Моддаи 82-и Кодекси оила. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад
Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)