МИКРОТСЕФАЛИЯ (аз микро .. ва юн. kephale ¬¬– сар), хеле хурд шудани андозаи косахонаи сар ва майна, ки ҳамзамон бо ин андозаи диг. қисмҳои бадан халал наёфтааст. М. боиси камақлӣ мешавад. Ба пайдоиши М. бемориҳои сироятие, ки модар дар се моҳи авв. ҳомилагӣ аз сар гузарондааст, инчунин токсоплазмоз мусоидат мекунанд. М. баъзан дар натиҷаи менингоэнсефалати дохилибатнӣ пайдо мешавад. Пешомади М. хуб нест.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …