Моддаи 174-и Кодекси оила. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз ҷумла ӯҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ӯҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.