Ҳар ки нияти сафаре намуд, ки дарозии он бештар аз 90 километр (ё роҳи пиёдагардии он дарозиаш бештар аз 18 соат ё бештар аз 3 рўз пиёда гардад) бошад ва аз ҳудуди ҷои истиқоматаш берун равад, ўро мусофир гуфта мешавад.
Ҳангоми дар ҷои нав 15 шабонарўз ва бештар аз он бу–дан ин шахс мусофир гуфта намешавад. Агар ў ният дошта бошад, ки дар ҳамон рўз ё рўзи дигар роҳро идома диҳад, пас ў мусофир ҳисобида мешавад, ҳатто агар ниятҳои ба ин монандро дар муддати даҳ сол таҷдид кардан гирад.
Барои мусофир ба ҷои 4 ракъат намози фарз 2 ракъат гузоридан муқаррар шудааст. Намозҳои фарзе, ки аз 3 ва 2 ракъат иборатанд, қаср намешаванд. Агар мусофир дар роҳ ҷои муносиб ёбад, ў метавонад намозҳои суннатро низ адо намояд.