БАКУЛЕВ Александр Николаевич (7. 12. 1890, Невениковскаяи вил. Саратов – 31. 3. 1967, Москва), ҷарроҳ, акад. АФ ИҶШС (1958), аъзои ҳақиқӣ (1948) ва президенти АИТ ИҶШС (1953 – 60), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Фак-ти тиббии Донишгоҳи Саратовро хатм карда (1915), аз с. 1919 дар клиникаи ҷарроҳии ҳамин донишгоҳ ординатор шуда кор кардааст. ӯ аз с. 1926 дар Ин-ти тиббии ба номи Н. И. Пирогови ш. Москва кор карда, аз с. 1943 ба кафедраи ҷарроҳии ҳамин ин-т роҳбарӣ мекард. Аз с. 1955 ба Ин-ти ҷарроҳии қафаси сина, ки бо ташаббуси худи ӯ ташкил шуда буд (ҳоло Ин-ти ҷарроҳии ба номи А. Н. Бакулев), роҳбарӣ мекард. Усулҳои ҷарроҳии гурда, шуш, дил, устухон, бемориҳои захмнок ва ғ.-ро кор карда баромад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ усули бо ҷарроҳӣ муолиҷа намудани захми тирро ҷорӣ кард. Лауреати Мукофоти давлатии ИҶШC (1949) ва Мукофоти ленинӣ (1957). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Консервативное лечение абцессов мозга (пункциями), М.-Л., 1940; Врождённые пороки сердца. Патология, клиника, хирургическое лечение, М., 1955.
Tags Тиб Шахсони машҳур
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …