Главная / Гуногун / Таҷриба чист?

Таҷриба чист?

Таҷриба (ба руссӣ практика ё худ опыт мегӯянд) – ин корҳои дар асл аз тарафи шахси конкретӣ иҷрошуда мебошад. Масалан агар Шумо дар мактаб дар дарси меҳнат  чихел дарахти себро парвариш карданро хонда бошед пас ин маънои онро надорад ки шумо таҷрибаи дарахти себро чихел парвариш карданашро медонед. Дар ин ҳолат шумо фақат дониш пайдо мекунеду халос.

praktika-effektivnyh-prodazh

Таҷрибаи парвариши дарахти себро он замон пайдо метавон кард, ки агар худи шумо бо дастонатон дарахтро коррида баъдан, нарм кунед, дору шапед, нуриҳои менералӣ диҳед, шохҳояшро кутоҳ намоед, аз дуздон муҳофизат намоед ва дигар корҳои дахлдор барои парвариш равонашударо бевосита худ иҷро кунед пас метавон гуфт ки таҷриба пайдо кардаед ё доред.

Одатан таҷриба ҳарчиқадар зиёд бошад ҳамон қадар одам дар кораш моҳиртар мешавад ва илми ин ё он соҳаро дар амал татбиқ карда метонад. Бо як – ду маротиба иҷро кардани ин ё он корро таҷрибадор гуфтан чандон дуруст намешуморанд. Ҳамон вақте ки зиёда аз 10 маротиба ё зиёда аз 2-3 сол иҷро кардани ин ё он корро баъдан таҷрибадор мегуянд. Масалан духтур танҳо баъди лоақал 3-5 соли корӣ таҷрибааш кофӣ мешавад, ки корро дуруст иҷро карда беморонро табобат карда тавонад.

Одами бетаҷриба мисли кудаки яксолаест ки акнун қадамгузориро омухта истодааст ва дар роҳи зиндагӣ қадам гузошта истодааст. Бетаҷрибаи кофӣ хулоса баровардан ба ин ё он масъала кори хатост ва барои  ҳамин ҳам таҷрибаро аввал бой карда баъдан дар қарор баровардан амал кард.

Албатта таҷрибаро худ аз худ пайдо намешавад. Барои пеш аз ба таҷриба машғул шудан дониш лозим аст ва донишро бо роҳҳои зерин омухта мешавад:

  1. Хондани китобу маводҳои иттилоотӣ;
  2. Дидани асли кор.
  3. Тамошо кардани наворҳои видеоӣ;
  4. Гуш кардан (Шунидан) аз радио, одамон ва дигар васоити ахбори омма;
  5. Худ аз нигоҳи ақли худ амал

Синоними -калимаи таҷриба ин «Амал» аст ва гоҳҳо таҷрибаро амалия мегӯянд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …