Моддаи 146-и Кодекси оила. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак
- Фарзандхондии кӯдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ӯ ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондӣ бармеоянд, аз байн мераванд.
- Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.