Главная / Гуногун / АЛ-ФИҚҲАЛ-АКБАР

АЛ-ФИҚҲАЛ-АКБАР

Нахустин асари илмии дар риштаи илми фиқҳ баёндоштаву таълифнамуда ва аз худ боқигузоштаи Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) «Ал-фиқҳ ал-акбар» («Фиқҳи Акбар») мебошад, иҷмоъи уламойи гузашта низ ин рисоларо ба қалами ӯ ва ба заковати ӯ нисбат додаанд. Рисолаи мазкур аз бузургтарин таълифоти Имом Абӯҳанифа Ал-Кӯфӣ (р) аст, ки дар байни уламойи исломӣ ва ҷаҳон ҳамчун, яке аз нахустин асар ё худ рисолаи давраи муқаддимотии илми калом маъруфият дорад.

«Ин рисола (яъне, «Фиқҳи Акбар») усули қазоёи каломиро ба ибороти мӯъҷаз ва муфиде шарҳ намуда, ки чунин оғоз мешавад:

– Асли тавҳид ва ончи эътиқод ба он дуруст аст, мусалмонро лозим аст, ки бигӯяд: Ба Худо ва фариштагон ва ба кутуби осмонӣ ва паёмбарон ва зинда шудани баъд аз марг ва инки некӣ ва бадӣ аз Худо аст, имони комил дорам…». 47.-126

Чуноне, ки қаблан ишора шуд, теъдоди зиёде аз уламои пешин ва низ муосир рисолаи «-Ал-фиқҳал-акбар»-ро бо далойили раднопазир, ба Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мансуб донистаанд. «Аз ҷумлаи ин донишмандон Имом Абдулқодири Бағдодии Шофеъӣ мебошад, ки дар китоби хеш «Усули-д-дин» (саҳ.308) чунин тасреҳ намуда: -Аввалин донишмандон, дар зумраи фуқаҳо ва арбоби мазҳаб Абӯҳанифа (Имоми Аъзам) ва Шофеъӣ (Имом Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ) мебошанд… Абӯҳанифа дар мавзӯи рад бар қадария китобе дорад, ки онро «Ал-фиқҳал-акбар» ном гузошта ва низ рисолае барои таъйиди аҳли суннат ва ҷамоъат дар бораи ин, ки иститоъат мақорин бо феъл аст имлоъ ва иншо фармуда ва дар он илова карда : «Ки иститоъат салоҳияти зиддайнро дорад»…». 47. -127.

Мавзӯъи асосие, ки бештар дар рисолаи «Фиқҳи акбар», аз ҷониби Имом Абӯҳанифа (р) рӯи он андешаронӣ шуда аст, ин тавҳиди зоти бе мисли Ҳақ таъоло аст. «Имом (Абӯҳанифа ) рисолаи «Фиқҳал-акбар»-ро бо баёни асли тавҳид ва ончи эътиқод ба он саҳеҳ аст, оғоз карда ва як идда масойили каломиро бидуни далойили муфассали он зикр карда, ва равиши ӯ дар ин рисола мухолифи кутуби дигари ӯ аст, зеро дар ин кутуб барои баъзе мавзӯъоти каломӣ, далоиле низ иқома карда вале дар «Фиқҳи акбар» танҳо дар мавзӯъ ироаи далел намудааст.

Аввал мавзӯи халқи Қуръон, ки тарзи иборати ӯ дар ин баҳс моро ба далойил роҳнамоӣ мекунад, зеро (Имом) мазҳаби худро дар он бора чунин таъйид карда: «Қуръон каломи Худованд аст, ки дар масоҳиф навишта шуда ва дар дилҳо ҳифз ва дар забон қироат ва бар Паёмбар (с) нозил шуда ва талаффузи мо ба Қуръон ва навиштан ва қироати он ҳама махлуқ аст, вале Қуръон махлуқ нест ва ончи Худованд дар бораи ҳикоят аз Мӯсо (ъ-м) ва дигар анбиёъ ва дар бораи Фиръавн, Иблис ва ғайра зикр фармуда, ҳама он каломи Худованд аст, ки аз онҳо қикоят фармуда ва каломи ӯ таъоло ғайри махлуқ аст. Аммо каломи Мӯсо (ъ-м) ва дигар махлуқот махлуқ аст ва Қуръон чун Каломи Худованд аст пас қадим аст ва каломи онҳо қадим нест. Мӯсо (ъ-м) каломи Худоро шунида, тавре, ки мефармоянд:

– Ва Худованд ба Мӯсо (ъ-м) гуфт.

Худованд қабл аз он, ки ба Мӯсо (ъ-м) сухан гӯяд, мутакаллим буд ва ҳаст. Худованд дар азал холиқ буда ва ҳеҷ кас ба Ӯ монанд нест ва Ӯ таъоло шунаво ва бино аст ва аз раги гардан дида, ба мо наздик аст ва Худованд ба Мӯсо (ъ-м), ба каломи азалӣ, ки сифати азалии Ӯст, сухан гуфт ва сифоти Худованд мухолифи сифоти махлуқ, аст. Илми-Худованд монанди илми мо ва қудрати ӯ монанди қудрати мо ва равият, самъ ва каломи Худованд монанди равият ва самъу каломи мо нест, сухани мо ба василаи олоти гуфтугӯӣ, яъне, забон ва ҳуруф ва сухани Худованд бидуни олот ва бидуни ҳуруф аст ва ҳуруф махлуқ (офаридашуда ва эъҷозу, эҷод)-и Худо аст ва каломи Худо махлуқ нест…». 47. -131-132.

Матолибе, ки дар боло зикр шуд, дар оғози рисолаи «Ал-фиқҳ, ал-акбар» зикр шуда ва Имоми Аъзам (р) пас аз таҳқиқи мазҳаби хеш, дар бораи Қуръон як силсила масойили каломиро зикр карда ва боз ба мавзӯи Қуръон тамос гирифта аст…

«Дуввум: – Мавзӯи даст ва рӯй ва нафси Худованд аст, ки дар Қуръон зикр шуда, ки ҳама сифоти билокайфи Худованд мебошад ва дуруст, нест, ки бигӯем ки дасти Худо иборат аз қудрат ва ё неъмати Ӯ аст, зеро (даст) Худо ва ғазабу ризойи Худо, аз сифоти билокайфи Ӯ аст». 47-132.

Агар мо инҷо муфассалан мӯҳтавиёти рисолаи «Фиқҳи акбар»-ро рӯи коғаз биоварем сухан ба дарозо рафта, мумкин аст, ки барои иддае аз мутолиъини иззатманд боиси пургӯӣ ва малоли хотир гардад. Мо мавзӯи баҳсро ба сӯҳбати дигар -ҳавола намуда, ба сурати иҷмолӣ, ба мӯҳтавиёти рисолаи мазкур бори дигар назар меандозем. Ва ба қавли фармудаи устод Иноятудлоҳи Иблоғ-муҳаққиқи шоистаи ҷабҳаи назариёти каломии Имоми Абӯҳанифа (р): «… Ба мӯҳтавиёти рисолаи Имом ба сурати иҷмолӣ ва мӯъҷаз назарандозӣ мекунем, ки мубоҳиси рисолаи «Фиқҳи акбар» ба қарори зайл хулоса мешавад:

Асли тавҳид, имон, қазо ва қадар, ваҳдати Худо на аз тариқи адад, сифоти зотию феълии Худо, Худованд бо махлуқ шабеҳ нест, иттисофи Худо ба сифот, дар азал, эҷоди махлуқот аз ъадам, Худованд махлуқи худро маҷбур намегардонад. Ӯ раҳмонирраҳим, яъне бахшояндаи меҳрубон аст, афъоли ъибод, нубувват ва ъисмати анбиёъ, тартиби хулафойи рошиддин (яъне, хулафойи барҳақ ва иршоддиҳандагону интишор-диҳандагони Ислом-чаҳор пири тариқат Абӯбакри Сиддиқу Умар Ал-Форуқ ва Ҳазрати Усмону Ҳайдар, яъне, Ҳазрати Алӣ разиаллоҳу анҳум, С.Б.Б.,) дар фазилат, хавориқ (афъол ва хасоил, ки хилофи одати дигар мардумон бошад ва маҷозан каромоти авлиёъ, С.Б.Б.,)-и одати анбиёъ,  ва каромоти авлиёъ равийяти Худованд, дин чи маънӣ дорад, дин як исми ҷомеъ, барои ҳама шаройиъ (шариъат, яъне, ба ҳукми шаръӣ, возеҳтар фарз, воҷиб, суннат мустаҳаб, нафл, фарзи қоим-намоз, фарзи доим-зикри номи Худо, яъне, ба ҷои ғайбату ҳарфчинӣ ва суханони рибоъиву риёии дунёӣ; гуноҳ, савоб, амри маъруф, наҳйи мункар, рӯза, закот, хайру садақа, тавофи Каъбаи шариф, ҷавоби атсаву ҷавоби салом ва одоби салом, хулқу одоби нек, «Иннамал мӯъмину ихватун». яъне: «Мӯъмин бародари мӯъмин», никоҳ, талоқ, қарз ва адои қарз, парҳез аз куфр, тарки одати бад, хатна, фитри рӯза, фидяи савм ва салот ва кулли воҷибот, парҳез аз исроф, кӯшиш ба сарфа, сиға (никоҳи муваққатӣ), зиноъ ва дӯрӣ аз он, манъи рибоъхӯрӣ, манъи ришва ва манъи порахӯрӣ дар хешутаборӣ, ба мисли қалин, ширбаҳо ва ҳама он муомилоти тарафайнӣ, хулоса Имон ба Худову Расул (с) ва ба фариштагон ва расулону кутуби осмонӣ, зинда гардонидани баъд аз миронидан, қазову қадар, тақдири бадиву некӣ, эҳтироми гузашта ва гузаштагон (аҳли салаф), сахӣ будан, эҳтироми шариъат ва ғайра мислуҳум, С.Бурҳониддини Бузургмеҳр,) аст, шафоъат вазни аъмол,  ҷаннат ва дӯзах, авлоди Паёмбар (с), «Меъроҷ», хурӯҷи раҷолулғайб ва Даҷҷоли Масеҳу яъҷуҷу маъҷӯҷ, тулӯъи хуршед аз Мағриб ва нузӯли Ҳазрати Исо (ъ-с)» 47.-133. Дар боби ваҳдати вуҷуд Имоми Аъзам (р) мегӯяд: Худо воҳид аст, яъне, шарик надорад. Дар эътиқодиёт манбаъи ваҳдат «Сураи Ихлос» аст 47-206.

Имом Абӯҳанифа (р), яъне, сироҷи умам (р) мегӯяд: « «Худо воҳид аст, на аз тариқи адад». Матни фармӯдаи Имоми Аъзам дар «Фиқҳал-акбар» чунин аст: «Худо воҳид аст, на аз тариқи адад, балки аз ин лиҳоз, ки шарик надорад, яъне: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим: Қул ҳуваллоҳу аҳад (1) Аллоҳу-с-самад (2) Лам ялид, Ва лам юлад (3) Ва лам якуллаҳу, куфуван аҳад (4)». (Яъне: «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон (1) Бигӯ (ё Муҳаммад): Ӯ Худои ягона,(2) Худои бениёз,(3)назода ва зоида нашуда, (4) ва нест Ӯро ҳамто аҳаде!) 47. -206.

Мавзӯи имон низ яке аз масойил ва мавзӯоти-муҳим ва фарзист, ки Имоми Аъзам (р) перомуни он, дар рисолаи «Ал фиқҳал-акбар» муфассалан андешаронӣ кардааст ва аҳкоми ойиди имонро бо матолибе зиёд таҳқиқу ташреҳ ва арзёбӣ намудааст. «Имоми Аъзам (р) мавзӯи имон ва мутааллиқоти онро дар чанд ҷо ба сурати пароканда зикр карда ва ҳамаро дар як биёварда, ки шояд барои ин равиш назди худ далеле дошта, чунончи дар оғоз гӯяд: «- Бар мӯъмин лозим аст, ки бигӯяд: Имон овардам ба Худо…». Ва пас аз зикри чанд масъалаи каломӣ, боз ҳам ба мутааллиқоти имон ишора намуда мегӯяд:

Худованд махлуқро орӣ аз куфр ва имон офарида, баъдан хитоб ва амр ва наҳӣ (бозгашт аз гуноҳ ва куфр ва ширк)-ро бо эшон мутаваҷҷеҳ гардонида, ки баъзе мардум ба асари ъадами тавфиқи Худо бо феъли худ ва инкор аз Ҳақ, куфрро ихтиёр карда ва баъзе ба тавфиқи Илоҳӣ, бо феъли худ ва бо амри дили огоҳашон ва иқрору тасдиқи худ имонро ихтиёр намудаанд.

-Худованд авлоди Одамро аз сулб, (устухонҳои пушт)-и ӯ ба сурати мурчаҳои кӯчак халқ фармуд ва ба эшон ақл бахшид, сипас амр ва наҳӣ ва хитоби худро мутаваҷҷеҳи онҳо гардонид ва ҳамагӣ ба Худогии ӯ Таъоло эътироф карданд ва ин эътироф айни имон аст ва онҳо бо ҳамин имони фитрӣ ба вуҷуд меоянд ва касе, ки баъд аз он кофир мешавад, гӯё фитрати худро тағйир медиҳад ва он, ки имон меорад, ҳамин фитратро давом ва субот мебахшад. Худованд ҳеҷ касеро ба куфр ва имон маҷбӯр нагардонида ва онҳоро кофир ва ё мӯъмин наёфарида, балки танҳо шахси онҳоро халқ фармуда ва имону куфр кори худи бандагон аст. Офаридгор ақл ва тафаккур дод то, ки нотиқ бошанд инсонҳо ва гумроҳ набошанд ва имонро аз куфр ва савобро аз гуноҳ худашон бояд фарқ кунанд. Худованд куфри кофирро дар ҳалли куфри вай медонад ва чун имон овард илми Худо ба имони вай тааллуқ мегирад ва ӯро бидуни ин, ки дар илм ва сифати Ӯ-Таъоло тағйир рух диҳад дӯст медорад». 47. -133.

Ҳамчунин дар «Фиқҳи акбар» Имоми Аъзам (р) оиди имон боз чунин тасреҳотро ба қалам дода: «-Имон иборат аз иқрор ва тасдиқ аст», (бояд таъкид намуд, ки дар «Фиқҳи акбар» танҳо матолиб вуҷуд дорад ва далойил ба назар намерасад, И.Иблоғ). 47. -173.

Дар рисолаи «Ал-васият»~и Имом Аъзам Абӯҳанифа (р) бошад, оиди масъалаи имон чунин тарзи тасреҳот ба назар мерасад, ки омада: «-Имон аз иқрор ба забон ва тасдиқ ба қалб аст ва танҳо иқрори забонӣ имон шумурда намешавад, зеро агар инсон маҳз ба иқрор мӯъмин пиндошта шавад, бояд ҳамаи мунофиқон (ки гоҳо бардурӯғ ба забон иқрори имон мекунанд) мӯъмин шумурда шаванд. Ҳамчунон, танҳо маърифат имон нест, зеро дар ин сурат ҳама аҳли китобро мӯъмин метавон гуфт, дар ҳоле, ки Худованд дар бораи мунофиқон фармуда: «Валлоҳу яшҳо иннал мунофиқина-л-козибун «(яъне: Худованд шоҳид аст, ки мунофиқон дурӯғгӯёнанд»). Ва дар бораи аҳли китоб мефармояд:

«Аллазина отайно ҳумул китоб, яърифуна камо юъаррифуна абноиҳум».   (Яъне: «-Касоне, ки ба эшон китоб додаем (Ӯ)-ро мешиносанд, монанди онки фарзандони худро мешиносанд») 47-173.

Ба қавли устод Иноятуллоҳи Иблоғ: «Дар ин баҳс ба овардани ду матлаб, аз ду рисолаи мутазаккира иктифо менамоем, ки далолат дорад бар таркиби имон, аз ду ҷузъ, яъне, иқрор ва тасдиқ ва дар рисолаи «Ал-олим вал-мутаъаллим» бошад, ба маърифати яқин, Ислом, иқрор ва тасдиқ ишора шуда» 47. – 173., ки дар бораи он дар оянда сӯҳбате муфассал хоҳем кард.

Ва ниҳоят, хулосаи поёнбахши нисбатан фишӯрдаи мавзӯи мавриди назар қароргирифта ин, аст, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар баробари баёни мазҳаби хеш дар рисолаи «Ал-фиқҳал-акбар», зиёда перомуни тавҳиди зоти ягона ва бе мислу монанди Худо ва сари мавзӯи имон ва халқи Қуръони маҷид андеша рондаву тасреҳоти зиёде оиди ин масойил баён доштааст ва ҳамчунин мулоҳизот ва матолиби зиёдеро муфассалан рӯи коғаз овардааст.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …