Главная / Чамъият / Абдукодири Абдукаххор ба ВКД барои пурсиш даъват шуд

Абдукодири Абдукаххор ба ВКД барои пурсиш даъват шуд

Абдукодири Абдукаххор, журналисти шинохта ва мудири китобхонаи ба номи Лохутии пойтахт, барои ибрози андешахояш дар “Фейсбук” ду дафъа ба Раёсати мубориза бо чиноятхои созмонёфтаи Вазорати корхои дохилии Точикистон даъват шудааст. У такрибан хар руз дар шабакахои ичтимои алайхи ифротгарои садо баланд карда, бо мухолифони арзишхои пешазисломии точикон бахс меорояд.

abduqodiri-abduqahor

  • Абдукодири Абдукаххор дар ин бахсхо бо ному насаби худ иштирок мекунад, аммо тарафи мукобил бештари вакт бо номхои сохта ваё сахифахои бидуни акс хастанд. Худи Абдукодир тарафи мукобилро бештар “фанатик” ё “мутаассиб” ном мебарад.

Гузориши видеои дар инчост:

Шикояти як гурух: Тафрика меандозад

Макомоти Вазорати корхои дохилии Точикистон гуфтаанд, чавоне дар вохури бо вазир шикоят кардааст, ки Абдукодири Абдкаххор бо ибрози андешахояш ба мукаддасоти динии мусалмонхо мерасад ва дар чомеа тафрика меандозад.

У рузи 6-уми сентябр дар сухбат бо Радиои Озоди гуфт, хеч вакт хадафаи тафрикаандозиро надошт, балки аз таърихиу арзишхои милли дифоъ намуд.

“Онхо ба арзишхои миллии мо хучум мекунанд. Нисбат ба нахустпаёмбари ориёихо Зардушт ва абаркитоби мо Авастои мукаддас тахкир мекунанд. Албатта, ман наметавонистам, ки чавоб нагуям, наметавонистам, ки вокуниш нишон надихам. Ва бо хамин бештар аз як сол шуд,ки бахс миёни шахсан ман ва як гурухе, ки бисёр афкори тангу торик доранд, аз арзишхои милли комилан бехабаранд, бештар арабзада ва динзада шудаанд, идома дорад”, – афзуд у.

“Чаро баёнот нависам: барои иддаои пуч?”

Абдукодири Абдукаххор мегуяд, макомот ба у гуфтаанд, чавоне, ки шикоят кард, аслан корбари интернет нест ва гуё як гурух уро ба сифати намоянда ба хузури вазири умури дохили фиристодаанд. Ин журналист гуфт, аз у такозо шудааст, забонхат бинависад ва хадафи худро аз ин бахсхо шарх дихад.

“Боисрор мефахмонидам, ки чомеаи мо демократи аст, ман ба чангу хушунат ва ба нооромии чомеа сабабгор нестам. Ман танхо аз арзишхои миллии худам аз фархангу тамаддуни чандхазорсолаи миллатам химоят кардам, чаро баёнот нависам? Барои иддаои пучи чанд худобехабар, тундрав ва нафароне, ки арзишхои милли барояшон хеч ахамият надорад?” – суол гузошт Абдукодири Абдукаххор.

У афзуд, дар дафъаи аввал хеч забонхат нанавишт ва танхо шифохи асли казияро фахмонд. Аммо дафъаи дувум аз у чиддан такозо шудааст, ки хатти хадафашро бигуяд.

“Агар ба чунин афрод фишор биоранд…”

Як намояндаи Вазорати корхои дохилии Точикистон дар сухбат бо Радиои Озоди гуфт, дар хакикат Абдукодири Абдукаххор ба бозпурсри даъват шуд ва феълан санчиш идома дорад. Хамсухбати мо аз ин бештар чузъиёт надод.

Инхо ба чои онки ба воситаи сухан бо ифротгароён мубориза баранд, танхо касеро, ки бо калам ва бо сухан бо онхо мубориза мекунад, аз майдон берун мекунанд.

Абдукодири Абдукаххор тайи 20 сол дар телевизиони Точикистон кор карда, шаш сол мудири Радиои Точикистон буд. Баъдан ба хайси раиси телевизиони “Пойтахт” пазируфта шуда, бо тагйироти мухтавои барномахо дар ин телевизион ном баровард. Сипас барои кор ба идораи фарханги хукумати Душанбе ва баъди он ба Китобхонаи бачагонаи ба номи Лохути рафт.

Теъдоде аз фархангиёни точик ба химоят аз арзишхои миллии точик бархостани Абдукодири Абдукаххорро дар шароити феъли ва дар баробари теъдоде аз корборони шабакахои ичтимои часорат унвон мекунанд. Ба кавли онхо, агар макомоти интизомии Точикистон чунин афродро зери фишор карор диханд, гуруххои тундгаро бочуръаттару хавобаланд хоханд шуд.

Лахни тунд?

Абдукодири Рустам, адиби точик, гуфт, “инхо ба чои онки аз Абдукодир пуштибони бикунанд ва ба чои онки ба воситаи сухан бо ифротгароён мубориза баранд, танхо касеро, ки бо калам ва бо сухан бо онхо мубориза мекунад, аз майдон берун мекунанд. Ва маънояш ин аст, ки майдонро барои ифротгарохо боз мекунанд.”

Гуруххое, ки ба ибрози назархои Абдукодири Абдукаххор мухолиф хастанд, хатто дар чомеаи журналистии Точикистон зиёданд. Аммо аз сухбат дар ру ба руи навор худдори мекунанд.

Теъдоди дигар харчанд ба назархои Абдукодир мухолиф нестанд, мегуянд, дар баъзе маврид лахнаш тунд аст.

“Хакки хар нафар аст, ки…”

Абдумалик Кодиров, фаъоли шабакахои ичтимои гуфт, “чизеро пайдо накардам, ки тахкир карда бошад. Албатта, ба эхсоси динии ин ё он шахс расидан кори хуб нест. Вале баёни фикр дар бораи ин ё он дин хакки хар як нафар аст.”

Ин бахсхо дар холе чараён мегиранд, ки зохиран Точикистон хеле орому дуняви аст. Аммо дар дохил ва дар зехни одамон чи мечушад, касе намедонад. Танхо вокуниши афрод ба тахаввулоти аз колабхои мазхаби берун амик нишон медихад, ки то кадом андоза чомеа мухофизакор шудааст.

Дар Точикистон бори аввал аст, ки макомоти интизоми як зиёии точикро барои вориди бахс шудан дар шабакахои ичтимои бо гурухе бозпурси мекунанд. Тахлилгарон бар инанд, ки агар гурухе ба андешаи як нафари дигар рози нест, бояд бахсро дар додгох идома идома диханд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ramazon-rahimzoda

Cарулибоси нави милисахо тахия мешавад

Рамазон Рахимзода, вазири умури дохилии Точикистон бо тасдики як карор барои тахияи сарулибоси нави хидматии …