Худо 2-намуди сифат дорад ки иборат аз сифати “Зотӣ” ва сифати “Субутӣ” мебошад.
-
Сифатҳои Зотӣ (онҳо танҳо ба Ў мансуб аст):
Oнҳо 6 тоанд.
- ал-Вуҷуд: Маънои мавҷуд буданро дорад. Худои Таъоло ҳамеша мавҷуд аст ва иродати Ў дар ҳама ҷо ҳозир аст.
- ал-Қидам: Маънои бе ибтидо мавҷуд буданро дорад. Худои Таъоло бе ибтидо вуҷуд дорад. Ў ҳамеша буд. Ў зода нашудааст.
- ал-Бақо: Маънои бе интиҳо мавҷуд доштанро дорад. Дар вуҷуд доштани Худои Таъоло интиҳо нест. Ў намиранда аст.
- ал-Ваҳдоният: Ягонагиро ифода мекунад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ин сифатҳоро, ки мансуби Худо аст, доро нест. Чизе Худоро баробару монанд набошад.
- Мухолифатун ли-л-ҳаводис: Маънои аз халқшудагон фарқ карданро дорад. Худои Таъоло ба ҳеҷ чизи офари–даи Худ монанд нест.
- ал-Қиём би Нафсиҳи (Қиём би Зотиҳи): Маънои худ ба худ вуҷуд доштанро дорад. Худои Таъоло Худ мавҷуд аст ва Ў ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорад. Танҳо ҳама чизи халқшуда ба Ў эҳтиёҷ дорад.
Б – Сифатҳои Субутӣ:
Oнҳо 8 тоанд.
- ал-Ҳай: Маънои зинда буданро дорад. Худои Таъоло зинда аст ва ҳаётро фаро мегирад.
- ал-Илм: Маънои донанда буданро дорад. Худои Таъоло ҳамаро медонад.
- ас-Самиъ: Маънои шунаванда буданро дорад. Худои Таъоло ҳама чизро мешунавад.
- ал-Басир: Маънои бинанда буданро дорад. Худои Таъоло ҳама чизро мебинад.
- ал-Ирода: Маънои иродат кардани ҳар чизро дорад. Худои Таъоло дар иродат ва мақсадҳои Худ озод аст.
- ал-Қудрат: Маънои тавоноро дорад. Қувва ва Тавоноии Худои Таъоло бар ҳамаи махлуқот ҳукмфармо аст.
- ал-Калом: Маънои суханро дорад. Худои Таъоло бо ҳар касе хоҳад ва бо ҳар усуле хоҳад, сухан мегўяд.
- ат-Таквин: Маънои офаринишро дорад. Ҳар чизе, ки дар замину осмонҳо мавҷуд аст, Худои Таъоло офаридааст.