Моддаи 142-и Кодекси оила. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор кардани фарзандхондии кӯдакро доранд
Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин прокурор доро мебошанд.