Моддаи 76-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи истифодабарандагони об
1.Ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – истифодабарандагони об худсарона танзим намудани объектҳои гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагӣ бо мақсади зиёд ё кам кардани хароҷоти об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.
2.Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунанда дар ҳолатҳои даркорӣ танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821).