Моддаи 67-и Қарори шаҳрсозӣ. Назорат дар соҳаи шаҳрсозӣ
- Назорат дар соҳаи шаҳрсозӣ бо мақсади таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ ҳангоми омодагӣ ба сохтмон, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ, қабули объекти сохтмонаш ба итмомрасида, инчунин дар раванди истифодаи он дар давраи мӯҳлати кафолатдодашуда амалӣ карда мешавад.
- Дар соҳаи шаҳрсозӣ намудҳои зерини назорат амалӣ карда мешаванд:
– назорати давлатӣ;
– назорати техникӣ;
– назорати муаллифӣ;
– намудҳои дигари назорат, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.