Главная / Илм / ВАКСИНОТЕРАПИЯ

ВАКСИНОТЕРАПИЯ

vaksinoterapiyaВАКСИНОТЕРАПИЯ, усули муолиҷаи бемориҳои сироятӣ тавассути ваксинаҳо. Дар мавриди В. неруи муҳофизии организм тақвият меёбад.
Ваксинаҳо ҷараёни ташаккули подтанҳо ва фагоситозро метезонанд, савияи иммуноглобулин ва ферментҳоро баланд мебардоранд. Истифодаи ваксинаҳо хусусан ҳангоми бемории музмини бардавом муфид аст. Бо мақсади В. аз штаммҳои беҷони микроорганизмҳо ва подгунҳои ҷудогона (vi-подгунҳо) истифода мекунанд. Солҳои охир барои муолиҷаи исҳоли хунин баъзан ваксинаи зинда кор фармуда мешавад. Хусусан аутоваксинаҳо (ваксинаҳое, ки аз штамми ангезандаи худи мариз ҷудо карда шудаанд) самарабахш мебошанд.
В.-ро метавон дар мавриди брутселлёз (ба варид, дарун ва зери пӯст, дохили мушак), исҳоли хунин (зери пӯст, аз даҳон), туляремия (зери пӯст), сурфакабудак (зери пӯст), домана (зери пӯст), сироятҳои стафилококкӣ ва стерптококкӣ истифода кард. В., одатан, якҷоя бо диг. намудҳои табобат (мас., муолиҷа бо антибиотикҳо) гузаронида мешавад.
Ҳангоми В. мумкин аксуламалҳои гуногун рух намоянд. Бисёр вақт ҳарорат баланд шуда, табларза, дарди устухону мушакҳо, сардард, баҳолӣ ба вуҷуд меояд. Дар аснои истифодаи ваксинаҳо барои табобати исҳоли хунин, дарди рӯдаҳо авҷ гирифта, наҷосат якҷоя бо хун меояд. Ба мушоҳида нарасидани чунин аксуламал далели бесамар будани табобат аст.
В. зери назорати духтур сурат мегирад. Ҳангоми бемори силсилаи дилу рагҳо, гурда, ҷигар истифодаи В. ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …