби муосир гибромиди галантаминро барои табобати ихтилоли тағзия (дистрофия), фалаҷ, сусткамарӣ, иллати системаи асаб ва радикулит (дарди қуян), тавсия медиҳанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …