Главная / Ҷамъият / Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ВКД барои пурсиш даъват шуд

Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ВКД барои пурсиш даъват шуд

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, журналисти шинохта ва мудири китобхонаи ба номи Лоҳутии пойтахт, барои ибрози андешаҳояш дар “Фейсбук” ду дафъа ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват шудааст. Ӯ тақрибан ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи ифротгароӣ садо баланд карда, бо мухолифони арзишҳои пешазисломии тоҷикон баҳс меорояд.

abduqodiri-abduqahor

  • Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин баҳсҳо бо ному насаби худ иштирок мекунад, аммо тарафи муқобил бештари вақт бо номҳои сохта ваё саҳифаҳои бидуни акс ҳастанд. Худи Абдуқодир тарафи муқобилро бештар “фанатик” ё “мутаассиб” ном мебарад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шикояти як гуруҳ: Тафриқа меандозад

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ҷавоне дар вохӯрӣ бо вазир шикоят кардааст, ки Абдуқодири Абдқаҳҳор бо ибрози андешаҳояш ба муқаддасоти динии мусалмонҳо мерасад ва дар ҷомеа тафриқа меандозад.

Ӯ рӯзи 6-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ вақт ҳадафаи тафриқаандозиро надошт, балки аз таърихиу арзишҳои миллӣ дифоъ намуд.

“Онҳо ба арзишҳои миллии мо ҳуҷум мекунанд. Нисбат ба нахустпаёмбари ориёиҳо Зардушт ва абаркитоби мо Авастои муқаддас таҳқир мекунанд. Албатта, ман наметавонистам, ки ҷавоб нагуям, наметавонистам, ки вокуниш нишон надиҳам. Ва бо ҳамин бештар аз як сол шуд,ки баҳс миёни шахсан ман ва як гуруҳе, ки бисёр афкори тангу торик доранд, аз арзишҳои миллӣ комилан бехабаранд, бештар арабзада ва динзада шудаанд, идома дорад”, – афзуд ӯ.

“Чаро баёнот нависам: барои иддаои пуч?”

Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯяд, мақомот ба ӯ гуфтаанд, ҷавоне, ки шикоят кард, аслан корбари интернет нест ва гӯё як гуруҳ ӯро ба сифати намоянда ба ҳузури вазири умури дохилӣ фиристодаанд. Ин журналист гуфт, аз ӯ тақозо шудааст, забонхат бинависад ва ҳадафи худро аз ин баҳсҳо шарҳ диҳад.

“Боисрор мефаҳмонидам, ки ҷомеаи мо демократӣ аст, ман ба ҷангу хушунат ва ба нооромии ҷомеа сабабгор нестам. Ман танҳо аз арзишҳои миллии худам аз фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи миллатам ҳимоят кардам, чаро баёнот нависам? Барои иддаои пучи чанд худобехабар, тундрав ва нафароне, ки арзишҳои миллӣ барояшон ҳеҷ аҳамият надорад?” – суол гузошт Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ӯ афзуд, дар дафъаи аввал ҳеҷ забонхат нанавишт ва танҳо шифоҳӣ асли қазияро фаҳмонд. Аммо дафъаи дувум аз ӯ ҷиддан тақозо шудааст, ки хаттӣ ҳадафашро бигӯяд.

“Агар ба чунин афрод фишор биоранд…”

Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба бозпурсрӣ даъват шуд ва феълан санҷиш идома дорад. Ҳамсуҳбати мо аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Инҳо ба ҷои онки ба воситаи сухан бо ифротгароён мубориза баранд, танҳо касеро, ки бо қалам ва бо сухан бо онҳо мубориза мекунад, аз майдон берун мекунанд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор тайи 20 сол дар телевизиони Тоҷикистон кор карда, шаш сол мудири Радиои Тоҷикистон буд. Баъдан ба ҳайси раиси телевизиони “Пойтахт” пазируфта шуда, бо тағйироти муҳтавои барномаҳо дар ин телевизион ном баровард. Сипас барои кор ба идораи фарҳанги ҳукумати Душанбе ва баъди он ба Китобхонаи бачагонаи ба номи Лоҳутӣ рафт.

Теъдоде аз фарҳангиёни тоҷик ба ҳимоят аз арзишҳои миллии тоҷик бархостани Абдуқодири Абдуқаҳҳорро дар шароити феълӣ ва дар баробари теъдоде аз корборони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷасорат унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, агар мақомоти интизомии Тоҷикистон чунин афродро зери фишор қарор диҳанд, гуруҳҳои тундгаро боҷуръаттару ҳавобаланд хоҳанд шуд.

Лаҳни тунд?

Абдуқодири Рустам, адиби тоҷик, гуфт, “инҳо ба ҷои онки аз Абдуқодир пуштибонӣ бикунанд ва ба ҷои онки ба воситаи сухан бо ифротгароён мубориза баранд, танҳо касеро, ки бо қалам ва бо сухан бо онҳо мубориза мекунад, аз майдон берун мекунанд. Ва маънояш ин аст, ки майдонро барои ифротгароҳо боз мекунанд.”

Гуруҳҳое, ки ба ибрози назарҳои Абдуқодири Абдуқаҳҳор мухолиф ҳастанд, ҳатто дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон зиёданд. Аммо аз суҳбат дар рӯ ба рӯи навор худдорӣ мекунанд.

Теъдоди дигар ҳарчанд ба назарҳои Абдуқодир мухолиф нестанд, мегӯянд, дар баъзе маврид лаҳнаш тунд аст.

“Ҳаққи ҳар нафар аст, ки…”

Абдумалик Қодиров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, “чизеро пайдо накардам, ки таҳқир карда бошад. Албатта, ба эҳсоси динии ин ё он шахс расидан кори хуб нест. Вале баёни фикр дар бораи ин ё он дин ҳаққи ҳар як нафар аст.”

Ин баҳсҳо дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки зоҳиран Тоҷикистон хеле орому дунявӣ аст. Аммо дар дохил ва дар зеҳни одамон чӣ меҷӯшад, касе намедонад. Танҳо вокуниши афрод ба таҳаввулоти аз қолабҳои мазҳабӣ берун амиқ нишон медиҳад, ки то кадом андоза ҷомеа муҳофизакор шудааст.

Дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки мақомоти интизомӣ як зиёии тоҷикро барои вориди баҳс шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо гуруҳе бозпурсӣ мекунанд. Таҳлилгарон бар инанд, ки агар гуруҳе ба андешаи як нафари дигар розӣ нест, бояд баҳсро дар додгоҳ идома идома диҳанд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

nasroni-2

ПАЙДОИШИ РАВИЯҲОИ ГУНОГУН ДАР ДИНИ НАСРОНӢ

Дар натиҷаи тағйиротҳои гуногуни иҷтимоӣ, парокандагии давлатӣ Империяи Рим соли 395 он ба ду қисм …