Моддаи 326-и Кодекси Мехнат. Масъулияти кормандон барои корпартоихои гайриконуни
- Ташкили корпартои, ки суд онро гайриконуни донистааст ё худ иштирок дар он хамчун вайрон кардани интизоми мехнат эътироф гардида, боиси татбики чорахои чазои интизомии пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон шуда метавонад.
- Бо рохи зури ё тахдид ба корпартои мачбур кардани корманд манъ аст.
- Зарари ба сохибмулк аз корпартоии гайриконуни расида, ки бо карори коллективи мехнати гузаронида шудааст, аз хисоби ташкилот бо тарики суди чуброн карда мешавад.
- Агар корпартоии гайриконуни бо ташаббуси иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз хисоби иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон чуброн карда мешавад.
- Шахсоне, ки манфиати тарафхоро муаррифи намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.