Моддаи 169-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Асосхо барои бекор кардан ё тагйир додани карор дар суди мархилаи кассатсиони
Барои бо тартиби кассатсиони бекор кардан ё тагйир додани карор инхо асос шуда метавонанд:
– яктарафа ё нопурра будани санчиши хукуквайронкунии маъмури ё суди;
– мувофикат накардани хулосаи суд, ки дар карор баён шудааст, ба холатхои вокеии парванда;
– ба таври чидди вайрон карда шудани конунгузории мурофиаи хукуквайронкунии маъмури;
– нодуруст татбик карда шудани конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури;
– номувофикии чазои таъиншуда ба вазнинии хукуквайрокунии маъмури ва шахсияти шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда.