Главная / Илм / БЕМОРИСТОНИ АЗУДӣ

БЕМОРИСТОНИ АЗУДӣ

bemoristoni-azudiБЕМОРИСТОНИ АЗУДӣ, яке аз муассисаҳои табобатии маъруф ва машҳури дунё дар замони хилофати аббосиҳо. С. 984 дар Бағдод шоҳаншоҳи бувайҳӣ Азудуддавла бино кардааст. Дар Б. а. тамоми шароити барои табобати беморон лозима муҳайё буд. Дар он 24 наф. табибони машҳури хилофат фаъолият доштанд. Бемористон то ҳудуди с. 1233 амал мекард. Имрӯз аз он ягон осоре ба ҷой намондааст.
Ад.: Аҳмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуҳу ва аъломуҳу», Димишқ, 1982.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …